Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:30

Андоз барои сарояндаҳо аз соли нав гаронтар шуд

1 феврал 2013, 06:13

Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон  мегӯяд, ки аз моҳи январ сар карда андози патенти сароянда ва навозандагон дар кишвар аз 450 сомонӣ ба 540 сомонӣ  афзоиш ёфтааст.

Ба қавли ӯ барои ҳамаи сароянда ва навозандагон як намуд андоз муайян карда шудааст, гарчанде баъзе сарояндагон ҳаққи хизматашонро барои гузаронидани тӯйҳо хеле зиёд муайян мекунанд.


“Агар нафари боистеъдод бо риояи қонунҳои ҷорӣ даромадашро дуруст пешниҳод карда андозро супорад, даромадаш кам нахоҳад шуд. Аммо афсус, ки навобаста аз ночиз будани маблағи андози муайяншуда, сароядагону навозандагон аз супоридани он саркаши мекунанд. Аз ҳамин сабаб мо маҷбурем ба таври доимӣ санқишҳо гузаронда, вайронкунандагони қонунро ҷарима бандем” – мегӯяд манбаъ.


Инчунин раиси кумита афзуд, ки дар моҳи ноябри соли гузашта ин гуна санҷиш миёни сарояндагон гузаронида шуд, ки дар бораи он тариқи телевизион намоиш дода шуд. “Пас аз чунин намоишҳо, ки натиҷаи саркашӣ аз пардохти маблағҳои муқарраршударо нишон медиҳанд, ҳунармандони дигар андозҳоро саривақт супурданд”, - мегӯяд Давлатов.


Хотиррасон мешавем, ки дар рафти ин санҷиш як қатор ҳунармандон, аз он ҷумла, Садриддин Наҷмиддин ва Баха-84, ки миёни аҳолии кишвар шӯҳрати хосса доранд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!