Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:12

Теҳрон барои гуфтушунид омодааст. Иттиҳоди Аврупо чӣ?

1 феврал 2013, 06:23

Теҳрон ҳеҷгоҳ хостори қатъи музокирот бо гуруҳи 5+1 набуда, таъкид менамояд, ки музокирот бояд то расидан ба як натиҷаи дилхоҳи тарафайн идома ёбад.

Бино ба гузориши расонаҳои хориҷӣ, ин нуктаҳоро Алиакбар  Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дирӯз 31-уми январ зимни нишасти хабарие аснои суҳбаташ дар мавриди макони баргузории давраи баъдии музокироти кишвараш бо гуруҳи 5+1 иброз намуд.

Номбурда бо ишора бар ин ки музокироти оянда дар ҳафтаи ахири моҳи феврал баргузор хоҳад шуд, афзуда: “Одатан, макон ва замони баргузории музокиротро намояндагони ду ҷониб – Саид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кетрин Эштон муайян месозанд”.

Вазири умури хориҷаи Эрон мегӯяд, аз баски ҷониби дигари музокиракунанда хостори ба таъхир афтодани ин гуфтушунид мебошад, бо истифода аз қудрати иттилоотӣ онро ба гунае шарҳ медиҳад, ки гӯё Теҳрон аз музокирот саркашӣ дорад.

Қобили зикр аст, ки қарор буд музокироти гуруҳи 5+1 бо Эрон моҳи январ баргузор шавад ва мақомоти эронӣ ҳам чандин бор аз омодагии худ дар ин бора  хабар дода буданд. Вале Ҳелга Шмид, муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо зимни гуфтугӯи телефонии худ аз ҳамтои эронияш Боқирӣ хостори ба таъхир андохтани гуфтугӯи 5+1 бо Эрон шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!