Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:55

Тоҷикстандарт: Картошкаҳои зирбондашуда мусодира гардиданд

22 июн 2011, 05:19

Агентии Тоҷикстандарт дар шимоли кишвар санҷишу рейдҳо доир кардааст.


Масъулини ин ниҳод дар вилояти Суғд, зимни як амалиёти тафтишотӣ  аз мағозаи № 190 мавсум ба  «Нури Хуҷанд», ки  ба соҳибкор Алишер Рустамов тааллуқ дорад, миқдори зиёди картошкаҳои зирбондашударо (картофельние чипси), ки  бе сертификати мутобиқат ва бе борхат ба фурӯш мегузоштааст, ошкор намуданд.
Ба иттиллои маркази матбуотии ин агентӣ, маҳсулоти ошкор гардида аз намуди зоҳирӣ, тарзи печонидан ва дигар нишондиҳандаҳо шубҳанок буда, зимни санҷиш аз ҷониби фурӯшанда ягон санад пешниҳод карда нашуд. Аснои таҳлил муайян гардид, ки соҳибкори инфиродӣ Бону Ниёзматова маҳсулоти картошкаи зирбондашударо дар шароити хона, дар дег тайёр намуда, ба фурӯш мебаровардааст. Ин тоҷир ҳамчунин нишонии молро ғайриқонунӣ аз худ карда, дар ҷумҳурии мардумии Чин омода мекардааст ва бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда онро ба фурӯш мебаровардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!