Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:34

Мусодираи ҳероин дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе

1 феврал 2013, 06:39

Дар пайи амалиёти кормандони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ҳудуди 2 кило маводи мухадир мусодира карда шуд.

Тавре аз ВКД ба Озодагон хабар доданд, ки зимни амалиёти мазкур Комил Азизов 33 сола,  сокини шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд.

Манбаъ афзуд, ки ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз ӯ 2 адад бастаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон 1 килою 946 грамм маводи нашъаовари сахттаъсири ҳероин буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!