Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:07

Сафорати Амрико барои баланд бардоштани фаъолияти воҳидҳои оперативӣ воситаҳои техники туҳфа намуд

2 феврал 2013, 05:45

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба Агентии назорати маводи нашъаовар маҷмӯъи воситаҳои техникии тақвияти нерӯи мубориза бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ супурд.

Тавре ба Озодагон аз Агентии мазкур хабар доданд, Рустам Назаров директори Агентӣ бо изҳори миннтадорӣ ба ҷониби Амрико барои дастгирии техникӣ ба  ҳамкориҳо миёни АНМН ва Сафорати ИМА дар самти муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд дод.

Манбаъ афзуд, ки директори минтақавии барномаи мубориза бо маводи нашъаовари Фармондеҳии ИМА ҷаноби Ҷонн Повелонет, ки дар ин маросим ҳузур дошт, изҳори умед намуд, ки таҷҳизоти техникии ироашуда аз ҷониби Агентӣ ҳадафнок истифода мешавад ва барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти воҳидҳои оперативӣ ва шӯъбаҳои нав мусоидат мекунад.

Маврид ба таъкид аст, ки техникаи супурдашуда дар навбати аввал барои воҳидҳои нави Агентӣ ва шӯъбаҳои он дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ҷиргатол, ки қарор аст соли 2013 сохта шаванд, истифода хоҳад шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!