Бахшҳо

Шамъи рӯҳафрӯзи миллат хомӯш шуд

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, дандон рӯи ҷигар гузошта, дуди чароғ  хурда, ҳангоми иншои асари "Хуросон аст ин ҷо" сари ҳар ҷумла, ҳар таъбир,  ҳар фиқра, ҳар нукта дар худ сӯхтааст  ва боз паи идомаи ҷумлаи дигар, ангораву андешаи дигар мисли мурғи самандар аз  хокистар эҳё шуда, ба фазои матлабу мақсади баландтаре боли парвоз кушодааст Лоиқ.

Дили бузурги устоди бузургвори мо шаби 15 ба 16 сентябри соли равон (соати 3:45) аз задан монд. Хабари марги  устод М. Шакурии Бухороӣ дили ҳар тоҷики соҳибдил, бафаросат, ба вижа ҳар фарди ватандӯст, миллатшинос ва истиқлолхоҳро реш-реш сохт. Марги устод барои миллати тоҷик ҷуброннопазиртарин талафотест. Раванди замину замон ин ҳақиқати мусаллам ва талхро боз ҳам возеҳтару дардноктар хоҳад сохт!

Устод барои мо тоҷикон ва ҳама эронитаборон аз  он ҷаҳат азизу азизтарин буд, ки дар ҳама вазъу ҳолат аз босуботтарин, пайгиртарин марди эҳёи асолати миллӣ ва фарҳангӣ ба  ҳисоб мерафт. ӯ ҳануз дар даврони рукуд ва ғафлати миллӣ, дар замоне ки ҳатто иддаи зиёде аз адибону олимони тоҷик ба забону фарҳанг ва асолати миллии тоҷикӣ бовар надоштанд, пайгирона дар ин роҳи имону виҷдон гом мебардоштанд.

Ба сухани дигар, устод миёни донишмандону равшанфикрони тоҷик- бузургтарин ва ҷасуртарин муборизи ҷоннисор дар роҳи нигаҳбонии ҳуввияти миллии тоҷикон ва сарвари  ҷунбиши миллии тоҷикон буданд!

Устод дар ин роҳ на танҳо ноумеду афсурда нагардиданд, балки бо нерӯи Рустамона ва фазилати ҳокимонаи фирдавсигуна талошу муборизаҳои худро дар ин роҳи тақдирсоз, душвор ва ҳатто хатарнок шиддат бахшида, яъне дучанд карданд. Зеро устод дар зиндагии пурфарозу нишеби миллати мо аз беназиртарин ва асилтарин тоҷики равашанфикру ростин буданд!

Ба сухани дигар, устоди бузург худ сӯхтанду бо оташи сӯхтану пухтанҳояшон роҳи моро равшанӣ бахшиданд! Нурҳои ин оташи сӯхтанҳои устод ба сони нурҳои зиндагибахши хуршед дар дилу дидаи тоҷикони ҳақиқӣ ва фарзандони воқеии миллати тоҷик  дурахшанда хоҳад монд!
Ва ин ҷо беихтиёр ин байти шоири печидафарёди афғон Ҳоруни Роъун ин хулосаи пурсӯзи моро басо баалам ва ростин таъкид месозад:

Садҳо ситора боз дурахшад баланду лек
Шамъи шукӯҳи шӯри Шакурӣ намешавад!


Бо алам ва чашмони боронӣ қайд карданиям, ки дили ҳассос ва ба дарди дигар устоди зиндаёди мо Носирҷон Маъсумӣ низ шаби 15 ба 16 августи соли 1974 (соати 5-и саҳар) аз задан монда буд. Дареғу сад дареғ!

Хушбахтии бо устод М. Шакурӣ дар тули 48 сол якҷо будан ва ҳамкорӣ доштан насиби ман гашта буд. Пеш аз ҳама ба вижа бояд қайд намоям, ки (ва бо ҳисси ифтихор) он ҳама корҳое ки дар олами илм ва адабиёти тоҷик анҷом додам (роҷеъ ба пайвандҳои адабиёти тоҷику форс ба адабиёт ва тамадуни халқҳои Қафқоз, пеш аз ҳама ҷойгоҳи устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ ва Низомии Ганҷавӣ дар ин роҳ анҷом додаам, ҳама бо маслиҳат, роҳнамоӣ ва  таҳриру такмили устод Шакурӣ сурат гирифтааст.
Бесабаб нест, ки дар сархати рисолаи "Фирдавсӣ ва "Шоҳнома" дар Қафқоз" (Теҳрон, нашри "Коранг" 1378, 200 саҳ)" бо ҳисси меҳрварзӣ ва сипосгузорӣ чунин навиштаам:  "Барои устоди бузургвор- Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, ки илми покӣ, меҳр, накукорӣ, гиря сари дардҳои миллатро аз ишон омӯхтаам". Натиҷаи ин ҳамкорӣ ба дараҷае расида буд, ки мо дар ҳаммуаллифӣ 22 мақола таълиф ва ба чоп расонидем, ки баъзеи онҳо, аз ҷумла пешгуфтори ба китоби "Дурахши як ахтари сӯзон" (Душанбе, "Матбуот", 2001) бо номи "Таърих ва фоҷиаи зиндагии Лутфулло Бузургзода" навиштаамон 86-саҳифаро ташкил медиҳад.

Бамаврид аст қайд намудани он, ки шогирд барои устод хизматгор ва ё дастёри ҳалқабаргӯш набуда ва дӯсту рафиқ, бародару фарзандро мемонд.

Ҳамкории ману устод ба дарҷае расида буд, ки солҳои 1967-1969 замони дар Маскав дар доктурантура хондан ва сари таълифи рисолаи дуктури банд буданашон ман, хонабони хонаи устод будам. Ва гарду ғубори китобҳои устодро бо нафаси гарму меҳрбор нисбат ба устод ва китобхонаашон тоза мекардам. Ҳамзамон моҳонаву музди қалами мақолаҳояшонро бамаврид гирифта мефиристодам. Ва баъзан якҷо бо Лоиқ ва Маҳмудҷон Воҳидов…

Арзи сипоси устод ба ин заҳмату меҳрварзиҳоям то ба дарҷае расида буд, ки замони дар Бемористони Қарияи боло (биноҳои 6 ва 8) бистарӣ будан ва субҳи 17 октябри соли 1993 ҷарроҳи шуданам устод якҷо бо ҳамсарашон- Дилафрӯзбону дар паҳлӯи 3-писарам истода буданд.

Баъди шифо ёфтан ва ба назди аҳли оила баргаштанам ходими адабии рӯзномаи "Ҷумҳурият" Барнои нозанин ва шоира бо ман мусоҳиба орост. Ба саволи "Муассиртарин лаҳза дар ҳаёти Шумо кадом аст" чунин ҷавоб гуфтам: "Ситораи нурбори устод ваҳми маргро аз руҳия ва вуҷуди ман дур андохт. Ин арзишмандтарин ҷоизаи сарнавишт бароям буд"! (Барнои Қодирдухт Равзанаи дидор. Душанбе, "Адиб", 2010, с. 173)

1. УСТОД М. ШАКУРӣ ПОКТАРИН ИНСОН БУДАНД.
Ман дар тӯли 48 соли ошноӣ, ҳамроҳӣ, ҳамкорӣ ва ҳаммуаллифӣ боре ҳам аз забони эшон сухани беҷо нашунидаам. Устод дар раванди зиндагӣ ва эҷоди пурбаракат ва пурсамари хеш, ҳатто дар лаҳзаҳои аз ғами ин миллати бузурги ҷабри зиёди таърих дида гиристанашон ҳам бадгӯӣ надоштанд. Ба сухани дигар, ба хурдтарин амали ғайри чашмдошт роҳ надодаанд.

Кор ба дараҷае расида буд, ки замони нахустин рисолаи номзадиашонро дар мавзӯи рӯзгор ва осори Саид Аҳмад Сиддиқии Аҷзӣ навиштан ва зери раҳнамоии устод  Холиқ Мирзозода барои дифо омода сохтан доноснависони бешараф аз болои сари ин "қозибача", Холиқ Мирзозодаи "миллатчӣ" ва Аҷзии шоири ҷадидия ва  буржуазӣ" нома навишта ва гузашта аз ин зимни муҳокимаи рисола (аввали солҳои панҷоҳум) тезу тунд сухан гуфта, хулосае пешниҳод мекунад, ки "рӯзгору осори Аҷзӣ сазовори пажуҳиши рисолаи номзадӣ нест, зеро Аҷзии ҷадид шоири миллатгарост!

Аз рӯи қайду таъкиди луғатшиноси номвар ва марҳум Салоҳи Солеҳ "баррасии рисолаи М. Шакурӣ аз соати 6-и бегоҳ то субҳи рӯзи дигар давом мекунад ва 4-сола заҳматҳои М. Шакурӣ сӯхтанд. Ҳуҷумгарон як толор буданду пажуҳишгари ҷавон бо устод Мирзозода тани танҳо". Баъди ин ҳам устод Шакурӣ ба унвони он сияҳдилони ғаразкор чизе нагуфтанд! Ва аз пайи ҷустуҷӯҳои тозаи илмӣ шуданд.

2. УСТОД М. ШАКУРӣ АДАБИЁТШИНОСИ ПОКИЗАНАЗАР ВА БЕНАЗИР БУДАНД.
Ва ҳама мақолаву асарҳое, ки дар заминаи илми адабиётшиносӣ навиштаанд, ба тамом маводу назари тоза дошта, навоварона таълиф шуда, ба сухани Абдунабӣ Сатторзода "роҳро барои дигарон, ба вижа ояндагон боз намудаанд". Мо ин ҷо сари як асари, саҳеҳтараш як шоҳасари устод "Хуросон аст, инҷо" каме истода мегузарем. Асари мазкур ду бор ба тоҷикӣ, яъне ба ҳарфи сирилик дар Душанбе ба чоп расид, яъне дар солҳои 1997 ва 2009 ва дар олами маънавии, саҳеҳтараш худшиносии тоҷикон як ҷунбиши ҷиддӣ ба миён овард! Ин инқилоби маънавиро пеш аз ҳама "аз сарсухани ҷигархункунандаю дилафгори Лоиқ пай мебарем ва бо синаи бирёну ҷигари  пора-пора ва дидаҳои хунбор дарк хоҳем кард (сухани Юсуфҷон Акбарзода).

Устод Шакурӣ дар ин асар ба ду нуқтаи басо нозук, арзишманд ва тақдирсози миллат-маънавиёт ва забони миллӣ диққат додаанд ва гуфтан мумкин аст, сари ин ду нуқта ба тамом обу адо шудаанд.

Ба сухани дигар, пояҳои устувору пойдории ҳастии миллат ва масъалаи марказии худогоҳию худшиносӣ дар роҳи бақои миллатанд, басо жарфо, дақиқ ва пурра ба пажуҳиш кашидаанд. Хулоса, устод ба воситаи ин асар дастури (рецепти) бақои миллатро манзури тоҷикони бафаросат, хирадманд ва дардманд аз дардҳои бекаронаи миллат намудаанд.

Ин ҷо ман дигар сари арзиши ин шоҳасар чизе гуфтанӣ нестам, зеро ман андешаҳоямро замони чопи нахустини асар (соли 1997) ба сурати тақриз ба чоп расонида будам. Ва устод аз он мушоҳидаву хулосаҳои ман қаноатманд шудаву бароям чунин баҳогузорӣ намуда буданд:
"Барои Валиҷон-чечентоҷики донишманд комгариҳо хоҳонам"- (М. Шакурӣ. "Хуросон аст, ин ҷо", Душанбе, 1997. (имзо) 3-VI-1997).

3. УСТОД М. ШАКУРӣ ҶОНФИДОТАРИН ЗАБОШИНОСИ ТОҶИК БУДАНД, ки таърихи дарду фоҷиаҳои забони тоҷикӣ, ҳамзамон ҳусну малоҳати ин забонро аз ҳама пештар ва бештар дарк мекарданд, аз ҳусну оҳанги рӯҳнавози он сар ба само мебурданд ва аз дарду фоҷиаҳои он хун гириста, дар роҳи шифоӣ бахшидан ба он дардҳо сахт истодагарӣ мекарданд, ба сухани дигар, шерона ба мубориза медаромаданд. Ва ин ҷо овардани як байти Нураллии Нурзод басо бамаврид метобад:

Дар ҷанги рақибони сухан Рустами дастон
Бо ишқи забон Золи қавипайкари мо рафт.


Устод М. Шакурӣ дар байни донишмандони адабиётшиносӣ тоҷик ягона нафаре буданд, ки на танҳо ба забони адабиёти бадеӣ дида духтаанд, балки ба масъалаҳои умдаи забони адабӣ, раванд (ҷараён) ва роҳҳои (тамоюлҳои) рушду нумӯи он, забони тарҷумаи асарҳои бадеӣ, оҳангу тобиши маданияти забони тоҷикӣ-форсӣ диққату эътибори ҷиддӣ медоданд. Дар 50 китобу 700 мақолаҳои устод кам мавриде шудааст, ки перомуни масъалаҳои умдаи, ба вижа дардҳои забони тоҷикӣ аз ягон ҷиҳат сухан нарафта бошад. Чанд китобҳояшон пурра (комилан) дар мавзӯи дарду армонҳои забони тоҷикӣ ва роҳҳои рушду нумуйи ин забон иншо шудаанд.

Устод М. Шакурӣ ба сифати виростори (муҳаррирӣ) асосии "Фарҳанги забони тоҷикӣ" дар роҳи хушсифат ба чоп расидани ин асари беназир ҳиссаи сазовор ва басо хотирмон гузошта буданд.

Гузашта аз ин устод М. Шакурӣ дар равшан (муайян) намудани айбу иллатҳои забонӣ ва забоншиносӣ қаҳрамонӣ кардаанд, аз ин рӯ мушоҳидаву хулосаҳои эшон басо зудоин, нозуку борик ва жарфрав буду ҳаст. Ва аз ин ҷост, ки барои боварбахш тофтани нури мушоҳидаву андешаҳои худ як хулосаи забоншиносӣ бузурги тоҷик профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон Абдураззоқ Ғаффоровро меоварем: "М. Шукуров аз муборизони шуълавари фарҳангу сухани тоҷикист. Дар ин роҳ ӯ аз ҳама забоншиносон ва адабиётшиносони тоҷик бештар ва пурсамаратар кор кардааст" (Р.Ғ Ҷавҳарии сухан, ("Адабиёт ва санъати тоҷик" 10. XII 1987, №51, с.13.)
Хулоса, устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар миёни пажуҳишгарон ва муборизон баҳри ҳаққу ҳуқуқи забони тоҷикӣ-форсӣ назире надоштанд, ки ман ҳамвазну ҳамсанги эшонро дар ин роҳ намебинам. Бечиз нест, ки шоираи нодирагуфтори миллат Фарзонаи азиз чунин навиштааст:

Эй дар андомат фари Садри Зиё,
Эй ба хонат оташи поки ниё.
Аз Бухоро корвон овардаӣ,
Безабононро забон овардаӣ!


IV УСТОД ШАКУРӣ АЗ АДАБИЁТУ ТАМАДДУНИ РУСӣ ИБРАТОМӯЗ БУДАНД.
Аз навиштаву суханрониҳои устод дар бошукӯҳтарин ҷамъомадҳои илмӣ ва рисолаву мақолаҳои басо баарзишашон пайдост, ки дар истифода ва баҳрабардорӣ аз адабиёт ва тамаддуни русӣ бамаврид, баандеша ва бамеҳр гом бардоштаанд. Ин ҷо даҳҳо мисол аз истифода ва қадршиносҳои устод аз осори адибони бузурги рус Л. Толстой, Н. Чернишевский, М.Горкий, С. Есенин ва М. Шолохов овардаи мумкин буд, ки дар онҳо оташи меҳри адабиёти рус дар дилу шуури эшон забона задаст. Аз мисолҳои зиёд танҳо якеро интиҳоб намудаем, ки он зиёда хотирмону таърихист!

Устод соли 1978 ба муносибати 150-умин солгарди Н.Г. Чернишевский мақолае бо номи "Фирдавсӣ ва Чернишевский" (дар ҳаҷми 9- саҳифа) навишта, ба идораи ба эътибортарин рӯзномаи Ҷумҳурӣ "Тоҷикистони Советӣ" (ҳоло "Ҷумҳурият") мебаранд ва бевосита ба дасти сардабир Ибод Файзуллоев (нависанда ва рӯзноманигори шинохта) месупоранд. Сардабир мақоларо нахонда ваъдаи чопи онро медиҳад. Аз байн як моҳ мегузарад ва аз чопи мақола дарак намешавад. Ва рӯзе устод барои фаҳмидани сарнавишти мақола ва сардабирро огоҳ намудан, ки ҷашни донишманду инқилобгари бузурги рус наздик шудааст, назди сардабир равон мешаванд. Он замон идораи рӯзнома дар ошёни якуми бинои Вазорати маданияти Тоҷикистон (собиқ кучаи Орҷоникидзе) ҷойгир буд.

Устод зимни ба идораи рӯзнома наздик шудан ногаҳон чашм ба тирезаи хонаи кори сардабир медӯзанд (аз кӯча) ва мебинанд, ки сардабир сигор дар даст рост истода аз дуди он нашъа мебардорад. Ва ҳамзамон чашми сардабир низ аз тиреза ба устод М. Шакурӣ меафтад, ки ҷонибаш меоянд, зуд аз идорааш ба қабулгоҳ баромада ба котибааш мефармояд, ки ман дар идора нестам ва дари хонаашро аз дарун баста, оҳиста машғули кораш мешавад.

Чун устод баъди чанд дақиқа вориди қабулгоҳ шуда, аз котиба иҷозати назди сардабир даромаданро мепурсанд, котиба бо эҳтиром чунин ҷавоб медиҳад:
Сардабирро ба "Сека" даъват кардаанд ва ӯ ба он ҷо рафтааст. Устод аз таги дару хонаи кори сардабир маъюсу ҳайратзада бозпас гашта, барои як андоза худро орому осуда намудан ба шӯъбаи адабии рӯзнома медароянд ва он ҷо аз дидани чеҳраҳои ошнои Абдусалом Атобоев, Ғоиб Сафарзода, Шафқати Саид (пири рӯзноманигорони тоҷик) ба худ меоянд. Чойи гарму кабуди Абдусалом як дараҷа фишори баланди устодро паст мефарорад.

Устод лаҳзаи бо адибони ҷавону умедбахш ғарқи сӯҳбат будан, ногаҳ сардабир дар дасташ варақе ба шуъба даромада, аз дидани чеҳраи малакутии устод нахуст даступо мехурад, пасон худро ба даст гирифта аз устод "барои дар идора набуданаш" узр мехоҳад. Устод гумон доштанд, ки Ибод Ф. дар ҳақиқат ба Сека рафтааст ва Ибод Ф. гумон дошт, ки устод кайҳо аз идораи рӯзнома берун рафтаанд. Мисли он, ки дар байн чизе рух надода бошад, сардабир аз дасти устод гирифта ба идорааш мебарад ва бо оҳистагӣ дар охири суҳбат мегӯяд, ки "бубахшед, устод мақолаатонро бо вуҷуди бисёр арзишманд буданаш ба ин сурат чоп карда наметавонем. Ва агар мақолаатон дар сурати баръакс яъне таъсири Чернишевский ба Фирдавсӣ мебуд, ҷавобгӯи рӯҳу талаби замон мешуд!"

Устод бо ҳамон тамкинии хоси худашон ва ҳатто гуфтан мумкин аст, беназирашон ба сардабир арзи сипос намуда, аз идораи Тоҷикистони Совети берун баромада, аз зинапояи бинои мазкур поён мефаромаданд…

Ин замон ман аз Иттифоқи нависандагон (он замон дар паҳлӯи идораи рӯзнома буд!) аз суҳбати устод Мӯъмин Қаноат берун меомадам ва бо устоди азизам рӯ ба рӯ шудам. Устод таноби гардан (галстук)-ашонро андаке  кушода, рафтем гуфтанд ва мо роҳи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакиро пеш гирифтем. Ин ҳамон даргоҳест, ки устод М. Шакуриро дар тӯли 60 сол дар оғушаш гирифта, обутоб дода ва баъзан гирёнидааст! Ҳолати онрӯзаи устодро танҳо аз дуриҳои дур ва мисли он ки аз ғайб ҳис ва ба мушоҳида гирифта бошад, шоири бузурги Эрон Нодири Нодирпур чунин ифода кардааст:

Ба ёди хоки дилафрӯзи офтобии хеш,
Дар остони саҳар дил ба гиря месупорам!


Баъд устод каме ба худ омада аз дохили партфелашон он 9-саҳифа мақоларо бароварда ба ман бахшиданд ва ҳамзамон афзуданд, ки ҷустуҷӯи мавод ва баррасии онро давом деҳ. Ман дигар ба он машғул намешавам.

Ман ба гузашти солиёни дароз сари ин мавзӯъ обу адо шуда аз 9 саҳифаи мақолаи устод, ки ба рӯҳи замон созгор набуд рисолае дар ҳаҷми 204 саҳифа навишта рӯҳи замонро бо назардошти адлу инсофи таърихӣ ва адабӣ нағз ифода кардам.

Устод рисоларо аз ман  гирифта чунон таҳрир ва  такмил намуда  буданд, ки ман ҳайратзада мондам! Ва ҳаҷми рисола ба 286 саҳифа расида буд. Ин кори устод аз дониши баланду ҳисси муҳаббати эшон ба адабиёт ва тамаддуни русӣ башорат медод. Ва аз тарафи дигар, ҳисси дилсӯзии устод нисбат ба ҷустуҷуҳои шогирд мана ман мегуфт! Ман баъди дидан ва хондани таҳрирҳои устод корро боз сари асар давом додам, сафарҳои пай  дар пай ба Қафзоқ ва Русия, яъне пойроҳаҳои  Чернишевский сурат гирифт. Ва бо маслиҳати устод ва ҳиммату хиради Раисони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муъмин Қаноат ва  Аскар Ҳаким,  сарвари Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ  устод Абдулқодир Маниёзов.

Дар охир барои таҳриру такмили охирини асар ба осоишгоҳи Зумради Исфара рафтам ва он ҷо 6-моҳ (бо 6-роҳхат) мондам. Устод М. Шакурӣ 18 марти 1997 аз Душанбе ба Исфара (ба воситаи писарам Довар) нома фиростода маро ба Наврӯз табрик намуда, сипас чунин хитоб задаанд: О бародар, нияти ба Душанбе баргаштан дорӣ ё не? Таҳриру такмили рисола тамомшавӣ дорад?!

Ва ниҳоят рисола баъди таҳриру такмили охирин дар ҳаҷми 406 саҳифаи чопи машинаӣ тахт шуд, ки онро котибаи сардухтури Зумрад Мунаварабону, ки зани басо босавод ва бофаросат буда, аз чеҳрааш нури яздонӣ меборид, тахт кард ва бо супориши сардухтур Дадахон Восидов. Хулоса ман аз Исфара бо тану ҷони бардам, бардошти бузурги рӯҳонӣ ва маънавӣ, рисолаи тайёр ва омодаи чоп дар бағал ба Душанбе баргаштам.

Устод охирин бор боз китобро аз назар гузаронида, басо хушнуд ва қаноатманд барои нашр имзо гузоштанд, ки он соли 2004 дар нашриёти "Адиб" ва бо тиражи 500 нусха ба чоп расид! Ман бо арзи сипос нусхаи аввали китобро бо соядасти зерин ба устод бахшидам: "Сипоси Яздони пок, ки рӯҳи тоза ва барӯманди устоди сарнавиштсозӣ ман- Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ аз оғоз то анҷоми китоб дар ҷавлон аст!

Ба бахти миллат бардам, сиҳатманд, сарбаланд монед ва хушрӯз бошед, устод!"

Бо меҳри сӯзон ва саршор аз дарди тоҷикият Валиҷон 18. 10. 2004 ш. Душанбе. (ба вижа бояд қайд намоям, ки ин соядаст дар китоби саршор аз меҳр: Офтоби субҳи фардо. Душанбе 2012, саҳ. 163 низ чоп шудааст. Тартибдиҳанда Дилафрӯз Икромӣ).

Дере нагузашта китоб дар январи соли 2005 сазовори "Ҷоизаи ҷаҳонии китоби сол"-и ҶИ. Эрон гардид ва устод субҳи бармаҳали 28-январ дар Институт  маро аз хонаи корам берун кашида сахт ба оғуш огирифта ва ҳатто бо ду дасти Рустамона баланд бардоштанд. Ва ҳамзамон афзуданд, ки Валиҷон баъди устод Сотим Улуғзода дуюмин нафарест, ки аз байни тоҷикон ба ин ҷоизаи олии Эрон сазовор шуда. Ва ҳамроҳи мо дӯсту ҳамкори азизам профессор Маҳрам Файзов ҳузур дошт ва маро баъди сахт ба оғуш гирифта табрик намудан афзуд, ки ин Валӣ Самад аз навиштаҳои устод Шакурӣ мукофоти олии Эронро соҳиб шуд!" (Аз он 9-саҳифаро бахшидани устод дарак дошт) Мо ҳарсе баланд ва сахт хандидем.

Хулоса агар устод Шакурӣ дар дилу зеҳнашон заррае ҳисси бадбинӣ нисбат ба забон ва адабиёти рус, таърих ва тамаддуни русӣ медоштанд, ба ин дараҷа сари андешаҳои адабӣ, илмӣ ва миллии як адиби бузурги рус, ки ҷабри гушношунидаро аз сар гузаронидааст (22-сол дар зиндон буд)- яъне Н.Г.Чернишевский обу адо шуда, шогирдеро ба пажуҳиши он роҳнамун намесохтанд! Ва он рӯз фаро хоҳад расид, ки андеша мушоҳида ва меҳрварзиҳои устод Шакурӣ сари рӯзгор ва осори Л. Толстой, М.Горкий, С.Есенин, М. Шолохов ба доираи пажуҳиш кашида хоҳанд шуд в онгоҳ ҷойи устод Шакурӣ дар таърихи пайвандҳои  адабии халқҳои тоҷику рус ба намоён хоҳад шуд! Ба ин кор замина ба миён омад, яъне бо фаросати баланди илмӣ ва миллии академики модарзод Акбари Турсон шӯъбаи Робитаҳои адабӣ дар Институти Рӯдакӣ аз нав таъсис ёфтааст.

Бар замми ин, агар устод М. Шакурӣ дар дилу шуур ғубори бадбинӣ нисбат ба адабиёт ва тамаддуни русӣ медоштанд, бузургтарин ховаршиносони рус А.Н. Болдирев, Е.Э Бертельс, И.С. Брагинский, Боголюбов, Комиссаров, Зоя Григоревна Османова… ва боз даҳҳо нафари дигар ба сурату сирати поку беолоиш устод ба ин дараҷа гарму ҷӯшон меҳрварзӣ намедоштанд! Инаш ҳам басо хотирмон ва ҳайратафзо аст, ки бонуи зебои рустабор Клавдия модари се шоҳписари устод Шакурӣ -Шариф, Анвар ва Рустам буда. Хулоса, тезиси "Синаи Шакурӣ лабрез аз буғзу кинаю адоват нисбат ба шуравӣ ва халқи рус аст" ба тамом бебунёд мебошад!
Чандсол пештар, яъне 24- декабри соли 2005 дар мақолаи "Абри сияҳи Расулӣ бар чеҳраи хуршедии Шакурӣ" ба муаллифони ин даъвои бебунёд ҷавоб ҳам гуфта будам!

V. УСТОД ШАКУРӣ ДАР ОТАШИ МЕҲРИ ЭРОН СУХТА БУДАНД!
Ҳар тоҷики бафаросат медонад, ки Эрону эронӣ кишвар ва мардуми ҳамнажод аст. Дар ин бора навиштаҳои зиёд ҳам дар Эрон ва ҳам дар Тоҷикистон ба чоп расидаанд. Мо ин ҷо танҳо се байт аз "Илҳом аз "Шоҳнома"-и Лоиқро меоварем, ки хонандаи тоҷик бори нахуст аз он эҳсоси ягонагии умумиэрониро басо бадард дарк карда, ҳамзамон ба хулосае расидааст, ки меҳри сӯзони Эрон ва бо Эрон будани тоҷикони дурру наздик (аз ҳама кишварҳои ҷаҳон) нажоди ориёиро аз вартаи ҳалокат мераҳонад:

Решаи ман, маншаи аҷдоди ман,
Асли ман, Эрони ман, бунлоди ман.
Баъди Сомонӣ маро сомон намонд,
Бод бар каф шуд ҳунарободи ман.
Аз Варорӯд ин ҳама ғофил мабош,
Дасти Рустам ёз бар имдоди ман!

Эрондӯстии устод М. Шакурӣ- аз дардҳо ва ормонҳои нажоди ориёӣ, дар вуҷуди эшон дар Бухоро сар задаст, зеро тарбияти асил дар муҳити фарогири фарҳанги волои ориёӣ маҳз дар Бухоро ӯро ба камол расонидааст. Ба сухани дигар, оташи ихлос дар ниҳодаш нисбат ба Эрону эронӣ маҳз дар Бухоро забона задаст. Устод дар ҳама ҳолат консепсиони дарду  ормонҳои миллӣ ва ориёии хешро аз "Шоҳнома"-и Ҳаким Фирдавсӣ меҷустанд.

Баъди бодиққат хондани "Шоҳнома" ва сарфаҳм рафтан ба асрори дардҳои Фирдавсӣ аз он гиря мекарданд, ки "дар замони Яздигурди III пойи касофати арабҳои таҷовузгар, ки бадтар аз муғулон буд, ба сари Эрону эронинажодон чи бадбахтиҳои гӯшношунид овард"(сухани Фарҳоди Назарӣ). Устод чун ориёии (эрониасли) бофаросат аз байн рафтани асолати нажоди ориёнро чун фоҷеаи бузурги таърих ва ҷаҳон дарк намуда зарра-зарра месухтанд.

Ва ҳамзамон аз он ифтихор доштанд, ки маҳз Сомониён забони форсиро аз зери суми сутурони хунхори араб пас аз наздик ба ду қарн берун кашиданд.

Дар асл дари дили устодро ба рӯи Эрону эронӣ дарди пурсӯзи рӯҳи Фирдавсӣ боз намудааст. Чун бори нахуст дар бораи "Оғози реализми Айнӣ" сухан ба миён меоранд, ормон, маънӣ ва рӯҳи "Шоҳнома"-ро дар насри воқеии Айнӣ ба пажуҳиш мегиранд ("Садои Шарқ", 1979,№8, с. 132-133)

Дар мақолаи дигарашон "Ҳамсанги Сиёвуш" роҷеъ ба арзишҳои бузург ва нодири илмӣ дар рисолаи номзадии пажуҳишгари ҷавонмарги тоҷик Шодӣ Асроров "Ҷойгоҳи достони Сиёвуш дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ" изҳори андеша намудаанд. ("Газетаи муаллимон", 1988, 13-феврал).

Устод гузашта аз ин ҳама дар мақолаи "Хирад парварад ҷони донандагон" ба мавзӯи хирад ва ситоиши инсон дар "Шоҳнома" диққати ихлосмандон ва пажуҳишгарони "Шоҳнома"-ро ба андешаҳои бикри Фирдавсӣ ҷалб намудаанд.

Дилбастагӣ ва рӯҳпайвандии устод ба "Шоҳнома"-ву Фирдавсӣ ба дараҷае расида буд, ки "Чун пайкараи Фирдавсиро турктози замона аз дили шаҳри Душанбе ба канора ронд" (сухани нависандаи баармон Муҳаммадраҳими Сайдар, "Гаҳвораи ноз", саҳ. 261) ашк аз чашмони миллатзои устод Шакурӣ рехт ва дуди оҳи эшон ба фалак печид! Ва эшон каме пештар  мақолае бо номи "Ҳайкали Фирдавсиро куҷо гузорем?!" навишта, бо сӯзу сози зиёд бар зидди  пайкараи Фирдавсиро ба канори шаҳр бурдан, сухан ронда будам.

"Илоҷе бояд ҷуст, ки ҳайкали Фирдавсӣ аз майдони марказии шаҳр берун бароварда нашавад. Ба назар мерасад, имконе ҳаст, ки ҳайкали Фирдавсиро ба дигар тарафи майдон дар муқобили ҷойи ҳозирааш, яъне пеши бинои зебои Маҷлиси Олӣ бигзоранд, аз пеши фаввораҳо ё аз байни онҳо ҷой бидиҳанд.

Бовар дорам, ки агар пешниҳоди камина қобили қабул бошад, рӯ ба рӯ гузоштани ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсӣ маънои амиқе пайдо хоҳад кард: гӯё Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсӣ ба пешвози якдигар мераванд, дурустар он ки Исмоили Сомонӣ ба сӯйи Фирдавсӣ роҳ пешгирифтааст ва аз ин сабаб пайкарасоз ӯро дар ҳолати қадам задан тасвир кардааст"("Ҷунбиш" 1998, №24, (XII), саҳ 1).


(Давом дорад)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)