Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 апрел 2017, 23:28

Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мегардад. Дар моҳи март

2 феврал 2013, 07:01

Алехандро Хара, муовини мудири кулли СУС гуфта аст, рӯзи 2 марти соли 2013 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мегардад.

Тавре аз ВКХ ба Озодагон хабар доданд, Алехандро Хара зимни мулоқоташ бо  намояндаи доимии  Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, Сафир Салоҳиддин Насриддинов гуфтааст, бо тасдиқи протоклолҳои зирабт ва ба имзо расидани баъзе ҳуҷҷатҳо, рӯзи 2-юми марти соли ҷорӣ раванди ворид шудани Тоҷикистон ба ин созмони ҷаҳонӣ ба ҳайси як узви комилҳуқуқ ба анҷом хоҳад расид.

Манбаъ афзуд, ки зимни вохӯрӣ тасдиқномаи Протокол оид ба дохилшавии  Тоҷикистон ба Созишномаи Марокаш оид ба таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба Котиботи СУС расман супорида шуд. Баъдан Сафир миннатдории Президенти  Тоҷикистонро ба роҳбарияти СУС иброз намуда, таъкид кард, ки Тоҷикистон аз оғози узвият дар Созмони мазкур ӯҳдадориҳои худро саривақт ба иҷро расонида, дар фаъолияти СУС фаъолона иштирок хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!