Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:51

Ватикан Фаластинро ба расмият мешиносад

2 феврал 2013, 07:22

Ватикан барои бори нахуст аз ибораи «кишвари Фаластин» ба ҷойи «Ташкилоти худгардони Фаластин» истифода намуд.

Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, дар баёнияи расмие, ки рӯзи 31-уми январ аз ҷониби Ватикан дар мавриди музокироташ бо созмонҳои озодибахши Фаластин интишор гашт, чандин маротиба ибораи кишвари Фаластин истифода шудааст.

Сухангӯи Ватикан дар ин бора изҳор намуда, ки пас аз ба расмият шинохта шудани узвияти Фаластин дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун кишвари нозири ғайри узв, номи расмии он  кишвари Фаластин мебошад. Азбаски Ватикан инро қабул дорад, минбаъд аз он истифода хоҳад кард.

Ёдрас менамоем, ки чанде қабл Маҳмуд Аббос, раиси собиқ Ташкилоти худгардони Фаластин аз тамоми ниҳодҳои ҳукуматии ин кишвар хоста буд, то аз ин ба баъд ба ҷойи Ташкилоти худгардони Фаластин кишвари Фаластин ном бибаранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!