Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:45

Тоҷикистону Словакия. 20-солагии ҳамкориҳои дипломатӣ

4 феврал 2013, 04:20

Имрӯз, 4 феврал аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва ҷумҳурии Словакия 20 сол пур мешавад.

Бино ба иттилои  дафтари матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, аз давраи барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Словакия дар асоси эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории судманд рушду рушд мекунанд.

-Яке аз соҳаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба рушд ва густариши заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Байни Тоҷикистон ва Словакия 2 созишномаи дуҷониба - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия оид ба кӯмаки инвеститсионӣ ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия оид ба савдо робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника ба имзо расидаанд,-афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Словакия дар ҳоли инкишоф қарор дошта, имкониятҳои ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ пурра истифода нашудаанд.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!