Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:29

Тими футболи «Хуҷанд» сармураббиашро иваз кард

4 феврал 2013, 04:46

Мубин Эргашев, мураббии шинохтаи футбол ба ҳайси сармураббии дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд таъин шуд.

Тавре ба Озодагон аз ФФТ иттилоъ доданд, аз ин пеш Мубин Эргашев дар вазифаи мураббии калони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе фаъолият дошт: «Ӯ дар вазифаи сармураббии дастаи «Хуҷанд» Ҷамшед Акбаровро иваз намуд. Зимнан, Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят, Мубин Эргашевро ба ҳузур пазируфт ва ӯро бо вазифаи нав табрик намуда, барори кор орзу кард».           

Маврид ба ёдоварист, Мубин Эргашев хатмкардаи мактаби олии мураббиёни Маскав  буда, дорои муҷаввизи мураббии аврупоии дараҷаи «А» мебошад. Вай ҳамзамон мураббии калони дастаи  мунтахаби миллии Тоҷикистон ва сармураббии тими мунтахаби ҷавонони кишвар аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!