Дар паи сохтани як филми мустанад аз бузургтарин дуздии китоб тавассути Исроил аз хонаҳои фаластиниҳои овора парда бардошта шудааст.
Дар паи он вазири фарҳанги Фаластин гуфт: китобҳоро бармегардонем.
Ин филм "Бузургтарин сирқати китоб" ном дорад, ки тавассути Бени Бернур, коргардони исроилӣ сохта шуда ва дар он аз ғорати китобҳои оворагони фаластинӣ тавассути саҳюнистҳо дар соли 1948 парда бармедорад ва дар паи намоиши ин филм мақомоти фаластинӣ вокуниш нишон дода ва хостори баррасии ин мавзӯъ ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, кумитае бо ҳузури вазоратхонаҳои фаластинӣ ташкил шуда, ки барои баррасии ҳуқуқӣ ва расонаии ин баҳс ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад.
Мӯҳр