Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 26 июн 2017, 12:07

“Барқи тоҷик” беш аз 250 миллион сомонӣ аз андоз қарздор аст

4 феврал 2013, 11:13

Қарзи ширкати «Барқи Тоҷик» дар назди буҷаи давлатӣ 251 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Тавре аз ин ниҳод ба Озодагон иттилоъ доданд, қарзи мазкур аз ҳисоби андозҳо буда, он то 1-уми январи соли равон ҳисоб шудааст: “Дар маҷмӯъ, қарзи асосӣ 193,4 миллион сомонӣ ва маблағи ҷаримаю фоизҳо 57,6 миллион сомонӣ мебошад”.

Ба гуфти манбаъ, қарзи кредитории ШСХК «Барқи Тоҷик» аз баъзе корхонаҳо ба ҳолати аввали моҳи январи соли равон ба тарзи зайл аст: қарздории андозҳо- 251 миллион сомонӣ, ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1»- 320,7 миллион сомонӣ  ва НБО-и “Сангтӯда-2”- 50  миллион сомонӣ ро ташкил медиҳад.  

Ҳамзамон, иттилоъ дода мешавад, ки “Барқи тоҷик” дар соли 2012 пардохти маблағи барқи ҶСК “НБО Сангтӯда-1”-ро дар ҳаҷми 83,1 миллион сомонӣ ва маблағи барқи НБО-и “Сангтӯда-2”-ро дар ҳаҷми 19,4 миллион сомонӣ таъмин намдуааст.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!