Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 15:07

Исроил ҳамлаи ҳавоӣ ба Сурияро эътироф кард

4 феврал 2013, 11:19

Исроил ба таври ғайримустақим эътироф намуд, ки ҳамлаи ҳавоӣ ба муассисаҳои низомии Сурия тавассути неруҳои ин кишвар анҷом дода шудааст.

Ба гузориши расонаҳои хориҷӣ, Эҳуд Барак, вазири дифои Исроил дар конфронси байналмилалӣ, ки дар шаҳри Мюнхени Олмон идома дорад, бо ишора ба нуктаҳои боло гуфтааст: «Иттифоқе, ки чанд рӯз пеш рух дод, гувоҳӣ медиҳад, мо ба қавли худ пойбандем. Мо гуфта будем, ки иҷоза набояд дод, то силоҳҳои пешрафта ба Лубнон интиқол дода шавад».

Бояд гуфт, Тел-авив то кунун дар мавриди ҳамлаи ҳавоии рӯзи 30-уми январ ба хоки Сурия чизе нагуфта буд. Дар ҳоле  ки аз анҷом дода шудани ин ҳамла аз сӯйи неруҳои низомии ин кишвар мақомоти амрикоӣ хабар дода буданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!