Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:45

Маскав дигар аз ИМА ва Олмон гӯшт ворид намекунад

4 феврал 2013, 11:37

Русия аз  имрӯз (4-уми феврали 2013) воридоти гӯшти яхзада аз Амрико ва Олмон ба ин кишварро манъ намуд.

Бино ба гузориши «Голос России» иллати маҳдудияти гӯшти мурғ, гов ва хук аз Олмон ба ин кишвар, монеъ шудан ба густариши вируси «Schmallenberg», навъи бемории доимӣ будааст: «Аз Амрико бошад, пешниҳод накардани иттилооти кофӣ дар бораи контроли истеҳсоли маводи ғизоӣ ба мақомоти рус ном бурда мешавад».

Яке аз духтурони ҳайвони Олмон дар ин бора ба хабаргузории «Интерфакс» гуфта, ки грантҳои дар назаргирифта дар мавриди аз байн бурдани ин навъи беморӣ нокофӣ буда, маҳсулоти яхзада бештар дар маърази олуда шудан бо вирусҳо қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!