Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:29

Ғалабаи як навраси тоҷик дар озмуни байналмилалӣ дар Истамбул

22 июн 2011, 05:55

Хонандаи синфи шашуми литсейи тоҷикӣ- туркии шаҳри Хучанд бо нишони тилло ба ватан  бармегардад.

Тавре ба "Озодагон" аз вазорати фарҳанг хабар доданд,  Шоҳрух Юнусов дар фестивал- озмуни «Сурудҳои туркӣ» ширкат варзида, ғолиби озмун гардид. Дар ин чорабинии байналмилалии фарҳангӣ хонандагон аз  130 давлат иштирок намуданд. Даври аввали фестивал -озмун дар шаҳри Анқара аз 15 то 16 июн баргузор гардида, марҳилаи дуюм ва ниҳоии он шаби гузашта дар Истамбули Туркия сурат пазируфт. Маврид ба ёдоварист, дар даври ниҳоӣ аз ҷумлаи ҳамаи иштирокчиён танҳо 12 нафар ҳуқуқи ширкатро пайдо карданду бас, ки намояндаи Тоҷикистон яке аз онҳо буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!