Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:34

Консулгарии Қазоқистон дар Хуҷанд ифтитоҳ шуд

5 феврал 2013, 15:23

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд Мейрамгалӣ Оринбасаровро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора ба Озодагон аз Хадамоти матбуотии раиси вилоят иттилоъ доданд. Аснои мулоқот дипломати қазоқ ба райиси вилоят дар бораи ба фаъолият шурӯъ намудани намояндагии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд иброз дошт. Дар навбати худ Қоҳир Расулзода аз ифтитоҳ шудани консулгарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд изҳори хушнудӣ карда, онро ҳодисаи муҳим дар инкишофи муносиботи дуҷониба, аз ҷумла рушди робитаҳои судбахши байниминтақавии Тоҷикистону Қазоқистон ном бурдааст.

Ҳамзамон, ҷонибҳо таъкид намуданд, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои густариши ҳамкории барои ҳарду ҷониб муфид ҳанўз ҳам зиёд аст.

Хотиррасон мекунем, ки Ҷумҳурии Қазоқистон 3-юмин кишварест, ки намояндагии худро дар шимоли Тоҷикистон таъсис додааст. Қаблан, Федератсияи Русия ва Қирғизистон намояндагиашонро дар Хуҷанд ташкил карда буданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!