Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 апрел 2017, 14:25

Изҳори нигаронии Сафорати ИМА аз қазияи марбут ба Абдуқаюми Қаюмзод

5 феврал 2013, 15:32

Сафорати Иёлоти Муттаҳида Амрико дар Тоҷикистон дар робита ба нақзи ҳуқуқи журналистон баёнияи расмӣ пахш кард.

Дар ин изҳорот, ки субҳи имрӯз, 5-уми феврал унвонии кулли расонаҳои кишвар ва мақомоти масъули ҳукумати Тоҷикистон ироа гардидааст, аз ҳукумати кишвар даъват мешавад, ки "озодии матбуотро эҳтиром намуда, механизми аён ва шаффофи марбут ба сабти номи хабарнигоронро таъсис диҳад".

Ҳамзамон, дар идомаи матлаб омадааст, ки ИМА, мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро бо мақсади фаъолияти бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ, дастгирӣ менамоянд: «Мо, Сафорати Амрико, ҳамеша нигаронии худро оиди муносибат бо хабарнигорон дар Ҷумхурии Тоҷикистон, минҷумла бо ҷаноби Абдуқаюм Қаюмзод бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, матраҳ менамоем».

Маврид ба ёдоварист, ҳафтаи гузашта садорати Радиои «Озодӣ», ки аз сӯи Конгресси ИМА маблағгузори мешавад ва дар аксари кишварҳои дунё намояндагиашро дорад, бо пахши баёнияе аз сабти ном нашудани Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори бахши тоҷикии радио аз сӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ дод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!