Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 апрел 2017, 20:01

Дар шоҳроҳи «Шоҳон-Зиғар» марҳилаи сеюми таҷдиду тармим идома дорад

5 феврал 2013, 15:34

Бино ба иттилои вазорати нақлиёт дар чаҳорчӯби ин марҳила бунёди 18 км роҳи дигар боқӣ мондааст.

Масъулини Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Шоҳон-Зиғар»-и Вазорати нақлиёт мегӯянд, аз замони ба ин қитъаи сохтмонӣ дастрас гардидани таҷҳизоти нав ва техникаи махсус корҳо тибқи нақша ҷараён доранд: «Техникаҳои махсусгардонидашуда на танҳо имкон доданд, ки корҳои сохтмонӣ суръат гиранд, балки тавассути онҳо сифати корҳо низ беҳтар гардид. Дар сохтмони роҳи мошингард 57 адад техникаи гуногун сафарбар шудааст».

Маврид ба ёдоварист, ширкати байналмилалии «Собир»-и ҷумҳурии исломии Эрон пудратчии асосии иншооти мазкур маҳсуб мешавад. Роҳи бунёдшаванда дар марҳилаи сеюми лоиҳа 18,7 километрро ташкил медиҳад ва мӯҳлати татбиқи лоиҳа 2 сол пешбинӣ аст. Ин пружа аз ҳисоби маблағҳои молиявии Бонки исломии рушд ва ҳукумати Тоҷикистон татбиқ мешавад. Дарозии роҳ дар маҷмӯъ 34 километрро ташкил дода, арзиши лоиҳа бо назардошти се марҳила 34 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!