Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:40

Коршинос: Вазъи иҷтимоии аҳолӣ боиси нигаронист

5 феврал 2013, 16:28

Алехандро Хара, муовини мудири кулли СУС зимни мулоқоташ бо Салоҳиддин Насриддинов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева гуфтааст, рӯзи 2 марти соли 2013 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мегардад.

Дар ҳамин ҳол, Таваралӣ Ғаниев , доктори улуми иқтисод бар ин назар аст, ки ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони умумичаҳонии савдо дар кадом соҳае набошад, хоҳ дар бахши иқтисод, фарҳанг сиёсат, ё худ соҳаи иҷтимоъӣ, бурди Тоҷикистон мебошад. Нархи молу маҳсулот дар холати вуруд ба СУС баланд мешавад, чунки вақте ки талаботҳо ва стандартҳо зиёд мешавад, арзишҳо низ хоҳ нохоҳ боло меравад.

Ба гуфтаи доктор, дигар молҳои бесифат ва арзони истеҳсоли хитоӣ, ки дар бозорҳои Тоҷикистон аст, ворид карда намешавад ва ҳаққи интихоби мардуми мо низ боло меравад: “Мо медонем, ки 90% дарсади мардуми кишвар тайи 10 - 15 соли охир бо сабаби арзон будан ва бисёр ворид шудани молҳои пастифати хитоӣ, барои ниёзи худ аз онҳо истифода мекунанд. Аммо ин либос ва молҳои дигар ба ҷои 2 ё 3 сол ҳамагӣ 1 моҳ истифода мешаванд ва он зуд аз кор мебарояд”.
[


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!