Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:34

«Сӯхтор» дар фурудгоҳи Душанбе ба таври оҷил бартараф гардид

22 июн 2011, 06:38

Тамрини навбатии хадамоти оташнишонӣ дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт  сурат пазируфт.


Дар асоси нақша- чорабинӣ вобаста ба амалиёти оташнишонии сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи мазкур машқҳои тактикӣ баргузор гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуотии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Муҳамадюсув Шодиев иттилоъ дод, ҳангоми гузаронидани машқҳои тактикии оташнишонӣ дар фурудгоҳи мазкур дар ҳолати  фуруд омадани ҳавопаймо, гӯё шартан ба ҳолати садамавӣ дучор гардида, дар он сӯхтор ба амал меояд.  Оташнишонон бо як чустучолокӣ дар мӯҳлати кӯтоҳ сӯхторро бартараф мекунанд.
Дар машқи тактикӣ  хадамоти техникии садамавии фурудгоҳ, қисмҳои оташнишонии шаҳри Душанбе иштирок намуда, бо истифода аз техникаву таҷҳизоти муосири оташнишонӣ аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.
Гуфта мешавад, аз тарафи сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД чунин машқҳои тактикӣ дар ҳудуди дилхоҳ иншоот мунтазам гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории ин гуна тамринҳо  омодагии доимии оташнишонон ба гузаронидани амалиётҳои сӯхторнишонӣ мебошад.{jathumbnail off} 


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!