Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:04

Ёфт шудани ҷасади дуюмин қурбонии сели Фархор

6 май 2011, 06:44

Ҷасади нафари дуюми қурбоншуда аз селхезии ноҳияи Фархор пайдо гардид.

Чанд лаҳза қабл дар ин бора аз маҳалли ҳодиса масъули дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Дӯстмурод Забиров ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Бино ба қавли ӯ, бародарон Фазлиддин ва Фахриддин Мирзоевҳо (сокинони рустои Майдапата), ки аввалӣ 18-сол ва дуюмӣ ҳамагӣ 16-сол доштанд, шоми гузашта зери сел монда ба ҳалокат расида буданд. Ҳоло ҷасади Фазлиддин ҳам дарёфт гардида, ба соҳибонаш супорида шуд. Забиров афзуд, дар натиҷаи омадани сели шаби гузашта дар минтақаҳои гуногуни кишвар бар асари бориши зиёд дар маҷмӯъ се нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҷустуҷӯи ҷасади Гулсара Хоҷаева, сокини деҳаи Шингаки ноҳияи Панҷакент бошад, то ҳанӯз натиҷае надодааст.

 

Бино ба қавли манбаъ  селхезии бештар дар навоҳии  Фархор, Панҷ, Шаҳринав ва шаҳри Панҷакенту Ваҳдат ба вуқӯъ пайваста, бар асари он  роҳҳо вайрон шуда, ба хоҷагиҳои аҳолӣ ва киштзорҳо хисороти ҳангуфт расидааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки як сол қабл аз ин ҳам дар ҳамин шабу рӯз обхезӣ ва селрезӣ ба мушоҳида расида, ҷони бештар аз 50 -нафарро гирифт, 30- тани дигар бе ному нишон шуданд.Зарари аз ҳама бештар ба шаҳри Кӯлоб расида, оқибатҳои он то ҳоло комилан бартараф нагардидаанд. Хисороти ворида бошад, тибқи иттилои расмӣ беш аз 600 миллион доллари амрикоиро дар мегирифт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!