Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:16

30-июн маъмурияти вазири мудофиа ба поён мерасад

22 июн 2011, 09:53

Леон Панета вазири дифоъи ИМА интихоб гардид.


Сенати Иёлоти Муттаҳида рӯзи гузашта номзадии ӯро ба ин мақом пазируфт ва ҳамакнун Панета ҷойгузини Роберт Гейтс мешавад. Бино ба навиштаи «Ню-Йорк таймс» Леон Панетта то ин муддат сарварии  Хадамоти Истихборотии Амрикоро ба зимма дошт.
Ин нашрия менависад, Роберт Гейтс тӯли бештар аз чор соли ахир вазири мудофиаи ИМА буд ва 30-юми июни соли равон маъмурияташ ба поён мерасад. Ҳамзамон, курсии холимондаи Леон Панеттаро, Дэвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва байналмилалӣ дар Афғонистон ишғол хоҳад кард. Раъйдиҳӣ дар сенати Амрико дар остонаи як суханронии муҳими Барак Обама сурат гирифт, ки барномаи оғози ихроҷи сарбозони Амрико аз Афғонистонро эълом мекунад. Леон Панеттаи 73-сола ва сиёсатмадори собиқадори амрикоӣ гуфтааст, ки тарафдори ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон аст, ки аз моҳи оянда шурӯъ мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!