Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:27

Шукурҷон Зуҳуров: Ҳазорҳо ҳуқшиноси мо ҷойи кори доимӣ надоранд

22 июн 2011, 12:27

Дар парлумони Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ таҳти сарварии Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид.


Мутобиқи рӯзнома дар ин нишасти вакилон 11 масъала ба баррасӣ гирифта шуд. Ворид намудани тағйиру илова ба лоиҳаи қонун «Дар бораи судҳои ҶТ» яке аз он масъалаҳое буд, ки аз ҷониби намояндагони  мардумӣ боб ба боб ва модда ба модда қабул карда шуд.
Яке аз нуктаҳои ҷолибе, ки зимни қабули ин қонун вакилон ба баррасӣ гирифтанд, дар мавриди фаъолияти котиботи додрасҳо дар Тоҷикистон буд. Муовини вазири адлияи Тоҷикистон, Абдуҷаббор Қодиров гуфт, ки ба фаъолияти котиботи додгоҳӣ тағйирот ворид карда нашавад ва ҳар нафаре, ки маълумоти олии нопурра, ё миёнаи касбӣ дар бахши ҳуқуқшиносиро дорад, метавонад ба ҳайси котиби додрас ба кор шурӯъ кунад. Аммо, ин пешниҳод аз ҷониби Шукурҷон Зуҳуров, раиси МН МО мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.

Номбурда афзуд, наметавонад тағйиру иловаҳоро дар шакли мазкур қабул кунад.   Феълан замоне расидааст, ки ба фаъолияти котиби додрас бояд ҳуқуқшиносон, муҳассилини факултаи ҳуқуқшиносӣ бештар ҷалб карда шаванд.

-Ҳазорҳо муҳасиллини ҳуқуқшиноси мо ҷойи кор надоранд, овораву сарсонанд, фаъолияти котиботи судӣ хеле ҷиддӣ аст ва котибҳои таҷрибадор дар оянда метавонанд яке аз додрасҳои муваффақ низ шаванд - илова намуд Шукурҷон Зуҳуров.

Бояд гуфт, зимни ба овоз мондани ҳамин банди қонун 21 вакил ба ҷонибдории фаъолияти котиботи дорои маълумоти миёнаи касбӣ ё нопурра, 32 нафари дигар барои фаъолияти ҳуқуқшиносони касбӣ райъ доданд.

Дар натиҷа, қонун дар шакли мазкур, яъне танҳо афроди дорои маълумоти олии пурра дар бахши ҳуқуқшиносӣ метавонанд ба фаъолияти котиботи додрасӣ оғоз намоянд, бо тарафдории 59 вакил қабул шуд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!