Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:41

Ин гӯша дар сойти «Озодагон» марбути номаҳои хонандагон аст.

13 апрел 2011, 08:16

Ин гӯша дар сойти «Озодагон» марбути номаҳои хонандагон аст

 

Агар Шумо гуфтание доред ва мехоҳед ин ҳарфи дилатон ба гӯши ҳазорон нафар бирасад, пас бинависед.

Агар Шумо қиссаи ҷолибеву пандомӯзе доред, бинависед, то ҳазорон- ҳазор ҳамзабону ҳаммиллати Шумо аз он баҳра баранд.

Агар саргузашти хонданбобу ибратбахше доред барои мо бинависед, то аз ин тариқ ба гӯши ҷони ҳазорон инсон бирасад.

Агар рӯзгор бо Шумо сахт буда ва намедонед пеши кӣ арзи дил бикунед, ин гӯша барои Шумост, бинависед ва ҳазорон ҳамдилу ҳамнафас пайдо кунед.

Агар танҳоӣ Шуморо озурда карда ва дар мунҷалоби фикрҳои нохуш ба танг омадаед, бинависед, то ҳазорон дӯсту ҳамдам бароятон ҳамдард бишаванд.

Агар падидае, ҳодисае сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ё фарҳангӣ Шуморо хуш омада ва ё баръакс бароятон писанд нест, бинависед, то дигарон низ дар ин маврид изҳори назар кунанд. Зеро мо ҳама ободии ин мулку сарбаландии ин миллатро хоҳонем ва фақат дар ҳамдастӣ метавонем корҳои бузурге анҷом диҳем.

Хуллас ин гӯшаест, ки Шумо бо ҳазорон- ҳазор инсони дигар метавонед шодиҳову ғуссаҳоятонро қисмат кунед. Пас, ҳамин ҳоло ба навиштан оғоз кунед.

Ҳамеша орзуманди саломативу сарбаландии Шумо – «Озодагон»{jcomments off}

Нишонии мо: ozodagon@mail.ru



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!