Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:21

Тезҳушӣ

2 май 2011, 10:38

Чандест, ки тарҳи "Овози тилоӣ" идома дораду тибқи гуфтаи ровиёни телевизиони "Баҳористон" беш аз садҳо нафар дар минтақаҳои мухталифи кишвар дар ин сабқат ширкат доштанд ва беҳтаринҳо ба даври дуввум гузаштанд.

Дар асли худ чунин сабқатҳо хубанд, агар… Агар фақат тавваҷҷӯҳ ба самти рақсу суруд ҷалб нашавад. Агар коре накунем, ки симои миллатро назди дигарон ҳамчун раққосаву овозхон муаррифӣ накарда бошем. Содатар бигӯям, агар ҷойгоҳи миллати дорои зеҳну хӯши тез ва фарҳангофарро ба сатҳи рақсандаву хонанда поин наоварем. Беш аз ин бар ин бовар набошем, ки фарҳанг ҳамин рақсидану хондан асту бас.

 

Ба ҳар сурат ин гуна фарогиру густарда шудани тарҳи "Овози тилоӣ" сахт қобили тафаккур ва ҷои мулоҳиза дорад. Аз ин назар, ки рақсу суруд дар кишвар бештар харидору ҷойгоҳ нисбати зеҳн ва офаридаҳои ақл дорад. Дар зимн, чанде пеш ҳамин шабакаи телвизионӣ тарҳи дигаре низ дошт, ки аз наврасони ихтироъкор қадрдонӣ мекард. Вале ҷои таассуф дорад, ки шӯри шавқи ин барномаро надошт. Даҳҳо нафар аз минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ба маркази вилояташон омада буданд то суруд бихонанд. Аммо шояд ду-се нафаре бештар набуд, ки барои намоиши ихтирои худ, яъне маҳсули ақлу зеҳни худ заҳмати чунин сафарро пазируфта бошад. Шояд мо дигар арзишҳоямонро тағйир додаем? Шояд дар фурсати кутоҳ ва бо роҳи осон соҳиби молу манол шудани раққосаву сурудхонҳо боис ба он гашта, ки волидайн ба ин амр бештар таваҷҷӯҳ доранд? Шояд дастандаркорон аз ин тариқ фишори иҷтимоӣ ва сатҳи нодориро поин овардан мехоҳанд? Шояд мардуме, ки дар мунҷалоби фақру камбизоатӣ дасту по мезанад, роҳи наҷотро дар рақсидану суруд хондани фарзандонаш мебинад? Намедонам. Аммо сахт аламам мекунад, ки наберагони Беруниву Синову Хоразмиву Хайёму… имрӯз зеҳни ҷӯё ва пӯёи худро пару бол кандаанд. Онҳо осонтарин роҳи расидан ба мақсадро дар рақсу суруд мебинанд. Улгу  ё намунаи ибрат барои онҳо дигар шахси дорои зеҳну ҳуши тез ва ақли ҷӯё нест. Онҳо улгуи худро дар симои овозхони камсаводе меҷӯянд, ки ду ҷумларо дуруст фикр кардаву бо ҳам пайваста наметавонад.

Вақте фақри моддӣ дилмашғулии аксар мегардад хоставу нохоста ин ҳолат ба меъёрҳои маънавӣ ва арзишии ҷомеа низ таъсир мерасондааст. Роҳҳои халосӣ аз фақри моддӣ дар хеле ҳолат тавҷеҳи амалҳое берун аз меъёрҳои маънавӣ, усулӣ ва арзишӣ мешавад. Мисоли равшани ин падидаро метавон дар тавҷеҳи дуздон ва фоҳишаҳо аз аъмоли худ ба мушоҳида нишаст. Ҳоло шояд тавҷеҳи равонӣ ва гоҳо ноогоҳонаи онҳое, ки истеъдоди фарзандонашонро фақат дар суруд хондану рақсидан мебинанд, аз ҳамин дидгоҳ қобили арзёбӣ бошад?

Ин ҳама дар ҳолест, ки дар мавриди нарасидани кадрҳои болаёқату кордон ҳама мегӯянду меноланд. Гузашта аз ин камтарин таваҷҷӯҳ ба арҷ гузоштану муаррифӣ кардан ва улгу қарор додани наврасону ҷавонони тезҳуш ва ихтироъкор сурат мегирад. Шояд ҷомеа ниёзи маънавӣ ба офаридаи ақлу зеҳни чунин фарзандонаш надорад?  Аммо набояд фаромӯш кард, ки фақат миллати ҷӯёву пӯё метавонад аз имтиҳони сарнавишту таърих бо сари баланд берун ояд. Ифтихороти зудгузари сиёсӣ ва идеологӣ наметавонад пояи фахри миллат бошад. Таърих гувоҳ аст, ки арзишҳову ифтихороти ҳукуматҳо дар солҳову асрҳои баъдӣ як амри комилан нозарур ва ҳатто боиси хандахаришиву шармсорӣ ва гузашта аз ин бадномӣ гаштааст. Агар касе имрӯз ба хотири таъмини манфиати шахсӣ ва ҷалби ризояти касе по рӯи арзишҳо ва муқаддасот мегузораду дар паи тағйири меъёрҳои арзишӣ, усулӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ мешавад, ҳатман фардо шармсор хоҳад буд. Маҳсули зеҳни ҷӯёст, ки барои шахсе, гурӯҳе ва билахира миллате ҳуввиятсоз асту боиси сурхрӯи низ хоҳад буд. Пас оё вақти он нарасида, ки дар ҷустуҷӯи зеҳни ҷӯёву пӯё, ҳуши тез ва ихтироъкорони наврасу навҷавон бошем?

Зафари Сӯфӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • муслим

  • 28 феврал 2014 15:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
то синни 18 солаги ибодат мань, аммо..............хайфи сухан.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!