Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:09

Бо арзи салом ва сипоси беандоза ба хабаргузории «Озодагон»

5 май 2011, 12:50

Бо арзи салом ва сипоси беандоза ба хабаргузории «Озодагон» ва тими озодагони кишвар. Банда як ҳамватан, ҳамқалам ва ахиран як ҳамалами шумоям, ки ифтитоҳи  сомонаро барои кулли Шумо табрик мегӯям.

Бо истифода аз фурсат ва Минбари шумо, ки барои хонанда таъсис додаед мехостам тариқи оҷонсии иттилоотии  тозатаъсис ба ҳаммеҳанону интихобкунандагони ноҳияи Сино муроҷиат намоям. Қаблан барои хидмататон сипосгузорам, Толибшоҳи Сайид

Ҳамватанони арҷманду гиромӣ!

Интихобкунандагони мӯҳарами ҳавзаи

интихоботии Сино, рақами 4- и шаҳри Душанбе!

Рӯзи 15 майии соли равон шумо барои тақдири чаҳор соли дар пеш будаи хеш рақам мезанед. Аз якояки шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоям дар интихоби вакил- намояндаи худ дар мақоми олии қонунгузори кишварамон- Маҷлиси намояндагон иштибоҳ накунед. Банда, Саидов Толибшо Баротович (Толибшоҳи Сайидзода), журналист, муҳаррири нашрияи «Миллат», ки аз тариқи худпешбарӣ барои дарёфти курсии вакили Парлумон дар ҳавзаи номбурда номнавис шудаам ва агар шумо овози хешро дар 15 май бароям бовар бикунед, ман раъйи шуморо амонат медонам ва ба амонат хиёнат нахоҳам кард. Аз ин рӯ ҳамдиёрони арҷманду гаронқадр  аз шумо хоҳиш менамоям аз номзадии журналист, намояндаи қишри рӯшанфикри ҷомеъа ҷонибдорӣ намоед. Аз даргоҳи Худованд барои хонадони ҳар тоҷик ва тоҷикистонӣ сулҳу амонӣ, файзу баракат, ободиву хушбахтӣ мехоҳам.

Худоё, чунон кун, ки анҷоми кор,

Ту хушнуд бошиву мо растагор!

Бо умеди ободӣ ва сарбаландии миллати шарифи Тоҷикистон

Саидов Толибшо, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!