Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:57

Аз рӯзҳои нек то «кидалаҳо»

12 май 2011, 11:16

1. Рӯзҳои неку нодири муҳоҷири тоҷик То сар задани бӯҳрони иқтисодию молии оламгир (то соли 2006) фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар радифи миллатҳои ӯзбаку қирғиз хеле назаррас ва пурҷӯшу хурӯш ҷилва мекард. Садҳову ҳазорҳо нафар шаҳрванди тоҷик, аз ҷавони 18-сола сар карда, то мардони 55-60 сола дар фирмаву ширкатҳои бузурги бинокорӣ заҳмат кашида, дастмузди шоиставу дилписанд ҳам мегирифтаанд. Ҳамчунон, вазъи зисту маишати онон то ҷойе дар маркази таваҷҷӯҳи роҳбарону сарварони он қитъаоти сохтмонӣ қарор доштааст.

Чуноне Зоҳир, як муҳоҷири кишвар гуфт: "Солҳои охир дар фирмаи бинокорие ҳамвора ба пешаи дуредгарӣ машғул будам. Ва тӯли ин солҳо аз азоби беҳуҷрагӣ комилан раҳоӣ ёфта будам. Дар майдони фарохи қитъаи сохтмонӣ бароямон хонаҳои сайёр (вагончикҳо) баҳри рӯзгузаронӣ омода намуда буданд ва мо 4-5 нафарӣ дар ҳар як хона-вагон зиндагӣ ба сар мебурдем. Ба мо бухории барқӣ, тафдон, яхдон додаву бо либосҳои наву тоза дар ҳар мавсим таъминамон мекарданд. Маоши мақбули дили хеш ҳам ба каф меовардам: ибтидо 1000 доллар, баъдан 1,5-1,700 доллар мегирифтам".

Хуршед, як тан ҷавон аз ноҳияи Рӯдакӣ низ бо сурур шодмонӣ аз айёми қабл аз бӯҳрони иқтисодӣ сухан дар миён оварда, иброз дошт, ки бори нахуст чун ба шаҳри Санкт-Петербург қадам бинҳод, таппише қалбашро фаро гирифт: дар ин шаҳри ғарибу ноошно чӣ тур зиндагӣ аз сар мегираду ба чӣ сабку шева пул ба даст меорад? Ва аммо ба гунаи зуд бо кӯмаку дастгирии ёрон, минҷумла Муҳаммади ҳаммиллаташ ба фирмае, ки манзилҳои зисти баландошёна месохтааст, раҳ ёфтаву таҷрибаи кор меомӯзад.

- Барои мо, тоҷикону ӯзбакон дар қатори русҳои худашон ҳамаи шароитҳоро муҳайё карда буданд. Як амали неки сарварони фирма амиқ дар хотирам мондааст, ки ҳар ҳафта, рӯзҳои ҷумъа як мошини "Газелл" бароямон об меовард: дар зарфҳои пластмассии барҷаста оби ширини (хӯрдании) "Бонаква"-и магазинӣ. Ва бо мо, вобаста ба теъдоди коргарони муқими хона-вагонҳо аз 4 то 5 зарфи об бахш карда мешуд. Ҳар як вагон телевизор, радиола ва магнитофон дошт. Мо, ду-се рӯз пас, ҳатман оши палав мепухтем. Ҳаққи меҳнатамон ҳам бад набуд: пасташ то 900-1000 доллар, баландаш 1,200-1,500 доллар.

Шукур, як бинокори собиқадори даврони Шӯравӣ ҳикоят кард, ки соли 2003 дар шаҳраки Красное Село, андар фирмаи кӯчаки хонасозе ба устоӣ шуғл меварзида. Доираву миқёси сохтмони манзили зист бо кулли афзору аброзаш, бо сохтору тарҳи оби гарму сардаш, қубуру лӯлаҳои обгузари зеризаминиаш ва ороишоту таъмири аврупоигунааш хеле фароху дарозмуддат маҳсуб меёфт. Табиист, ки зимистон низ кор бо як зарбу оҳанг идома меёфт. Алқисса, он сол ҳаво бағоят сарду замҳарир ва зимистон бо яхбандони тӯлонӣ ба дарозо кашид. Ҳарорат рӯзҳое болотар аз 380 С баромад. Мо, тоҷикон ба сарвари минтақаи бинокорӣ гуфтем, ки барои минбаъд дар ин сармо мо наметавонем заҳмат кашем, чун шароитҳо баҳри шустушӯйи либосҳо, сару тан ва аз ҳама асосӣ - гармии воқеӣ надорем. Дар посух то фардо мӯҳлат хост прораби 25-сола Михаил.

Аввал, ду устои наҷҷор овард, то баҳри мо пешайвон ва ҳаммоми ҷадиде бисозанд. Пасон, бухориҳои барқӣ ва ҳезумсӯз, монанди "каллифер" ва "урал"-и нав харид аз мағоза. Ҳамчунин, пӯшокиҳои тозаву сабзгуни ғафсу пахтадори зимистонӣ бо калӯшҳои намадӣ (валенки) ба ҳар як нафар, ба таври алоҳида оварда дод. Дар байни як ҳафта ҳаммом тайёр шуд. Дар дохили он асбоби махсуси обдори нав гузошта шуда буд, ки ҳам тариқи барқ ва ҳам тавассути ҳезуму оташ оби он гарм карда мешуд. Ҳаққи рӯзҳои кории мо низ афзун гардид аз ҷониби сарвари фирма. Ёдам ҳаст, моҳи декабри ҳамон сол (2003) 35000 рубли русӣ маош гирифтам. Аз ин бобат, мисолҳои фаровоне метавон оварду аз силсила андар силсила рӯзгори тобону фирӯзи муҳоҷирон рақамзанӣ кард, вале дар зимн...

2. Чун бӯҳрон гоми номуборак биниҳод...

"Миёнаҳои моҳи октябр. Бинои маркази савдоро тоза дар шоҳроҳи Пулково сохта, ба итмом расонидем, - он айёмро ба ёд оварда мегӯяд як муҳоҷир аз ноҳияи Рӯдакӣ Сангинмурод Холов. - Сарварони фирмаамон чанд рӯзе ба мо кордор нашуданд, дар боби корҳои оянда ҳарфе ҳам дар миён намеандохтанд. Ҳафтае бад-ин минвол ба сахтиҳо (бекор чанд мехобӣ?) даргузашт. Аз чеҳраҳову нигоҳҳои мармузи сарварони сатҳи болоиву поёнӣ ким-чӣ вазъи ногувореро метавонистӣ пай бубарӣ.

Охир, як субҳе мошинҳо омаданду моро ба қитъаи дигари сохтмонӣ, ки дар ноҳияи Петрогради шаҳри Санкт-Петербург воқеъ буд, бурданд. Хушҳол суруду тарона мехондем, мазмун, кунун ба кор шурӯъ хоҳем кард. Аммо... прораби ин қитъа бо ваҷоҳати нохуш, асабиву хаёлманд луқма партофт, ки "шуморо ба ин ҷо барои "дастобрезӣ" овардаанд? Кор-пор нест, объекти навро сохтмонашро оғоз накарда истодаанд. Чӣ гапе ҳаст бачаҳо, таги коса, нимкоса барин...

Ҳафтае он ҷо бекор, сарҳуй гаштем, баъд... баъд дар дилам "алов ғалтид". Билет гирифтам, пофишорӣ намуда, пулҳои меҳнатиамро чӯту рақам зада, ситонидаму роҳ ҷониби зодгоҳ кашидам. Боре чанд қабл аз ин ҳама, гӯшам "бод гирифт", ки кризис мешудааст, сохтмону объектҳо "хоб мерафтаанд", маошро саривақт намедодаанд ва ғайраву ғайраи дигар сухану овозаҳо. Ана омодагӣ дидаму лек таҳи дил афсӯс хӯрдам, ки дар фирма чӣ хел нағз пул кор мекардем-а! Ками кам 25-27000 рубл маош мегирифтем.

Амиршоҳ, як марди 50-солаи дарвозӣ гуфт: "Насими "сарди" бӯҳронро мо низ мутаваҷҷеҳ гардида, силияшро хӯрдем. Мо, ки дар се баст кор мекардему заҳмат мекашидем (аслан вазнин буд корамон: бетонрезӣ дар ошёнаҳои баланд) якбора аз авохири моҳи ноябр мушоҳида намудем, ки суръати кор батадриҷ суст гардида. Маводи сохтмониро саривақт намеоварданд, ҳаққи меҳнатамонро дер-дер медоданд, баҳонаҳои фаровон "мебофтанд". Алғараз, дар зимистони сард "қонунҳои наву амрҳои ногаҳонӣ" бароварда шуд аз ҷониби сарварони фирмаи "ЛЭК"-и мо. Ихтисори коргарон оғоз гардид. Ва ҳама ихтисоршудагон тоҷикону ӯзбекҳо маҳсуб меёфтанд.

Кризис, ҳамон кризиси ҳалокатбор баҳри мо - муҳоҷирон. Ҳол он ки ман чун як коргари пешрав, қавииродаю кайҳо ба боварии "хӯҷаинҳо" даромада, моҳе аз 35 то 45-47000 рубл ҳаққи меҳнат мегирифтам. Ин дар соли 2008-2009. Ҳамааш бар боди фано рафт. Ва аммо ман навмед набудаму нестам. Фақат дилам баҳри ёрону дӯстони деринам месӯхт, ки бо баҳонаи мураххасӣ аз кор ҷавобашон доданд. Ман бошам, корро идома медодам. Лек, дареғо, ки бӯҳрон дар ҳар сурат ба муҳоҷирони тоҷику миёни заҳмату шуғлҳои деринашон латмаи сангин ворид кард.

Дар ҳамин ҳол, чуноне бахши аъзами мардикорони муҳоҷир иброз доштанд, фиребгарию каззобӣ ва дағову дурӯғи роҳбарони бештарини қитъаҳои бинокорӣ авҷи тоза мегирифт. Инон бо баҳонаи кризис аз пардохти маблағҳои заҳматии муҳоҷирон куллан сарпечӣ менамуданд, ки мисолаш бас беҳисоб ва дар авроқи ҷаридаи Вақту Замон мастур аст...

3. Миёнаравҳо, қазияи "кидалаҳо" ва шиори нави "кӣ киро..."

Ҷамшед, як ҷавони 28-сола аз Ваҳдатшаҳр, ки басо олиҳимматӣ намуда, ба ҷавонони тоҷик шуғлу пеша ва корҳои мавсимӣ меёбад, бо ҳасрат нақл мекунад, ки аз охирҳои соли 2008 шурӯъ шуда, вазъи нигаронкунандае тазоҳур намуд. Чун баҳри оғози сохтмони биное ё таъмиру тармими сабки аврупоисурати манзилҳои зист дар рустову деҳоти наздишаҳрӣ бо "хӯҷаинон" (омилони кор) шартнома бастанӣ мешудем, аз нарху навои нави эшон чашм аз замин намекандем ва ба худ мегуфтем: "Ё Худои бузург! Бар дили ин бетараҳҳумону золимпешагон раҳм ҷо бикун. Охир ин худаш чӣ гап? Ҳоло "бӯйи" кризис нарасида, инҳо қиёматро қоим карда истодаанд-ку?!

Қаблан рӯзи кории ҳар аъзои бригадаи ман аз 800 то 1000 рубли русӣ буд, инак, он рақамро ба 400-500 расонидаанд. Дар хусуси андоваю ороишоти даруни хонаҳо бо он арзише, ки ҷанобони руссу яҳуду озарӣ пешниҳод мекарданд, ҷон коҳондан умуман маъниву моҳияте надошт. Хуллас, зарбаи бӯҳрон чандтарафа мерасид ба чашм. Лек бо вуҷуди ин, мо то ҳадди имкон бачаҳоро бо кор таъмин мекардем.

Зоҳир (он муҳоҷире, ки зикраш дар фавқ рафт), бо фазиҳату хашми ошкоро ба ҳикояти оворагиҳои худу ҷиянҳояш идома дода, гуфт: "Соли 2010 бо миёнаравии як хешбачаи наздикамон, ки ӯ миёнарави дигари озарбойҷониеро дар пеш доштааст, дар зери дасти яҳудиёни урус ба андоваи пешманзари хонаҳои баландошёна (фасад) машғул гардидем. 3 моҳи тӯлонӣ ба сардию хунукиҳо нанигариста, ҷони худро ба "гарав" монда, хонаҳои зиёдеро "шикатур" намудем. Ҳосил чӣ шуд? Элдари бадбахти малъуни озарӣ пули заҳматҳоямонро надод, ки надод.

Ҳарчанд талаб кардему даъво пеш овардем, "арвоҳзада" ворид нагшардидани маблағро дар вазъи бӯҳронӣ иллати ин амал дониста, ҳарзаву ёваҳо мехонд. Хешбачаамон, табиист, ки худро "кару гунг" ва "мусичаи уболак" нишон медод ва мегуфт, ки аз "мурданам хабар дораму аз пулҳо не. Элдар медонаду Худои тори сар". Охир, "кидат" шудем ва дар авҷи зимистони даҳшатноки Санкт-Петербург бо қарзи фаровон озими диёр гардидем. Ҷойи ҳайрат дорад, ки ҳар кадоме аз коргарони мо (10 нафар) на кам аз 1,200-1,500 долларӣ сӯхтанд. Баҳона ҳамон "кризис".

Аз ин мисолҳо метавон хеле-хеле рӯйи баёз овард. Аммо суоли ташвишбарангез ин аст, ки чунин ҳол дар Русия бо вусъати тоза ҷараёни ҳамагиреро фаро бигрифта истодааст. Заҳмату ранҷҳои шабонарӯзии муҳоҷирони тоҷик барабас, бар об мераваду...

4. Сафорату хадамоти муҳоҷират чӣ мегӯянд?

Воқеан, ин раванди мӯҳлику хатарзо боиси нигаронии кулли мардуми тоҷик гардидааст. Сафорат, консулгариҳои алоҳидаи кишвар ва хадамоти муҳоҷират дар ин самт фаъолияти чашмгиреро ба сомон расонида истодаанд ё хайр?!

Пурсиши посухталабест баҳри Ҳукумати Тоҷикистон.

P.S. Бо таассуф ҳадс бояд зад, ки аксари консулгариҳову созмонҳои давлатию ғайридавлатие, ки сарпарастии мардикори муҳоҷири тоҷикро бо ҳамҳамаҳову дабдабаҳо ба дӯши хеш гирифтаанду аз номи эшон (яъне муҳоҷирон) мусоҳиба оростану зиёд ҳарф заданро дӯст медоранд, амалан баҳри ёриву кӯмак ба муҳоҷирон, банудрат ҳам бошад, кори назаррасеро анҷом намедиҳанду надодаанд. Ин факти воқеист!


Шодӣ МАЛАХЗОД



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!