Бахшҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сафири Покистон дар Душанбе

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири фавқулодда ва мухтори ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Холид Усмон Қайсарро бинобар сабаби анҷом ёфтани мўҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.


Дар мулоқот доир ба масоили кунунӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Покистон гуфтугў сурат гирифт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба  фаъолияти сесолаи Холид Усмон Қайсар ба ҳайси сафири Покистон дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки корҳои дар ин муддат оғозёфта ба анҷоми мантиқии худ расонда мешаванд.Бо ишора ба имкону захираҳои фаровон ба густариши бесобиқаи ҳамкории судманди дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир изҳори боварӣ карда шуд.Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Покистону Афғонистон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия сурат гирифт. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши сеюми сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе - Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия, ки моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшад.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)