Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:02

Чаро нархи гӯшт 27-сомонӣ?

16 май 2011, 12:41

Болоравии нархи маҳсулоти ниёзи мардум дар бозорҳои пойтахт рў ба афзоиш аст.

Ҳарчанд сабабашро боло рафтани нархи сўзишворӣ арзёбӣ кунанд ҳам, аммо номувофиқатӣ дар нархгузорӣ аз ҷониби  масъулини бозорҳо ба мушоҳида мерасад.

Зимни боздид аз бозори «Варзоб»-и пойтахт чунин ба мушоҳида расид, ки натанҳо қимати молу маҳсулот нисбат ба дигар бозорҳо баланд аст, балки бо зам намудани арзиши иловагӣ аз ҷониби савдогарон ба фурўш монда шудааст. Шодӣ Назаров масъули ин бозор ҳолати мазкурро чунин шарҳ дод: «Нархгузорӣ барои ҳамаи бозорҳои шаҳри Душанбе яксон аст. Айни замон якчанд номгўйи маҳсулот, аз қабили орд, гўшт ва равған таҳти назорати шаҳрдорӣ қарор дорад. Боқимонда маҳсулот ба фурўшандагон вобаста буда, ҳангоми фурўш якчанд сомонӣ ё дирам зам мегардад». Гарчанде нархи 1-халта орд 130 сомонӣ ва 1-литр равған 8 ё 9 сомонӣ  муайян гардида бошад, аммо он берун аз нархномаи мутобиқати бозор орд 135 сомонӣ  ва равған 10 ё 11 сомонӣ  фурўхта мешаванд.

Маҳмад ном савдогар, ки маҳсулотро аз ноҳияҳо вориди бозорҳои пойтахт ва шаҳри Ваҳдат мекунад, чунин гуфт: «Қисми зиёди фурўшандаҳо онҳое ҳастанд, ки маҳсулотро бевосита аз соҳибаш дастрас накарда, ба ҳайси шахси 3-юм ва 4-ум дар бозорҳо ба савдо машғуланд. Яъне маҳсулот то вориди бозор гардидан 4 маротиба гардиш ва ё нархгузорӣ мешаванд». Ба боварии номбурда имкони боз ҳам арзонтар ба фурўш баровардани маҳсулоти ниёзи мардум ҷой дошта, амалишавии он танҳо дар сурати шартнома ва ҳамкорӣ байни бозорҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ буда метавонад.

Бо сабаби беэътиноии масъулини бозор фурўшандаҳо аз фурсат истифода бурда, қисме аз маҳсулоти хўроквориро бо нархи қиматтар мефурўшанд. Масалан, орди навъи Тоҷикистон 115 сомонӣ нишон дода шудааст, вале 118 сомонӣ, картошка 2-3 сомонӣ, вале 3,3-3,5 сомонӣ, пиёз 2-2,5,  аммо на камтар аз 2,5 сомонӣ фурўхта мешуданд. Сабзӣ бошад, дар нархномаи тасдиқгардида 30 дирам гаронтар аз нархи бозор 3,5 сомонӣ муайян гардидааст. Дар робита ба ин Зарнигор Каримова сокини пойтахт пешниҳод намуд, ки бояд ҳар бозор нархномаи тасдиқнамудаи ҳукумати шаҳрро дар тахтаи эълонҳо насб намоянд. Инчунин ў гуфт: «Гарчанде дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ зиндагӣ кунам, аммо ҳамеша барои харидорӣ ба бозори «Шоҳмансур» меравам. Танҳо барои маҳсулоти кам ба ин бозор меоям».

Новобаста аз он ки бозорҳо таҳти назорати масъулин қарор доранд, аммо савдогарон бо ҳар гуна роҳу василаҳои ғайр қонуншиканӣ мекунанд. Вобаста ба ин мушкилот Фарҳод Бобошоев сокини шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ намуда, ба мо чунин гуфт: «Муддати ду рўз аст, ки барои харидани гўшт ба бозори «Варзоб» ва «Шоҳмансур» меоям, вале сифати гўшти ба савдо монда хеле паст аст. Инчунин гўшти устухондорро 23 сомон ва гўшти лаҳми беустухонро аз ин зиёдтар мефурўшанд». Дар бозори «Шоҳмансур» гўшти гўсфанд 24 сомон муайян гардида, ҳангоми фурўш баробари гўшт равған илова мекунанд. Вале дар алоҳидагӣ  гӯшти хуб 27 сомон арзиш дошта, фурўшаш ба таври махфӣ сурат мегирад.

Ин дар ҳолест, ки бо сабаби кам ворид гардидани гўшт дар бозори мазкур дӯконҳои №23, №29, №30 ва №31 аз фаъолият боз мондаанд.

Ҳамзаи Давлат



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!