Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:00

Худкамбинӣ

25 май 2011, 06:10

Чандест сари ҳар қадам бархӯрд ба ин падида азобам медиҳад. Ҳамон гуна, ки худхоҳии ифротӣ нафратовар аст, худро кам дидан ва ҳамаи норасоиву бедаступоиро ба номи миллат гиреҳ заданҳо мисли теғе асабу қалбро захмӣ мекунад. Ҳар касу бекасе вақте як кори нодуруcт анҷомшударо мебинад мегӯяд: тоҷикӣ-дия! Ҳатто бисёр мешавад шоҳид бар онем, ки агар кореро сараму дилам, яъне нимакора анҷом доданӣ бошанд, мегӯянд: тоҷикиш кун! Худоё, ифтихори ин мардумро чи бало зада? Албатта ҳикмате ҳаст, ки миллатҳои бузург ба нуқси худ механданд .

Аммо дар ин баробар миллатҳои бузург нуқсҳоро иcлоҳ мекунанд, на ин ки нуқсҳоро ба қавле пӯшиши миллӣ диҳанд. Ва беш аз ин миллатҳои бузург равонкову равоншиносони бузург ҳам доранду падидаҳои равониву иҷтимоиро баррасӣ ва натиҷагирӣ мекунанд. Аз сӯи дигар ин падидае, ки дар кишвари мо мушоҳида мешавад ба худ хандидан ва аз камбудиҳо ибрат гирифтану ислоҳ шудан нест! Ин худкамбинист.

Ҷои таасуф дорад, ки мо як равонкови пӯё ва дақиқназаре надорем, то падидаҳои ҷомеаи моро аз назари ин илм арзёбӣ кунад. Беш аз ин худкамбинӣ ҳолати фарогир дар ҷомеа пайдо кардааст. Агар нафаре ё чанд тане натавонанд кореро анҷом диҳанд, ин маънои онро надорад, ки ҳамаи тоҷик он корро наметавонад анҷом диҳад. Нотавониву нокоромадии худро ба номи миллат задан таҳқири ин миллат аст.

Беш аз ин банда бар ин боварам, ки ин гуна эҳсоси худтаҳқирӣ ва худкамбиниро дар байни мардуми мо бегонагон ва душманони тоҷик ҷо кардаанд. Ман ба ҳеч ваҷҳ ҷонибдори ифтихороти сохта ва ғурури беасос нестам. Вале ба ҳеч ваҷҳ наметавонам бипазирам, ки ҳама нуқсу норасоӣ ба миллати ман рабт мегирад!

Як ҷиҳати дигари фоҷиабори худкамбинӣ ин аст, ки ҳечкораҳое худро дар авҷи қудрат мебинанду даст ба ҳар коре мезананд. Таври мисол бархе афроди дар ҷомеа аз бозии бади айём ба иқтидор расида ва соҳиби ҷойгоҳи иҷтимоӣ шуда чун мебинанд, ки дигарон дар наздаш эҳсоси худкамбинӣ доранд, эҳсоси худбешбинияшон авҷ мегирад.

Хоксорӣ шояд писандидатарин хислату вижагии инсони хирадманду хирадмадор бошад. Вале дар баробари афроде, ки медонӣ аз назари донишу ақлу фаросат аз ту садҳо зина поинтар аст ва ба ҳеч ваҷҳ арзишҳои волои ахлоқиро меъёр намешумораду ба онҳо арҷ намегузорад, хоксорӣ кардан агар ҷиноят нест, ҳатман гуноҳ аст. Ва агар ин амал реша дар падидаи худкамбинӣ дошта бошад ҳатман хиёнат ба асолату шарофати инсон аст.

Зикр кардам, ки дар ҷомеа худкамбинӣ дар ҳоли табдил шудан ба як падидаи фарогир аст. Воқеан ин амрро дар майдони сиёсат низ метавон ба мушоҳида нишаст ва амали аҳзоби сиёсӣ ва сиёсатмадорони зиёдеро нишони худкамбинӣ арзёбӣ намуд. Шояд дар хеле ҳолат онҳо иддао бикунанд, ки ин як монёври сиёсист. Шояд дар асл тарс ва ё заъфҳои дигаре вуҷуд дорад, ки онҳоро ба худкамбинӣ ва бечоранолӣ во медорад. Вале агар дар майдони сиёсӣ худро кам мебинанд пас бояд берун раванд. Ҳизби сиёсӣ фақат барои расидан ба ҳукумат таъсис мешавад. Ҳама гуна ҳадафу таърифҳои дигар асосӣ нестанд. Агар ҳизби сиёсие, ки даъвои ба ҳокимият омадан надорад, ҳизб нест. Худкамбинии ҳизб ва шахсияти сиёсӣ марги сиёсии он ҳизб ва он шахсият аст.

Албатта ҳадафи ман ҳеч ҳизб ё шахси сиёсӣ набуд. Фақат мехостам таъкиде дошта бошам, ки худкамбинӣ дар ҳама сатҳ фарогир шудаву ин ҳолат барои  худбешбинии бархе замина фароҳам овардааст. Гузашта аз ин ҳама раванди мазкур оқибати фоҷиаборе барои миллат метавонад дошта бошад.

Зафари Сӯфӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!