Бахшҳо
24 июн 2011 09:48Минбари Шумо

Дар ягон ҳолат чизе барои истифодаи шиканҷа баҳона шуда наметавонад

Роҷеъ ба огоҳии Созмони байналмилалии зидди шиканҷа дар бораи он, ки шумораи зиёди ҳукуматҳо ба шиканҷа роҳ дода, аҳли ҷомеаи кишварҳо, эҳтимол, ба чунин таҷриба бепарво мебошанд, мо изҳор медорем, ки эҳтироми шаъну шарафи одам чунин маъно дорад, ки шиканҷа бояд дар ҳамаи ҳолатҳо манъ карда шавад. Мо медонем, ки шиканҷа ҳамеша васеъ истифода мешуд, вале умед доштем, ки 146 давлати иштирокчии Конвенцияи зидди шиканҷа ва дигар намуд кирдори золимона ва ѓайриинсонии шаъну шарафи одамонро пастзананда ва муҷозот тибқи ўҳдадориҳояшон ба несту нобуд шудани ҳолатҳои шиканҷа мусоидат менамоянд. Лекин имрӯз аён аст, ки аксар ҳукуматҳои Шимол ва Ҷануби курраи замин аз шиканҷа як андоза хавф дошта, истифодаи онро то ҳол онҳо инкор ё пинҳон мекунанд. Даъвои баъзе ҳукуматҳо дар бораи хусусиятҳои фарҳангӣ далелеро рад месозад, ки баъзе арзишҳои ахлоқӣ фаромиллӣ мебошанд ва андешаеро мавриди баҳс қарор медиҳанд, ки ҳуқуқҳои башар дар ҳамаи кишварҳо як хел мебошанд. Талаботи рушд боиси он мегардад, ки мо ба хотири ба даст овардани муваффақияти иқтисодӣ, ки нисбат ба ҳимояи ҳуқуқҳои шахс пурарзиштар дониста мешавад, аз озодиҳоямон даст кашем. Ниҳоят амният, ки ҳамчун арзиши волотарин дониста мешавад, барои иҷро накардани ўҳдадориҳо ба ҳайси баҳона хизмат мекунад. Мо ҳайронем, ки аксар қурбониёни шиканҷа камбизоатон мебошанд, ки ҳуқуқи иҷтимоиву иқтисодии онҳо вайрон карда шудаанд. Агар онҳо эътироз намоянд, он гоҳ онҳо ва касоне, ки онҳоро ҳимоя менамоянд, гирифтори шиканҷаю зўроварӣ мешаванд ва ё тамоман нобуд карда мешаванд. Эътирозҳои иҷтимоӣ ҷиноятолуда шуда, вусъат меёбанд ва ҷараёни рушдро ба асрҳо қафо мекашанд. Мо нозукиҳои ҳуқуқию техникиро, ки як намуди зўровариро ҳамчун шиканҷа ва дигарашро ҳамчун «фишори қонунӣ» эълон доштаанд, рад менамоем. Шиканҷадиҳанда бо роҳи ба одам барқасдона расонидани дард ё азобу шиканҷаи равонию рўҳонӣ кўшиш мекунад, ки ўро барои ошкор намудани ягон асрор ё хомўш истодан маҷбур созад. Шаъну шарафи ӯро паст занад, таҳқир кунад, ё дар вуҷуди ў тарсу бимро ҷо созад. Мо ҳукуматҳоеро, ки ба гурўҳҳои мусаллаҳ, баталёнҳои марг ё ҷангиён имконияти амал кардан медиҳанд, ё он давлатҳоеро, ки ба ҳокимияти полис имконияти аз мақомашон сўиистифода кардан медиҳанд, маҳкум менамоем. Ҳукумат ва мақомоти судиро зарур аст, ки ин қонунро на танҳо ба мардум расонанд, балки дар фаъолити ҳаррўзаи худ онро истифода баранд ва риоя намоянд. ВАО ва афкори умум асосан барои дастгирӣ кардани ҳамин ҳукуматҳо дар ҳалли ин ё он масъала хизмат карда, агар ҳамон ҳукумат аз иҷрои ҳамаи вазифаҳояш набарояд, онро мавриди интиқод қарор медиҳанд. Мутаассифона, дар даҳсолаи охир пешвоёни афкори умум, ки бояд ба риоя шудани ҳуқуқҳои инсон мусоидат намоянд, ба хотири «реализм ва ба мақсад мувофиқ будан», ба таҷрибаи баробари шиканҷа ва муносибати дурушт таҳаммул менамоянд. Амният, ҳуқуқуқ ба ҳаёти шоистаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва озодии фарҳангӣ ба ҳар як узви ҷамъият тааллуқ дорад. Онро на фақат мардуми бегуноҳ, ки шаъну шараф ва озодиашон аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд ва онҳое, ки риояи мавҷудияти ҳастии ҷисмонӣ, рўҳонӣ, маънавиашон кафолат дода мешавад интизоранд, балки ҷиноятккороне низ интизоранд, ки баровардани ҳукмашонро аз ҷониби судҳои мустақил, ки муҷозот тибқи қонун муайян карда мешавад. Ин ҳуқуқҳоро инчунин пулис ва мақомоти судӣ, ки ба ўҳдадориҳояшон бунёди ҷамъияти бехавф бо чунин воситаҳо, ки  мутобиқи касби онҳоянд, дороянд. Ин ҳуқуқҳоро ҳамчунин қурбониёне доро мебошанд, ки бояд барои таъмини адолати судӣ дар талаботи худ қасд ва ҷубронро сарфи назар менамоянд. Ин ҳуқуқҳоро занҳо низ доро мебошанд, ки бояд эътимод дошта бошанд, ки ба онҳо низ дар зиндагии оилавӣ ва касбиашон ба монанди мардон муносибат менамоянд. Ин ҳуқуқҳо ба мардуми таҳҷоӣ ва ақалиятҳои этникӣ низ тааллуқ доранд, онҳо ҳамчунин аз ҳамон ҳуқуқҳое истифода мекунанд, ки ба тамоми аҳли башар тааллуқ доранд. Онҳо ба камбизоатон низ тааллуқ доранд, зеро мубориза барои зиндагии шоиста ҷиноят нест. Ҳуқуқҳои мазкур ба муҳоҷирон ва шахсоне, ки бо мардуми дигар кишварҳо омезиш ёфтаанд низ тааллуқ доранд ва онҳо мекўшанд амнияташонро таъмин кунанд. Ҳуқуқҳои мазкур инчунин ба шахсоне тааллуқ доранд, ки аз ҳуқуқи инсон дифоъ мекунанд ва кўшишу талошашон қобили эътироф ва дастгирист, зеро вайрон кардани ҳар як ҳуқуқи онҳо ба ҳуқуқи қурбониён, ки зери ҳимояи онҳо мебошанд, таъсир мерасонад. Дар маҷмӯъ, ин ҳуқуқҳо ба ҷамъият пурра тааллуқ дошта, ҷамъият мўътақид аст, ҷаҳоне месозад, ки дар он ин ҳуқуқҳо ба ҳар як шахс тааллуқ доранд. Мо дорандагони ҷоизаи Нобелӣ барои тасдиқи манъи шиканҷа ва муносибати дурушт ва ғайриинсонӣ ё ҷазои пастзанандаи шаъну шарафи одам зери ин изҳорот имзоямонро мегузорем. Рад кардан он ин маънои вайрон кардани таҳкурсии арзишҳои шаъну шарафи инсон, асоси ҳама гуна ҷамъият дар доираи волоияти қонун мебошад. Мо таъкид менамоем, ки ин қонуни умумӣ аст ва озодӣ аз шиканҷа наметавонад аз дигар ҳуқуқҳои инсон ҷудогона баррасӣ гардад. Мо ба пешвоёни сиёсӣ ба онҳое, ки дар қабули қонун ширкат меварзанд ва дар тамоми қитъаҳо афкори умум ба вуҷуд меоранд, муроҷиат намуда, онҳоро даъват менамоем, ки дар кори дифоъи ҳимояи ин ҳуқуқҳо ва ҳавасмандии он фаъол ва ҳушёр бошанд. Мо аз мақомоти судӣ даъват ба амал меорем, ки қонунро бо назардошти ўҳдадориҳо доир ба ҳимояи ҷабрдидагон, новобаста аз кӣ будан, эътиқод ва ҳаракатҳои онҳо, ба  пуррагӣ риоя намоянд. Мо ба хотири огоҳ сохтани аҳли ҷомеа дар бораи он ки шиканҷа инкори шаъну шарафи инсон буда, он ба тамоми аҳли башар дахолат мекунад, чорабиниеро дастгирӣ менамоем, ки ОМСТ унвон дорад. Женева, Нйю-Йорк, моҳи марти соли 2010. Ба эъломияи мазкур дар сомонаи Ташкилоти байналмилалии ҷилавгирӣ аз шиканҷа бо нишонии  https://www.omct.org/en/international-campaigns/campaign-prohibition-tort...(бо забони англисӣ) пайваст шудан мумкин аст ва ё мустақиман ба идораи «Нотабене» дар Тоҷикистон тамос бигиред.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)