Бахшҳо
08 июл 2011 09:21Дидгоҳи хос

Сенсатсия

Мансабдорони тоҷик китобхарӣ мераванд

Дар бист соли истиқлолият образи мансабдори тоҷик қариб тағйир наёфтааст. Мансабдори тоҷик дар тасаввури мардуми оддӣ ҳавобаланд, доноталош (яъне худро мутахассиси беназир ва ҳамадон вонамуд менамояд,  аммо дар асл омили асосии қафомонии соҳа аст), фарбеҳ, сарватманд, олуфта… мебошад. Мансабдори тоҷикро дар толорҳои театр, толори китобхона, арт галереяи Сўҳроб Қурбонов, дар сўҳбати олимон  ҳеч гоҳ надидаанд. Онҳоро дар китобфурўшиҳо дидан бо як калима тасаввурнопазир аст.  Аммо вақтҳои охир дар дўконҳои китобфурўшӣ пайдо гардидани мансабдорони тоҷик ба қавле сенсатсия шуд. Чаро ва чӣ сабаб гардид, ки мансабдорон рў ба китобфурўшиҳо биёранд? Ва чаро дар бист сол ҳамагӣ як бор?
Агар фикр карда бошед, ки онҳо ахиран дарк кардаанд, ки  аз роҳи китобхонӣ метавон донишу ҷаҳонбиниро ташаккул дод, пас хато мекунед. Онҳо супориш гирифтаанд, ки чандтоӣ китоб аз хонаҳояшон барои пур кардани китобхонаи тозабунёди миллӣ биёранд. Чун онҳо бист сол вақти худро сарфи ҷамъ намудани ашёи қимматбаҳо кардаанд, шояд дар хонаашон китоб надоштаанд, ки рў ба дўконҳои китобфурўшӣ аниқтараш ба дўконҳои "букинист" овардаанд.
Як нафар фурўшандаи дўкони "букинист" мегўяд, ки тамоми китобҳои кўҳнаеро, ки ба як сомонӣ фурўхта наметавонист, алъон ба қимати чор -панҷ сомонӣ ба мансабдорон фурўхтааст. Ва чандин кило китобҳои беарзишеро, ки то ин замон ҳар як килояшро бо нархи як сомонӣ ба онҳое, ки коғази ташноб истеҳсол мекунанд, мефурўхтааст, мансабдорон ба қимати се- чор сомонӣ харидаанд. Сабаби маҳз ба дўконҳои ба истилоҳ "букинист" рў овардани амалдорон танҳо арзон будани нархи китобҳои аз замони Шўравӣ монда ва дар аксар ҳолат даҳсолаҳо ба фурўшнарафта мебошад. Ин далолат аз он мекунад, ки эшон он қадар эҳсоси баланди миллӣ надоранд, ки барои насли ояндаи миллат пули бештареро харҷ намуда китобҳои арзишмандтареро бо нархи гаронтар бихаранд.  
Шояд ҳеч амали ҳукумати Тоҷикистон дар ин бист сол пурарзиштар ва мондагортар аз бунёди Китобхонаи миллӣ набошад. Аммо дар охири кор китобғундориро ба як маъракаи масхара табдил додан арзиши ин кори савобро коҳиш медиҳад. Беш аз ин тасаввуреро ба миён меорад, ки миллати тоҷик аз китобу китобдорӣ огоҳ нест. Зеро ҷамъ намудани китобҳои арзонбаҳои якрангу якмавзўъ хазинаи китобхонаро ба ҳеч ваҷҳ ғанӣ намегардонад ва фарҳанги ҳазорсолаи китобдорию китобхонадории миллатро зери суол мебарад.
Ҳукумати Тоҷикистон, ки маблағи зиёдеро барои бунёди ин кохи фарҳангу илм харҷ намудааст, зарур аст, ки ҳарчӣ тезтар ин маъракаро қатъ карда  ва барои харидани китобҳои пурарзиш аз дохилу хориҷ маблағ ҷудо намояд. Ҳамчунин, барои харидани китоб аз ҳисоби олимону фарҳангиён як комиссияи босалоҳият ташкил намояд, ки бо назардошти қоидаҳои китобдорӣ ва арзишмандии китобҳо китобхонаро таъмин намоянд. Наход ҳукумат барои пур намудани як китобхона ҳарчанд калон ҳам бошад, оҷиз бимонад. Наход харидани китоб барои Китобхонаи миллӣ баробари иду ҷашнҳои лозиму нолозим арзиш надошта бошад?

Азизи Нақибзод
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)