Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:11

Ҳисоб

15 июл 2011, 12:37

Ҳаққи мардумхўрро  ҷазои вазнинтарини рўзи маҳшар интизор аст.

Ахиран, Тоҷикистон соҳиби Палатаи ҳисоб хоҳад шуд.

Пас аз имзои раиси ҷумҳур ба қонуни Палатаи ҳисоб дар Тоҷикистон ин ниҳод ба фаъолият шурўъ мекунад. Ин ниҳод минбаъд бояд иҷрои буҷаи давлатӣ ва фаъолияти молиявии ҳамаи ташкилотҳои буҷавиро аудит кунад. Яъне, ташкилотҳои буҷавӣ аз санҷиши мустақилонаи ин ниҳод мегузаранд ё агар содатар бигўем, мавриди ҳисобу китоби ин ниҳоди тозатаъсис қарор хоҳанд гирифт. Бояд гуфт чунин ташкилот дар тамоми кишварҳои пешрафтаву демократӣ вуҷуд дорад ва соҳиби имтиёзу нуфузи зиёде ҳам ҳаст. Бо ин вуҷуд, ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон пас аз таъсиси ин палата низ  хушбин будан агар гўем, ки камоли соддалавҳист, шояд дуруст бошад. Зеро пеш аз ин ниҳодҳое мисли Агентии назорати молиявӣ  ва баъдан Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  интизориҳои мардумро ҳосил накард.
Намедонам сабаб чӣ бошад, ки пас аз огоҳ шуданам аз ин масъала андешаам гирди мафҳуми "ҳисоб" чарх мезанад. Воқеияти 20 соли охир чунин тасаввур ба бор меорад, ки гўё мо чӣ дар сиёсат, чӣ дар масоили иҷтимоӣ ва чӣ дар масъалаи иқтисод аслан "ҳисоб" надоштаем, ё агар доштем ҳисоби дақиқ набуд. Тибқи ҳисоби молу мулк дар соли 1991 тамоми амволи Тоҷикистон 50 миллиард доллар арзиш дошт. Тасаввур кунед ин ҳисоби соли 1991 аст ва дар он замон ҳатто сад доллар чӣ мақом дар зиндагиву савдо дошт. Бо ҳисоби имрўз низ ин маблағи каме нест. Ҳади ақалл ҳоло низ он ба арзиши тақрибан биступанҷ(!!!) НБО Роғун баробар аст. Мувофиқи ҳисоби имрўз мо барои дарёфти 2 миллиард доллар барои сохтмони Роғун ба масал "ҳисоб гум кардаем". Хуб, ин ҳисоби иқтисодиву молии мост.
Аммо ба назар мерасад, ки мо дар интихоби кишварҳои шарик дар сиёсат низ он қадар ҳисоби муваффақ надоштаем. Аксар вақт дар лаҳзаҳои мушкил шариконамон моро танҳо гузоштаанд ва бинобар ин иваз ҳам шуданд. Аҷаб нахоҳад буд, ки чунин бархўрди манфиатҳо таҳдид ба амнияти кишварамон низ хоҳад шуд.
Воқеан ҳисобҳои мо ғайриоддӣ ва пуртазоданд. Мо ҳисоб мекунем, ки чӣ қадар маблағ дар маъракаҳои мардум ба фано меравад. Аммо ҳисоб намекунем, ки дар ҷашнҳои давлатӣ  харҷ чандин баробар аст. Ё мо ҳисоб дорем, ки наздики 2 миллиард доллар қарздорем, вале ин 2 миллиард дар куҷо харҷ шудааст, гумон намекунам, ки ҳисоби мушаххас вуҷуд дошта бошад. Ё ба ҳисоб намегирем, ки агар имкони баргардонидани ин қарзҳоро надорем, пагоҳ ба ҷояшон чӣ хоҳем пардохт. Шояд ҳисоби дастандаркорон мисли он хоҳад шуд, ки заминро ба Хитой доданду ҳазору як ривоят кофтанд, то ин тасмими худро "дуруст" маънидод кунанд.
Мо ҳисобот медиҳем, ки ҳазорон ҷои нави корӣ таъсис додем, аммо ҳисоби бекоронамон сол аз сол афзунтар мегардад. Дар ҳисоби муҳоҷири кориамон дар хориҷи кишвар низ сар гумм кардаем. Аввал таҳлилгарон теъдоди онҳоро беш аз 1 миллион мегуфтанду мақомот  дар ҳудуди 500 ҳазор нафар. Ҳоло мақомот ин теъдодро ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар "рост" кардаанду таҳлилгарон мегўянд дар ин ҳисоб низ бояд кадом "ҳисоби дурусти" ҳукуматро ҷустуҷў кард: тибқи ин "ҳисоб ё бояд грант бигиранд, ё қарзи нав.
Мавзўи грант аҷобат ҳатто тазодҳои дигар низ дорад.  Ҳар сол ҳисоб карда мешавад, ки Тоҷикистон чандин миллион доллар грант дарёфт кардааст, лекин ҳисоби манфиат аз ин грантҳо ҳадди ақал дастрас нест. Илова ба ин ҳукумат дўст медорад, ки ҳисоб кунад созмонҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарӣ чӣ миқдор грант дарёфт кардаанду онҳоро гоҳо ба "хиёнаткорӣ" низ муттаҳам мекунанд. Аммо вақте ҳукумат грант мегирад, гўё ҳеч гапе нест. Ба ҳамин минвол ҳисобҳо беҳисобанд. Ва на танҳо дар ҳисобу мўҳтавои грантҳо.
Бо ин ҳама, агар фарзия пеш орем, ки дар мақомоти Тоҷикистон ҳисобдонҳо нестанд, оқилона наменамояд, зеро дар ҳисоби овозҳои интихобот, ҳисоби дороиҳои сарватмандон, ҳисоби даромади муфти беҳисоби  ширкати IRS  онҳо дар ҳисобдонӣ касро ба ҳайрат меоранд.
Ба ҳар ҳол дар идораи давлат ҳисоб хеле муҳим аст. Ин пули ҳукумат нест, ҳаққи ҳалоли мардум аст. Аз ин рў онҳое, ки ҳисоб дар дасташон аст, бояст аз Рўзи ҳисоб низ гоҳ-гоҳе андеша намоянд. Мегўянд дар ин рўз ҳаққи мардумхўрӣ ҳисоби асосӣ хоҳад буд.
Азизи Нақибзод{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!