Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:42

Ману танҳоӣ, ғарибӣ ва андешаҳои бепоён

27 июл 2011, 10:18

Имрўзҳо теъдоди ғамхорҳо ё ба истилоҳ «дилсӯзон»-и муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон афзуда, ба қавле онҳо дар ҳар қадаманд, ҳукуматдор, корманди хадамоти муҳоҷират, табиб ва намояндаи дигар касбу кор… Дар тамоми расонаҳои хабарии кишвар гаштаву баргашта дар бораи сахтиву азоби муҳоҷирин менависанду мегўянд, ки аз тарафи намояндаи ин ё он миллат муҳоҷирони тоҷик азият дида, мавриди таҳқир қарор мегиранд.Бисёр мешунавему мебинем, ки бархеҳо дар бораи қисмати талхи ҳамватанони бурунмарзӣ суханҳои зебо менависанд, аз тақдири муҳоҷирон бо сӯзу гудоз қисса мекунанд…  



Беҳтараш суханро ба дарозо накашида, асли мақсадамро бароятон мегӯям. Ман низ муҳоҷирам ва солҳост, ки дар кишвари Русия кору фаъолият дорам.Шукри инояти Худованди азза ва ҷалла, ки аз ҷиҳати моддӣ ҳеч камбуде надорам, то ҷое аз ҳама чӣ таъминам, аммо ёди Ватан, меҳани азизам Тоҷикистонро дар қалб дорам, ба ёди обҳои сарду гуворояш сар чарх мезанад, бо шунидани суруди ғарибии кадом як хонандаи тоҷик гиря гулугирам мекунад, симои волидайн, пайвандон ва  табиати дилфиреби рустои зебоманзарам ҳамеша бо ман ҳамқадаманд. Рӯзҳо дар хиёл, шабҳо дар хобам кӯҳҳоро мебинам, аммо ин рӯъё аст, шабеҳ аст…даст дароз мекунем, ки бадани ватанро палмосам, аммо он дуртар меравад.Чанд сол боз ин дард бо ман аст, намехоҳам, ки лаҳзае аз ватан фаромӯш кунам, аммо чӣ чора: Замин сахту осмон баланд ва мо мусофирем, бале мусофиру муҳоҷири ғариб, дур  аз хоки диёр…  Дар ҳар куҷо ки набошем, мо тоҷикем, тоҷики тоҷдор. Посдорандаи анъананаҳои неку номи баланди ориёӣ. Хоҳ нохоҳ ҳар куҷое набошем, тоҷикем ва ҳар ҳарфе дар бораи миллати мо садо диҳад қалбҳои моро ба ларза меорад. Мутаасифона, на ҳамаи ҳамватанони мо ба шаъну эътибори миллат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд, бархеҳо ҳатто бойиси шармандагии миллат дар хориҷа мешаванд. Бале вақте ки моро Ҷамшуду Равшан гуфта масхара мекунанд, ба иззати нафсамон мерасанд, ҳақиру нотавон мегӯянд, ин хеле аламовар аст.

Ба назари банда вазифаи муқаддаси ҳар як муҳоҷири корӣ, ки аз Тоҷикистон ба берун аз кишвар сафар мекунад, қабл аз ҳама пос доштани урфу одат, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва доштани фарҳанги баланд аст. Ногуфта намонад, ки ба ҳар давлате, ки наравӣ бояд забони онҳоро донӣ, то дар баробари бегонагон эҳсоси бегонагӣ накунӣ. Беҳуда нест, ки бузургон фармудаанд: «Агар хоҳӣ, ки дар назди дигарон маҳбуб бошӣ, аввал худ намунаи дигарон бош!». Ин гапи хушку холӣ нест, аз ин рӯ бародарони ҳамватани ман биёед, намунаи дигарон бошем, худро хандахариши дигарон насозем, рафтору кирдорамонро ба замони муосир мутобиқ созем…

Чанд рӯз пеш бародарамро ба Тоҷикистон гусел намудам ва он чизеро, ки дар   фурудгоҳи Домодедово бо чашми сар дидам, маро водор ба навиштани ин сатрҳо кард. Ин майдони ҳавоӣ, яке аз бузугтарин фурудгоҳҳои Русия мебошад, ки ҳамарўза ҳазорон-ҳазор мардуми гӯшаву канори дунё аз он ҷо сафар мекунанд.Дар фурудгоҳи мазкур даҳҳо адад терминали бақайдгирӣ мавҷуд аст ва намояндагони қавму миллатҳои гуногун вобаста ба хатсайрҳои парвоз сабти ном шуда, ба шаҳрҳои дилхоҳашон парвоз мекунанд. Ҳама ҷо ором, бақайдгирӣ низ бонизом ҷараён мегирад, ба ҷуз терминали Маскав-Душанбе. Мусофирони тоҷик навбатро риоя накарда, доду фарёд мезананд, ҳар кас мекўшад,ки пештар аз дигаре вориди толори парвоз шавад, гўё ки дер мемонда бошад. Аз фарҳанги шарқиёна ва маданияти тоҷикӣ чизеро ин ҷо пайдо кардан амрест муҳол.Вақте мо назди терминал расидем, як ҷавони хеле зирак ва лоғарандом ба назадамон ҳозир шуда гуфт, сумкаҳоятонро болои тарозу гузоред, агар вазни зиёдатӣ дошта бошанд бароятон «бирка» пайдо мекунам, албатта бо нархи арзон. «Ба ҷои 160 рубли русӣ ман ҳамагӣ 100 рубл мегирам», афзуд ин тоҷири тоҷик. Дар гӯшаву канори терминали Маскав-Душанбе низ ҳамин ҳолро мушоҳида кардам, ба қавле чанд ҳамватани мо дар ин ҷо «бизнес» доранд, бизнеси бору билет. Ростӣ нафаҳмидам, ки ин ҷавонон бо кадом роҳ ва чӣ тиҷорат доранд, ё намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ бо онҳо шариканд? Чаро дигарҳо хеле орому ботамкин аз қайд мегузаранд, ба парвоз омода мешаванд, қабл аз ҳама аз ғурфаҳо чиптаи бозгашт ба ватанро дарёфт мекунанд, аммо мо фақат бо «тағобозӣ», пардохти пули иловагӣ, ҳаёҳу ва теладиҳӣ ба самолёти Тоҷикистон ворид мешавем. Магар ин аз маданияти баланди мо дарак медиҳад? Мо кистем ва куҷо равонаем, то куҷо бо ин аҳвол хоҳем расид…Ҳарчанд фикр кардам, ҷавоби ин суолҳоро наёфтам, ҳоло ҳам дар ҷойи кор дар пойтахти Русия сари миз нишаста, дар ин бора фикр мекунам…Андешае, ки поёнашро намебинам.
Ҳамзаи Сафар, муҳоҷири тоҷик дар Маскав{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!