Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:59

Сафири нави Қазоқистон дар Тоҷикистон ба ҳамкориҳои дуҷониба итминон дорад

23 июн 2011, 04:24

Агибай Смагулов, сафири тозатаъини Қазоқистон дар Тоҷикистон ба вазири умури хориҷа нусхаи эътимодномаашро супорид.


Зимнан, рӯзи гузашта ба ин муносибат Ҳамрохон Зарифӣ дипломатии қазоқро ба ҳузур пазируфт. Пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти ҷонибҳо доир гардид, ки зимни он вазири корҳои хориҷӣ сафири Қазоқистонро ба ин муносибат табрик намуда, дар фаъолияти ӯ ҷиҳати таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон муваффақиятҳо таманно кард.
Агибай Смагулов дар навбати худ гуфт, барои фароҳам овардани имкони мулоқот ва муҳокима намудани масъалаҳо изҳори ташаккур мекунам, итминонам комил аст,ки муносиботи ҳасанаи ду кишвар аз ин баъд низ рушду тавсеа хоҳанд ёфт.  
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд, ҳамчунин дар ин нишаст мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!