Бахшҳо
03 авг 2011 12:15Фарҳангу адаб

Синамо: Аз шоҳкориҳои Кимёгаров то таппакқиссаҳо

Кино беҳтарин мубаллиғи фарҳанги ҳар миллат маҳсуб мешавад. Тавассути филмҳо метавон давлатро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Кишварҳои абарқудрат бошанд, аз тариқи  филмҳо сиёсати худро ба намоиш мегузоранд. Дар бештари филмҳои русӣ, ки аз тоҷику Тоҷикистон ном бурда мешавад, миллати моро ё ҳақиру нотавон нишон медиҳанд ва  ё ҳадди аққал таҳқир мекунанд. Аз аксари филмҳои истеҳсоли ватанӣ бошад, ишқи сармозадаи кӯдакӣ ва бӯйи таппак ба ёд меояду бас.

Фазои холии олами синаморо филмҳои туркӣ забт кард
«Ҳомиён», «Пайраҳаи тақдир», «Хаёлҳои сабз», «Мисли Юсуф», «Меҳвари ҳақиқат», «Рӯ ба сӯи маърифат» ва «Водии гургон». Номгӯи нопурраи сил-силафилмҳои тавлиди Туркия аст, ки таи ду соли ахир дар Тоҷикистон харидори зиёд доранд. Агар як паҳлӯи ба тамошобини тоҷик писанд омадани ин филмҳо дар наздикӣ доштани зиндагӣ, фарҳанг ва мазҳаби қаҳрамонони филм ба шароити кишвари мо бошад, ҷиҳати дигар бо тарҷумаи хуб ва дилчаспи тоҷикӣ пешниҳод шудани онҳост (воқеан дар мавриди тарҷумаи филмҳо поёнтар сӯҳбат мекунем). Ҳафтае як маротиба як қисмати ин филмҳои бисёрсериягӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Дар кӯчаҳо кӯдакони дискфурӯшро мебинем, ки бо садои баланд аз таҳия шудани қисмати нави ин филмҳо мужда медиҳанд. Ҳоло қариб ҳама чиз номи қаҳрамонҳои филмҳоро гирифтааст. Ҳатто тарбуз ҳам. Аз назди тарбузфурӯше мегузаштем, ки ҷор мезад: Малика 5 сомон, Хайрӣ 7 сомон, Ҳалима 10 ва Йигит 15 сомонӣ…
Дар бозорҳо низ матоъ ва либосу пойафзол кайҳо номи ширкати истеҳсолкунандаашро фаромӯш карда, исми қаҳрамонҳои филмҳои туркиро гирифтааст. Аммо бо гузашти 20 сол аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳатто бодиринг номи ягон қаҳрамони филми тоҷикиро нагириф ва Худо медонад, ки дар 20 соли дигар чунин мешавад ё хайр…
Филмҳои туркӣ дар фазое ба Тоҷикистон роҳ ёфтанд, ки тамошобини тоҷик ниёз ба чунин кино дошт. Синамогарони турк ҳама паҳлӯҳои филмофариниро ба инобат гирифтаанд- муборизаи некӣ бо бадӣ, ҷанбаҳои ватандӯстиву тарбиявӣ ва сатҳи баланди наворгириву танзим. Филмҳои туркӣ дар замоне ба дили тамошобин роҳ ёфт, ки онҳо аз дидани филмҳои куштору ғорату қудратнамоии тавлиди Амрикову Русия қадре хаста шуда буданд. Бо эҳтимоли зиёд барои чанд соли дигар дар кӯчаҳо кӯдакон филмҳои туркиро таблиғ хоҳанд карду мардум барои тамошои қисмати нави ин ё он филм бесаброна ҳафтаи навро мунтазир хоҳанд шуд, зеро синамои тоҷикро «хобби ноз» бурдааст…

 

Кимёгаров рафт, ку Кимёгари дигаре?
Дар Тоҷикистон на танҳо ба рушди кино ахамияти ҷидӣ дода намешавад, балки заҳмати онҳое, ки солҳои тӯлонӣ барои тавсеаи кинои тоҷик дар замони шӯравӣ шабу рӯз кор кардаанд, қадр намешавад. Ҳатто аз мурдагон низ дигар ёд намешавад. Яке аз чунин афрод Борис Кимёгаров аст. Ӯ бузургтарин коргардони синамои тоҷик ас, ки фарҳангу кинои тоҷикро барои оламиён ошно кард, аммо чандин сол аст, ки бо вай мисли ноошное муносибат мекунанд. Кимёгаров агар миёни мо мебуд, ба сини 91 қадам мегузошт. Аз 90-умин солгарди мавлудаш дар Тоҷикистон  касе ҳарфе нагуфт, танҳо духтараш ҳазорҳо чакрим дуртар аз Тоҷикистон он рӯз бо оши палове рӯҳи ӯро шод кард.
Борис Кимёгаров аз худ меросе ба ёдгор гузошт, ки номашро барои ҷовидонӣ зинда нигоҳ медорад. Филмҳои «Рустаму Сӯҳроб», «Достони Сиёвуш», «Достони Рустам» ва «Коваи оҳангар» силсилафилмҳое аз рӯйи асари «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Сарнавишти шоир» аз рӯзгори сардафтари адабиёти форсу тоҷик-Рӯдакӣ ва «Ҳасани аробакаш», «Дохунда»-ву «Одам пӯсташро иваз мекунад» аз пурарзиштарин маҳсули эҷоди Кимёгаров аст.  
Кимёгаров соли 1920 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада, соли 1979 дар сини 58 солагӣ дар Душанбе ин ҷаҳонро падруд гуфт.
Филмҳое, ки маҳсули эҷоди Кимёгаров ҳастанд ба фарқ аз киноҳои даврони истиқлолият бо вуҷуди такроран тамошо кардан «дилбазан» намешаванд.   
Муҳақиқони синамои тоҷик мегӯянд, Тоҷикистон баъди Кимёгаров коргардони ҳунарманду хушсалиқаеро надидааст, ки сарсупурдаи кори худ бошад.

 

Тоҷикфилм ё таҳқирфилм?
Соҳибистиқлолӣ мебоист бештар аз ҳама ба рушди бахши синамо таъсири мусбат мерасонд, аммо чунин нашуд. Дар ин 20 сол филмҳое, ки тамоми нозукиҳои филмофариро дар худ дошта бошад, ангуштшумор аст. Ба назар мерасад, имрӯз завқи тамошобини тоҷик низ ба ҳадди ниҳойӣ поин рафтааст. Талабот ба филмҳои ғайриҳирфаӣ далели муътамади ин сухан аст. Филмҳои «Беҳуда хорам мекунӣ», «Умеди охирин», «Вақте болои шаҳр борон мерехт» ва амсоли инҳо, ки бо сужаи хом, коргардонии ғайрипрофесионалӣ ва банду басти ноҷо наворбардорӣ шудаанд гӯйё харидорони худро доранд. Аммо оё вазифаи коргардон ва филмноманавис нест, ки ба баланд бардоштани завқи тамошобин мусоидат намояд?
Маҳз ҳамин филмҳои ғайрикасбии тоҷикӣ буд, ки дар чанд соли охир бозори филмҳои хориҷӣ ба вижа ӯзбакиву русиро дар кишвар гарм кард.
Тоҷикистон дар таҳияи филмҳои бадеӣ «пешрав» аст. Аммо аксари онҳо, ки аз сӯйи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон таҳия шудаанд, танҳо аз хизматҳои раҳбарияти ҳукумат қисса мекунанд. Охирин аз ин сил-сила филми «Ҷодаи қисмат» буд, ки аз суйи мутахасисон баҳои ғайриқаноатбахш гирифт.
Тоҷикон дар «филмҳои тасвирӣ» низ ноком боқӣ мемонанд. Дар чанд соли ахир ягон филми тасвирии тавлиди Тоҷикистон рӯйи навор наомадааст. Дар шабакаи кӯдаконаи «Баҳористон» бошад, филмҳои тасвирии амрикоиву русӣ ва кишварҳои дигар намоиш дода мешавад, ки бештар аз 90 дар садашон бо забони ғайридавлатиянд.   
Илҳоми бештари филмҳои тоҷикии баъди истиқлолият синамои Ҳиндустон аст, ки он ҳам беҳунарона анҷом мешавад. Дар аксари филмҳои тоҷикӣ муҳаббат- ишқи кӯдакиву Тоҷикистон макони таппак муаррифӣ мегардад.
Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои «бо ду по лангидан»-и синамои тоҷик ба вазъи молиявӣ бастагӣ дорад. То кунун ҳеч соҳибкор ё сарватманде розӣ намешавад, ки ба ин бахш маблағгузорӣ кунад, ҳарчанд ба қавли коршиносон бахши филмсозӣ (киноиндустрия) яке аз даромадноктарин соҳа буда метавонад.
Барои ашхоси сарватманд бунёди тарабхонаву марказҳои савдо ба қавле «бе дарди сартар» намуда, намехоҳанд маблағи худро ба бахши синамо «риск» намоянд.      
Дар кишварҳои хориҷ ҳамасола аз бахши киноиндустрия ба буҷаи кишвар ҳазорҳо доллар фоида мерасад.

 

«Қиёми рӯз» серҷоизатарин филми тоҷикӣ, вале бо як гул баҳор намешавад
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ филмҳое, ки дар ҷашнвораҳои байналмилалии синамо манзури бинанда шудаанд, ҳатто ангуштҳои як дастро пур намекунанд.
Аммо дар ин миён филми сохтаи коргардон Носир Саидов барои Тоҷикистон ҷоизаҳои зиёде овард. Тайи ду сол ин филм дар 17 кишвари ҷаҳон ба намоиш гузошта шуд ва чандин ҷоизаи фестивалҳои байналмилалиро ба худ ихтисос дод.
Ахиран, аз соҳиби се ҷоиза шудани филми ҳунарии коргардон Рустам Шоазимов бо номи «Худкуш» хабар расид. Расонаҳо навиштанд, ки «Худкуш» ягона филми тоҷикист, ки баррандаи ҷашнвораи амрикоии «American International Film Festival» шудаст.
Соли гузашта филми «Одами барфи»-и коргардон Юнус Юсупов дар кинотеатри «Иллюзион»–и шаҳри Маскав ба намоиш гузошта шуд. Ба ин монанд, филмҳои «Овора»-Муҳаббат Сатторӣ ва «Падари моҳтоби»-и Бахтиёр Худойназаров низ чандин ҷашнвораро сайр кардаанд. Аммо барои муаррифии Тоҷикистон ин бастанда нест.

 

Тоҷикон дар филмҳои Русия таҳқир мешаванд
Дар панҷ соли ахир бахши киноиндустрияи Русия ба таври бесобиқа рушд кард. Даҳҳо ширкати давлативу хусусӣ ба таҳияи филмҳои гуногунсужа дасту остин барзаданд ва дар муддати кӯтоҳ муваффақ ҳам шуданд. Ба вижа сериалҳо бо сужаи «криминал», хонаводагӣ ва «мелодрама» зиёд рӯйи навор омаданд. Акнун наврасони тоҷик бар иловаи қаҳрамонҳои филмҳои туркӣ ба қаҳрамонҳои филмҳои русӣ монанд шудан меҳоҳанд ва «Вандам»-у «Чет Ли», «Чак Норес»-у «Долф Лундгрен»-у «Рембо»-ро қариб фаромӯш кардаанд. Ҳарчанд, ҳеҷ кадоме аз «идеалҳо»-и голивудии кӯдакон, наврасон ва ҳатто баъзан ҷавонони тоҷик дар филмҳояшон тоҷикро таҳқир намекарданд, балки аз Ветнаму Ироқ, Афғонистону кишварҳои фақрзадаи Африқоӣ террористу бадхоҳонро ҷазо додаву аз ҷони ширин маҳрум мекарданд. Қаҳрамонҳои филмҳои русӣ бошанд нашъаҷаллобону экстремисту террористонро аз миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ ба вижа аз давлатҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна меҷӯянд. Дар бештари маврид ин шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Дар ин қабил филмҳои тавлиди Русия «тоҷикони нашъаҷаллоб» дар баробари образҳои мусбати филмҳои русӣ бечораву нотавонанд. Гузашта аз ин дар бархе аз филмҳо, ки номи тоҷик гирифта мешавад қиёфаҳои ғайритоҷикие ба намоиш гузошта мешаванд. Ба гунаи мисол дар филми «Всяки» табааи мардикори Тоҷикистоние бо гумони даст доштан дар рабудани як портрет аз осорхонае гумонбар мешавад. Кормандони бахши тафтишотӣ он «тоҷик»-ро, ки ягон рагу пайвандаш ба тоҷик шабоҳат надорад, мавриди пурсуҷӯ қарор медиҳанд. Ин нафар, ки тоҷик муаррифияш мекунанд шояд шаҳрванди Қирғизистон бошад. Ё коргардони филм гумон мекунад, ки тамоми мардуми Осиёи Марказӣ як хеланд ё шояд барои пайдо кардани як тоҷик ҳавсала накардаанд, дар кишваре, ки тибқи омори ғайрирасмӣ беш аз 1 миллион тоҷик ба муздурӣ мекунад. Ба ҳар сурат як чизи «хушҳолкунанда»-и ин сужаи филм он аст, ки дуздиро на «тоҷик», балки як корманди худи осорхона анҷом додааст.
Дар филми «Десантура» бошад, 4 «десант»-и рус баъди аз террористон пок кардани кишварҳои қафқозӣ ба шарқи Тоҷикистон меоянд, то як мақоми баландпояи афғонро ҳифз намоянд. Кормандони мақомоти интизомии тоҷик лоғарандому тарсу ба намоиш гузошта шудаанд. Хуллас, ин 4 «герой» хуб тоҷиккушӣ карда «соқу саломат» ба ватани бобоияшон бармегарданд.   
Ба эҳтимоли зиёд баъди фурсати кӯтоҳе «қаҳрамонҳои рус» дар Камароб пайдо мешаванду террористонро «торумор» мекунанд. Барои ин танҳо гузашти вақтро мунтазир буд.
Филми «Байзаи қисмат» (Яйца судьбы) давоми таҳқирномаи барномаи «Наша Раша» аст. Инҷо шиносномаи Тоҷикистон бераҳмона таҳқир мешавад, онро зери хок мекунанд. Гӯйё як миллат зери хок мешавад, аммо ба ҷуз аз чанд журналисту шаҳрвандони оддии миллатдӯст «пинак»-и касе дар сатҳи боло вайрон нашуд.
Дар силсилафилми «Бригада» ҳам тоҷикони нашъаҷалоб «реклама» мешуданд, аммо дар қиёс ба сужаҳои дигар ин тоҷик ҷасур нотарс буд.
Танҳо дар филми «Интерни» тоҷикон таҳқир нашудаанд. Як духтури навкор вақте аз сардухтур супориши таъмири утоқҳоро мегирад ба ёдаш мерасад, ки дар беморхона ду тоҷик муолиҷа мегиранд. Ин нафар мехоҳад, к ибо пули андаке тоҷиконро кор фармуда, маблағи зиёдеро ба киса андозад. Вақте ба утоқе, ки тоҷикон хобанд меравад он ду «тоҷик» нард бозӣ доранд. Ин навдухтур мегӯяд, ки ба онҳо мардикор лозим. Аммо он ду нафар бо забони шевои русӣ мегӯянд, ки «аз осиёи марказӣ будан маънии мардикор буданро надорад» ва худро муаррифӣ мекунанд, ки яке профессори тиб, дигарӣ академик ва аъзои ифтихории ҷамъияти илмии Оксфорд. «Пулатонро гиреду узр пурсед»,-мегӯяд яке ва бо забони тоҷикӣ бо худ мегӯянд, ки «ин бача на шарм дораду на ҳаё»…

 

Дубляж
Тоҷикистонро дар бахши баргардонӣ ё дубляжи филмҳо низ наметавон муваффақ номид. Бештари филмҳо дар мо замоне ба тоҷикӣ гардонда мешаванд, ки он филмро тамошобин  аллакай чандин маротиба бо русӣ ё забони дигар тамошо кардааст. Дар ҳоле, ки тибқи маълумотҳо дар аксар кишварҳо намоиши филмҳо бо забони ғайридавлатӣ мамнӯъ аст.
Фикр мекунам, касе хостори пурра ба забони тоҷикӣ баргардонидани филмҳо нест, махсусан бо аҳволи дубляже, ки алъон сурат мегирад. Аммо раванди ин ҷараён метавонад ба оҳистагӣ ба касбияти ин бахш оварда расонад.
Бештари филмҳои баргардонидашуда кори «Тоҷикфилм» аст. Ба фарқ аз замони шӯравӣ сатҳи фаъолият дар бахши синамо на танҳо дар офариниши ғайрикасбии филмҳо аст, балки дар дубляж низ костагиҳои зиёд мушоҳида мешаванд. Аксари филмҳое, ки дар чанд соли ахир аз сӯйи «Тоҷикфилм» ба забони тоҷикӣ баргардонида шудааст, садоҳои тоҷикӣ сохтакорона баромадаанд.
Ин ҳолат дар «Телефилм»-и шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад. Аксари ин дубляжҳо ба ҳадде номуваффақанд, ки агар тамошобин бо забони русӣ онро тамошо карда бошад, аз баҳри тамошои он бо забони модарӣ мебарояд.
Яке аз камбудиҳои ҷиддӣ дар самти дубляж риоя накардани нозукиҳои мусиқӣ ва банду баст мебошад. Ба ҳадде, ки ба нозукиҳои тарҷумаи филми тасвирии «Шрек», ки гуфта мешавад амали ҳавасмандонаи чанд ҷавон аст, мутахасисони соҳа баҳои баланд доданд (танҳо лаҳни тарҷума, ки дашному суханҳои берун аз одоб буд, ҳусни онро коҳонд).   
Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» низ дар дубляжи филмҳо ахиран то ҷое муваффақ шудааст.    
Аммо ахиран чанд студяи мустақил аз қабили «Ҳамсадо», «Насиҳат» ва «Симо» бозори дубляжро дар Тоҷикистон қариб пурра аз они худ карданд. Ба фарқ аз шабакаи аввал, «Тоҷикфилм» ва ҳатто «ТВ Сафина» ин студяҳо нозукиҳои дубляжро ба пуррагӣ риоя намуда, ҳатто шеваи тарҷумаашон низ муассиртар аст. Ин студяҳо бештар ба баргардонии филмҳои туркӣ машғуланд, ки тавре болотар ишора кардем, ҳоло аз серхаридортарин маҳсуб мешаванд.

 

Абдулазизи ВОСЕЪ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)