Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:58

23-июн: «Рӯзи Олимпӣ» васеъ таҷлил мегардад

23 июн 2011, 04:41

Дар саросари Тоҷикистон имрӯз «Рӯзи Олимпӣ» таҷлил мегардад.


Ба ин муносибат дар гӯшаву канори мамлакат чорабиниҳои мухталифи варзишӣ, аз қабили волейбол, тенниси рӯи миз ва варзиши сабук доир мешаванд. Дар ин бора Маликшо Неъматов, нойиб-райиси Кумитаи Миллии Олимпӣ дар ҳузури хабарнигорон иттилоъ дод. Бино ба қавли ӯ, сабқатҳои асосии варзишӣ асосан дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Мавсуф афзуд, дар донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов мусобиқоти баскету волейбол, тенниси рӯйи миз ва гӯштини самбо миёни дӯстдорони ин навъи варзиш сурат мепазиранд, дар «Кӯли Ҷавонон» бошад баргузории мусобиқоти қайиқронӣ ба нақша гирифта шудааст.

Неъматов ҳамчунин гуфт, бахшида ба ин рӯз ба ду нафар варзишгарони номии Тоҷикистон- Дилшод Назарови гурзандоз ва Расул Боқиеви гӯштигир ба маблағи 5000 сомонӣ аз ҷониби раҳбарияти Кумитаи Миллии Олимпӣ тақдим мегардад.

Маврид ба ёдоварист, бозиҳои нахустини Олимпӣ ҳанӯз соли 1896 бо ташаббуси Пйера де Кубертен баргузор шуда буданд. Соли 1967 кумитаи байнулмилалии Олимпӣ қарореро ба тасвиб расонид, ки аз он ба баъд рӯзи 23-юми июн ҳамчун «Рӯзи Олимпӣ» ҳамасола таҷлил мегардад. Дар ҷумҳурии мо се соли ахир аз ин чорабинӣ ба таври густурда истиқбол мекунанд.{jathumbnail off}

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!