Бахшҳо
05 сен 2011 06:39Дидгоҳи хос

Қудс

Ҳар ҷумъаи охирини моҳи мубораки Рамазон огандаи атри ёди Фаластин аст. Ҳар мусалмони бедор ва ҳар инсони адолатдўсту озодихоҳ имрўзҳо барои таҳаққуқи ормони мардуми Фаластин дуо мекунад. Бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон имом Хумайнӣ ибтикори зиёди созанда ва омўзанда барои ҷаҳони ислом ба мерос гузошта, ки яке аз онҳо ҳамин эъломи охирин рўзи ҷумъаи моҳи Рамазон ба унвони Рўзи Қудс аст. Яъне имом Хумайн аз ин тариқ таваҷҷўҳи ҳамаи мусалмононро ба ин фоҷеа дар як гўшаи ҷаҳони ислом ҷалб намуд. Охир фармудаи Қуръон аст, ки муъмин бародари муъмин аст ва бародарон бояд аз ҳоли ҳамдигар хабардор бошанду дар сурати зарурат ба ҳам кўмак кунанд… Бо ин ҳол олами огандагўш ба дарки умқи ду фоҷиаи азим дар асри гузашта ҳанўз ё нарасида ё расидан намехоҳад. Ин ду фоҷиа; аз маркази фарҳангу тамаддун ба як шаҳраки музофотӣ табдил шудани Бухоро ва аз сўи сионистҳо ишғол гаштани сарзамини Фаластин аст. Агар ҳар кўчаву паскўча, ҳар як ваҷаб хоки фарҳангхези Бухоро дигар фақат мазори маънавӣ ва рамзии тоҷик шуд, пас аз ишғол чунин ба назар мерасад, ки ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Фаластин мазори фарзандони баномус ва озодихоҳаш гаштаву мегардад. Сарнавишти Фаластин таи муддате беш аз ним аср фоҷиаи бузургеро мемонад. Ин фоҷиаро як гурўҳи кучак алайҳи як миллат роҳандозӣ карданд. Афсонае, ки чандин садсола гурўҳакҳои ифротиро руҳия мебахшид, инак чанд даҳсолаест, ки сурати амалӣ ба худ гирифтаву миллатеро дар мазлумияти тамом қарор додаст. Ҳатман аъмоли зишти сионистҳо дар китоби таърихи башар ба сифати ҷиноят бар зидди башарият сабт шуда ва барои ҳамешаи таърих ин доғи нанг бар пешонии онҳо боқӣ хоҳад монд. Ҳамон гуна, ки қаҳрамонии мардуми мазлуми Фаластин дар дифоъ аз ҳақи худ низ рўзе ба таври бояду шояд арҷгузорӣ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳоло Созмони милал ва ниҳодҳои дигари байналмилал дар камоли бетафовутӣ ва бетарафӣ фоҷиаеро, ки беш аз 60 сол аст ба сари мардуми мазлуми Фаластин омада, ба тамошо нишастаанд. Инҳо таҳти таъсири гурўҳҳои лоббии сионист қарор доранд. Ҳамаи иддаоҳояшон дар бораи озодиву ҳуқуқи башар дурўғин аст, ҳамаи арзишҳояшон пашизе арзиш надорад. Ҳақ бар ҷониби аллома Иқбол аст, ки ним аср пеш моҳияти ин созмонро дарк кардаву мазҳари макру фандаш хонда буд. Воқеан агар чунин нест, чи гуна мешавад як гурўҳе аз ҳар гўшаи ҷаҳон меояду сарзамини мардумеро азаш бигирад ва дар он ҷо давлату кишвари сохтаву маснуъӣ бунёд ва соҳибони аслии сарзаминро аз дастрасӣ ба маконҳои муқаддасаш манъ кунад. Аз сўи дигар, Фаластин қурбонии беномусӣ ва беҳимматии як идда шайху афроде шикамбандаи араб аст. Онҳо дар бенангии тамом ормони миллати мазлуми Фаластинро, ки ҳамоно озодии сарзаминаш мебошад, дар нишасту иҷлоси пинҳону ошкор ба савдо гузоштанду мегузоранд. Хеле ҷои таассуф дорад, ки ниҳодҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии исломӣ, назири Созмони конфронси исломӣ, иттиҳодияи кишварҳои арабӣ ва ғайра низ дар дифоъ аз ормони Фаластин аз худ ҷасорату ғайрат ба намоиш нагузоштаанд. Мавзеъгирии суст ва дар ағлаби мавқеъ бетарафии онҳо боиси ҳар чи бештар густох шудану ҷиноятҳояш алайҳи мардуми мазлуми Фаластинро бештар кардани режими сионистӣ гаштааст. Дар ин миён давлатҳову кишварҳое, ки аксари мардумаш мусалмон ҳастанд, низ дар қиболи қазияи Фаластин мавзеъгирии усулӣ надоштанду надоранд. Фаластин бо ғуссаҳову мушкили ишғол дар олами араб танҳост, аммо буданду ҳатман ҳастанд мусалмононе, ки ғамшарики бародарону хоҳарони мазлуми худ дар Фаластинанд ва рўзе ормони ин қиблаи нахусти мусалмонҳо ҳатман таҳаққуқ пайдо хоҳад кард.… Зафари Суфӣ
Мӯҳр
Хабарҳои монанд:
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)