Бахшҳо
15 сен 2011 05:53Минбари Шумо

«Тоҷикистон сарҳадро ба касе намедиҳад!»

Ба ақидаи таҳлилгарон, бо вуҷуди иддаои Маскав, миллате, ки худро эҳтиром мекунад, намегузорад сарҳадҳояшро бегонаҳо посбонӣ кунанд.Коршиносони тоҷик бар ин ақидаанд, ки дар посух ба хабарҳое, ки гӯё Маскав мехоҳад, нерӯҳояшро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир кунад, давлат  набояд ҳифзи марзашро ба касе бовар кунад, балки барои таъмини амният бояд бо кишварҳои гуногун танҳо ҳамкориро ба роҳ монад. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки Маскав дар минтақа манфиатҳои худро дорад.

Коршиносон тибқи маълумоти қаблӣ мегӯянд, ки ҳузури нерӯҳои Русия барои қатъ шудани раванди интиқоли маводи мухаддир ба воситаи сарҳад ҳеч таъсире нарасонид. Қувваҳои марзбонии Русия то соли 2005 марзи Тоҷикистону Афғонистонро посбонӣ мекарданд, баъдан онҳоро нерӯҳои худи Тоҷикистон иваз намуданд.Эҳтимоли бозгашти сарҳадбонони рус тӯли чанд моҳе, ки миёни ду кишвар таҳияи созишномаи нав оид ба таъмини амнияти сарҳадот идома дошт, ба  мавзӯи баҳсҳои шадид табдил ёфта буд ва он созишнома бояд дар ҷараёни сафари президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон имзо мегашт. Афғонистон сарчашмаи ҳероин дар ҷаҳон аст ва он бештар вақт тавассути сарҳади хуб муҷаҳҳазнашудаи Тоҷикистон ба Русия интиқол меёбад. Мушкили дигар барои Маскав ва давлатҳои Осиёи Марказӣ нақшаи хориҷшавии нерӯҳои ИМА аз Афғонистон аст, ки тибқи реҷа бояд то соли 2014 хотима ёбад. Ҳамчунин, хавф вуҷуд дорад, ки эҳтимол ин амал ба шиддатёбии низоъ дар кишвар ва гузаштани он ба давлатҳои ҳамсоя мусоидат кунад.Гуфтушунид дар мавриди бозгашти нерӯҳои Русия ҳанӯз аз моҳи июли соли 2010, аз замоне шурӯъ шуда буд, ки раҳбари хадамоти федералии назорати маводи мухаддири Русия Виктор Иванов ишора намуд, ки Маскав омода аст, барои пешгирии интиқоли маводи мухаддир қӯшунашро боз ба Тоҷикистон ворид сохта, ёрӣ  расонад. Он вақт, моҳи декабр дипломати рус Максим Пешков гуфта буд, ки дар ин масъала гуфтушунид бо Душанбе ҳоло идома дорад.Моҳи гузашта сухангӯйи Думаи давлатӣ  Борис Гризлов дар як мақолае эълом дошт, ки агар Тоҷикистон  бозгашти  сарҳадбонони Русияро рад кунад, Маскав метавонад режими раводидро, ҷорӣ кунад.Шахсони расмии кишвар, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ бозгашти нерӯҳои Русия ва баррасӣ  шудани масъаларо ҳангоми вохӯрӣ рад намуданд. Ҳатто эълом доштанд, ки созишномаи мазкур тақрибан бетағйир боқӣ мемонад ва созишномаи пешинаро қарордоди дигар, ки танҳо боқӣ мондани мушовирони низомӣ ва ёрии техникиро аз ҷониби Русия пешбинӣ мекунад, иваз хоҳад кард.Бо гумони он ки ҷонибҳо сарҳадро ҳамчун фишанги фишороварӣ ба ҳамдигар истифода мебаранд, масъала боз ҳам мураккабтар гашт.

Воқеан ҳам сарҳади 1300 километрӣ  ба амнияти кишвар таҳдиди зиёд дорад. Қисмати ғарбӣ то дарёи Панҷ тӯл мекашад, ки онро тавассути қаиқ тай кардан осон аст, қисмати шарқиаш бошад, тавассути марзи дастнораси кӯҳӣ мегузарад. Дар ҳисоботи IWPR дар оғози соли ҷорӣ Муродҳусейн Алиёров, сардори шӯъбаи Агентии назорати маводи нашъаовар аз қисмати ҷанубу шарқии вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон изҳор намуд, ки азбаски маҳалли душворгузарро назорат кардан мушкил аст, ҳоло ҳам дар ноҳияи Ишкошим қочоқи маводи мухаддир дида мешавад. Як нафар афсари нерӯи сарҳадбонони Тоҷикистон, ки худро муаррифӣ накард, ба IWPR гуфт, сарҳади давлатӣ ҳеҷ гоҳ мустаҳкам набуд, ҳатто  дар даврони ҳузури сарҳадбонони Русия то соли 2005. Коршиноси масоили амниятӣ Абдулло Қурбонов аз Душанбе мегӯяд, ки ҳангоми нигаҳбонии сарҳад аз тарафи русҳо он ҷо ҳамеша даргирӣ буд: «Сарҳадбонон пеш аз ҳама худ, дидбонгоҳ ва блокпостҳояшонро ҳифз мекарданд. Онҳо шабона ба ҳар чизе, ки ҳаракат мекард, тир холӣ мекарданд»,- мегӯяд ӯ.  Қурбонов қайд кард, ки дар давоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон солҳои 1992-97 ва пас аз он пешгирӣ намудани қочоқи нашъа номумкин буд. «Танҳо авохири соли 2001 вақте дар Тоҷикистон қочоқчиёни асосӣ нобуд карда шуданд, он гоҳ барои қатъи роҳҳои асосии қочоқ талоши зиёд ба харҷ доданд. Вале ин муваффақият наовард.   Бо вуҷуди ҳодисаҳои гуногун дар ҷумҳурӣ тавассути сарҳад маводи мухаддир интиқол меёфт ва даромади он ба ҳама, аз ҷумла ба сарҳадбонони рус, ки сарҳадро идора мекарданд,  ҳамчунин ба сарҳадбонони тоҷик мерасид. Аксари онҳо худашон ба қочоқи маводи мухаддир даст доштанд»,- мегӯяд ӯ.

Таҳлилгарони тоҷик дар сӯҳбат бозгашти нерӯҳои Русияро якдилона рад карданд. Сиёсатшиноси машҳури тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, Тоҷикистон дорои қувваҳои худ аст.  Русия пофишорӣ  карда истодааст, то назорати сарҳадро комилан ба даст дарорад. Аммо ин ба ҷониби Тоҷикистон хушоянд нест, ҳам аз ҷиҳати нигаҳдошти мустақилияти кишвар ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ . Ба кадрҳои беруна чӣ ҳоҷат аст, вақте кадрҳои худӣ ҳастанд? Ба он нафароне, ки эҳтиёҷ ҳаст, чунин мутахассисон тарбия карда мешаванд,-мегӯяд ӯ. « Имрӯз сарҳад на ба афсрони хориҷӣ, балки ба маблағ ва таҷҳизоти замонавӣ ниёз дорад». Таҳлилгари дигар Абдуғанӣ Маҳмадазимов бар он аст, ки аксари таҳлилгарон ва сиёсатшиносони хориҷӣ Тоҷикистон ва Қирғизистонро «давлатҳои барпонашуда» меҳисобанд. Бозгашти сарҳадбонони рус ин натиҷагириро тасдиқ мекунад. Давлате, ки  иқтидори ҳифзи сарҳадашро дорад,  ниёз ба дигарон надорад.

Афсари қушуни сарҳадбонӣ дар мусоҳиба бо IWPR қайд кард, ки вазъ аз соли 2005 тағйир ёфт. «Дар масъалаи додани сарҳадот ҷониби Тоҷикистонро ИМА, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ мекард, онҳо кӯмаки моддиву молиявӣ барои таҷҳизонидани сарҳад ваъда доданд. Имрӯз ба ваъдаашон вафо мекунанд. Аллакай қисмати назарраси посбонгоҳҳо ва биноҳои маъмурии ду дастаи сарҳадбонон аз таъмир баромад, дар Душанбе коллеҷи сарҳадӣ фаъолият дорад, бо пофишории Амрико Стратегияи ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул шуд, ки дар он барои давлатҳои дигар ҷой нест». Ӯ қайд намуд, вақте Чин масъалаи демаркатсияи сарҳадашро дар шарқи Тоҷикистон муҳокима мекард, гуфт, ки масъаларо танҳо бо Душанбе баррасӣ менамояд. Низомиёни ғарбӣ ва сиёсатмадороне, ки ба  масъалаи Афғонистон пас  аз соли 2001 ҳамроҳ шудаанд, мехоҳанд бо Тоҷикистон гуфтушунид кунанд, на бо Русия.

Муллоҷонов ба ҷойи комилан аз Маскав вобаста будан, ба роҳ мондани муносибатҳоро дар самти бехатарӣ муҳим медонад. Ба гуфти ӯ, ин  маънои онро надорад, ки риштаи ҳамкориҳои тӯлонӣ бо Русия канда мешаванд.Муллоҷонов ҳамчунин ишора кард, ки «Русия дар ин ҳолат шарики асосӣ оид ба расонидани кӯмаки техникӣ ва коршиносӣ  боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки  дигар ҷонибҳо, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА имкон доранд сарҳадро бо таҷҳизоти лозима, аслиҳа ва аз ҷиҳати молиявӣ таъмин намоянд».

Наргис Ҳамробоева, рӯзноманигор аз Тоҷикистон, ки семинарҳои омӯзишии IWPR-ро гузаштааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)