Бахшҳо
16 сен 2011 05:06Минбари Шумо

Навиштор (Худо моро ба Истиқлоли воқеӣ роҳнамоӣ дорад, мутмаинам!)

Рӯзи истиқлоли кишвар аввалин паёмак (СМС) аз Аслиддин Достиев расид, ки ба ҳамон самимияту эҳсоси хоси худ моро бо хуҷастатарин Иди тоҷик шодбош мегуфт. Чанд дақиқа пас паёмаки ошнои саркаши мо, рӯзноманигори шинохта Раҷаби Мирзо расид: "Истиқлоли Ватан аз истиқлоли ҳар фарди он бармеояд, истиқлоли фардӣ ҳамеша бо шумо бод!" Воқеан ҳама ошноён медонанд, ки талоши Раҷаб барои ҳамеша дар ростои нигоҳ доштани истиқлоли фардӣ то чи ҳад зиёд аст ва мешавад гуфт, ки ин амр як арзишу усули зиндагии ӯ гашта. Ин аст, ки дар таманниёташ низ онро мешавад ба тамошо нишаст.

Лаҳзае чанд мегузараду паёмаки дигаре меояд. Бародари якрӯи ман Хилватшоҳи Маҳмуд менависад: "Худо моро ба Истиқлоли воқеӣ роҳнамоӣ дорад, мутмаинам! 20-аш муборак!" Агар Хилватшоҳро нашиносӣ метавон ин итминони ӯро як лутфи руҳияи ҷашнӣ донист. Аммо банда мутмаинам, ки мисле дар ҳар кору оғози хуб ва мусбати дигар ӯ саропо умед ва хушбинӣ аст.

Боз лаҳзае мегузарад ва паёмаке, ки ман дар посух ба ин навиштаҳо рӯи сафҳаи телефони ҳамроҳ меорам, ирсол ношуда, боз паёмаки дигар мерасад. Дӯсти вазифашиносу сервазифаи ман Акбари Саттор мисли ҳамеша ин дафъа ҳам солоронаву самимона ва ба шеваи хоси худаш масъулиятшиносона менависад: "Истиқлолият бори вазнин аст. Бори нанги миллӣ. Ба шумо, ки як порае аз ин бор ба дӯш доред, истиқлол муборак бод!"

Пас аз ин низ чандин паёмаки дигар мерасад. Ба худ меандешам, шояд кам иттифоқ меуфтад, ки як инсон дар вақти навиштани таманно, ба вижа агар сухан аз муқаддасоту арзиш бошад, сохтакорӣ ва тазоҳур кунад. Ҳеч инсони ба имон, ки умед дорад дуояш мустаҷоб мешавад, ба ҳеч ваҷҳ дуои маснуъӣ нахоҳад кард. Беш аз ин вақте аз сиришти инсоне, ки навиштор ба ӯ тааллуқ дорад, огоҳӣ дорӣ, боз як бори дигар ба худ иқрор мекунӣ, ки сухан метавонад намоёнгари шахсияти як инсон бошад. Барои ин азизон истиқлол як арзиши муқаддас аст ва дар ин маврид чунон сухан мегӯянд, ки гӯӣ ниёиш мекарда бошанд. Шинохт ҳамеша масъулиятро ба бор меорад. Шинохти ин дӯстони ману инсонҳое мисли онҳо аз Истиқлол масъулияти онҳоро барои ҳифзу таҳкими Истиқлол беш аз пеш боло мебарад. Ва ин аст, ки барои ҳамаи онҳо паёмак менависам: "Истиқлол як рукни номуси миллат аст. Ҷашни ин муқаддасот ба Шумо - фарзанди баномуси миллат хуҷаста бод.

Бо эҳтиром - Зафари Сӯфӣ".
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)