Бахшҳо
22 сен 2011 06:34Дидгоҳи хос

Ҷойгоҳ

Оё ҷомеаи мо рушанфикр дорад ва оё ҷойгоҳи рушанфикр дар ҷомеаи мо ба он гунае ҳаст, ки бояд бошад?

Чандест бар ин мавзӯъ меандешам. Пурсишҳои бепосухи зиёде азиятам медиҳад. Оё ҷойгоҳи як инсон дар ҷомеа чи гуна аст? Маҳаки ҷойгоҳ чисту меъёри таъмини он чи гуна бояд бошад? Оё қишрҳои мухталифи як ҷомеа ҷойгоҳи худро бар чӣ асос таъин мекунанд? Оё талош барои ёфтани ҷойгоҳи муносиб дар ҷомеа бояд аз чи роҳҳо сурат бигирад? Оё ҷомеаи мо рушанфикр дорад ва оё ҷойгоҳи рушанфикр дар ҷомеаи мо ба он гунае ҳаст, ки бояд бошад? Ин донотарошон, ин хушлибосони тиҳимағз оё ба дурустӣ дар ҷойгоҳи рушанфикр ҷилва мекунанд? Гузашта аз ин оё ҷойгоҳи арзишҳо ва меъёрҳо дар ҷомеаи мо дурусту дақиқ мушаххас шудааст? Оё шинохти аҳли ҷомеа аз арзишу меъёрҳои ахлоқиву инсонӣ шинохти бунёдист ё бар пояи манфиатҳои шахсӣ ва бар мабнои қонунҳо ҷангал?

Чаро барои бархе пайдо кардани ҷойгоҳи иҷтимоӣ на бо такя ба истеъдоду дониши худ, балки ба хотири доштани пушту паноҳ дар ин ё он идораи болоӣ сурат мегирад? Оё онҳо аз ин ҷойгоҳи дурӯғин ва осон ба дастовардаи худ хиҷолат мекашида бошанд? Оё инҳое, ки пас аз расидан ба мансабе дар муддати кутоҳ ба қавли мардум "шикамашон медамад" воқеан худро арзандаи он ҷойгоҳе медонанд, ки ҳоло ишғол кардаанд? Агар арзандаи ин ҷойгоҳ ҳастанд, чаро дар он соҳае, ки масъулияти пешрафташ вазифаи онҳост, ин миқдор мушкилоту камбудӣ вуҷуд дорад? Беш аз ин чаро вақте аз норасоиҳояшон гуфта ё навишта мешавад, ба ҷои ислоҳи норасоӣ, дар симои гӯяндаву нависанда душман меҷӯянд? Чаро онҳо фақат дар посух ба ифшои норасоиҳояшон ҷойгоҳи ишғолкардаашонро бо манфиату амнияти як миллат баробар арзёбӣ мекунанд? Оё дар ҷомеаи мо ҷойгоҳи танқид ва ошкор кардани норасоиҳо дар куҷо қарор дорад? Оё талош баро ислоҳи камбуду норасоӣ ҳеч ҷойгоҳе дорад? Чаро эътимод ба ҳамдигар камнур аст? Ҷойгоҳи эътимод ба ҳам ва шинохти беғаразона он гунае ҳаст, ки бояд бошад? Агар ҳаст, чаро ҳарфи рост ва ҳатто дилсӯзонаро (чун перомуни норасоӣ гуфта шуда) бо ҳассосияту нороҳатии тамом истиқбол мегирем?

Оё ҷойгоҳи афроди хирадманд, ки шояд мисли ҳар ҷомеаи дигар, дар муҳити мо низ ангуштшуморанд, арзандаи талошу андӯхтаҳо ва таҷрибаҳои онҳо дар ростои фаро гирифтани хирад ҳаст? Оё мафҳуми сарбаландӣ ва сарафкандагӣ аз ҳам ҷойгоҳи мутавофит доранд? Оё ин ҷойгоҳро чанд дар сади ҷомеаи мо ба дурустӣ шинохтааст? Оё шинохти ин гуна мафҳумҳо боисии таҳкими давлатдории миллӣ хоҳад шуд ё омили таҳдид? Оё амнияти ин марзу бум ҷойгоҳи муқаддас барои ҳама дорад? Оё инҳое, ки таъмини манфиати шахсиву гурӯҳӣ, таборӣ ва маҳалии худро чун маҳаки таъмини амнияти миллӣ вонамуд мекунанд, душмани амнияти миллӣ нестанд? Оё ҷойгоҳи бархе таҳдидҳо бар амнияти миллӣ хоставу нохоста бузург ҷилва дода намешавад?  Оё дар пушти пардаи талошҳои ҷойгоҳ сохтан барои бархе "таҳдид"-ҳо манфиати чи касеву кадом гурӯҳе ниҳон нест? Оё ҷойгоҳи огоҳӣ ва зиракӣ дар ҷомеаи мо ба он ҳадде, ки бояд бошад, ҳаст? Вокунишҳои ману мо ба падидаҳо ва ҳаводис оё аз ҷойгоҳи беғаразӣ ва дар ростои таъмини амнияту манфиати умум ҳаст?  Ҷойгоҳи арзишҳое мисли ифтихори миллӣ, чашмсерӣ, ҷасорат, сахткӯшӣ, ватандӯстӣ, инсонгароӣ, қонунмадорӣ ва… оё он гунае ҳаст, ки бояд бошад? Оё дар сурати таъмини ҷойгоҳи андешаҳои рушан дар ҷомеа ҷойе барои андешаҳои сиёҳ ва талоши шахсу гурӯҳакҳои сиёҳкор боқӣ мемонад? Оё ҳар кадом аз мо ҷойгоҳи худро дар ин муҳит мешиносем? Оё ин пурсишҳо шуморо азият намедиҳад ва ё ҳадди ақал боре аз мағзатон хутур накарда?

Зафари Сӯфӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)