Бахшҳо
22 сен 2011 09:18Сӯҳбати рӯз

Евгений Надеждин: «Онҳое, ки санади бунёди Роғунро имзо карданд, «идиот» набуданд!»

Дар ҳамоиши дуюми судмандии энержӣ, ки чанде қабл дар Душанбе сурат пазируфт, мавзӯҳои гуногун, аз ҷумла сарфакории нерӯи барқ, судманд истифода кардани он, амнияти энергетикӣ ва роҳҳои баромад аз мушкилоти мавҷуд дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин форум коршиносони байналмиллалӣ ва минтақавӣ аз кишварҳои зиёд ширкат доштанд. Дар мавзӯи амнияту устувории энегетикӣ ва баҳсҳои обиву энержӣ сӯҳбате доштем бо Евгений Надеждин, мушовири дабири кулли оҷонси энергетикии Русия, ки фишурдаи он инак манзуратон мегардад:

Озодагон: Шумо дар ҷараёни ҳамоиш қайд кардед, ки барои амнияти энергетикӣ ва устувории системаи энержӣ ба як навъи манбаъ ё пойгоҳ такя кардан кофӣ нест. Пеш аз ҳама чиро мавриди назар доштед?

Евгений Надеждин: Се кишвари Осиёи Марказӣ аз захоири анъанавӣ: ангишт, газ ва нафт бештар бархурдоранд, ки онҳо Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон мебошанд. Дар ин кишварҳо тамоми намуди технологияи истеҳсоли энергия вуҷуд дорад. Аммо дар ду кишвари Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон ва Қирғизистон захираҳои чунин сарватҳои зеризаминӣ амалан мавҷуд нест. Наметавонам гӯям, ки тамоман вуҷуд надорад, зеро муайян шудааст, ки захираи ангишти Қирғизистон ва Тоҷикистон кам нестанд, вале ба ҳар сурат барои он ки аҳолии ин ду мамлакатро бо захираи энергия, аз ҷумла нерӯи барқи алтернативӣ таъмин кунад ба таври зарурӣ коркард нашудааст. Лекин ба хотири он ки устувории система ва амнияти энергетикӣ таъмин бошад, коркарди онҳо ҳатмист. Гидроэнергетика, энергияи шамолӣ ва офтобӣ домӣ ба ҳисоб намераванд. Имрӯз ҳаст, вале рӯзи дигар шояд набошад. Энергияи обӣ то андозае устувор дониста мешавад, лекин агар ояндаи на чандон дурро пеши назар орем, бо далели норасоии об ва хушксолӣ он ҳам ноустувор аст. Барои устувории системаи энергетикӣ иқтидори базавӣ лозим аст. Ин иқтидорро аз ҳисоби электростансияҳои газӣ, нафтӣ ва ангишт бунёд кардан мумкин аст. Медонам, ки дар Тоҷикистон барномаи энергияи ангиштӣ вуҷуд дорад ва онро Вазорати энергетика таҳия кардааст, аммо намедонам, ки то чӣ ҳад ин барнома натиҷа додааст. Мушкилоти дар назди Вазорати энергетика бударо эҳсос мекунам, сармоя нест, нархҳо пастанд, хароҷоти коркард зиёд аст ва агар шабакаи ангиштӣ ба кор оғоз кунад нархи як киловатт соат нерӯи барқи он ҳадди ақал бояд 5 сентро ташкил диҳад, ки ин дар шароити Тоҷикистон то ҳадде созгор нест. Вале бо назардошти он ки нархи нерӯи барқ ҳамасола боло меравад, дар оянда эҳтиёҷ пайдо хоҳад шуд.

Озодагон: Дигар роҳи таъмини устувории системаи энергетикӣ вуҷуд надорад?

Евгений Надеждин: Бояд ҳамкории минтақавиро хуб ба роҳ монд, он ҳамкорие, ки дар минтақаи шумо ба назар намерасад ва ман 15 сол боз аз паяш будам ва то ҳол ҳастам. Ҳар кас талоши танҳо ва дар алоҳидагӣ зиндагӣ карданро дорад ва ин ба даст. Зеро агар муносибати хуб ба роҳ монда нашавад дар чунин шароит ягон кишвари минтақа сар боло карда наметавонад. Захираи Қазоқистон ва Ӯзбакистон зиёд аст, аммо об намерасад. Ин проблема имрӯз вуҷуд дорад ва баъди 5-8 сол хеле ҳассос мегардад. Ҳамаи об дар ҳудуди кишварҳои болооб аст, вале вақте об кам шавад энергия ҳам намерасад. Набояд мавзӯи обу энергетикаро аз ҳам ҷудо баррасӣ кунем. Албатта об дигар аст ва энергетика дигар, аммо онҳоро дар ҳамбастагӣ баҳо бояд дод. Ӯзбакситон ҷонибдори он аст, ки мавзӯи об ва энергетикаро пайванд насозем. Ман дар ин соҳа ҳанӯз аз замони шӯравӣ фаъолият дорам ва дар он замон проблемаи баҳси ҷудогонаи обу энергетика ҷой надошт. Кайҳо равшан буд, ки дар ин минтақа ин ду мафҳум ба ҳам пайванданд. Масъалае, ки роҳи ҳаллаш дар ҳоли ҳозир вуҷуд дорад. Дар вақташ мо лоиҳаи Консорсиуми обу энержиро сирфф дар асоси масъалаи иқтисодӣ коркард кардем, ки масоили баҳсии обу энергетика роҳи ҳалли худро ёбад. Дуруст аст, ки захира фурӯхтанашаванда аст, обро намефурӯшанд, лекин хизматрасонӣ пулакӣ аст. Барои расонидани об, таъмири лӯлаҳо ва дигар хизматрасонӣ бояд пул пардохт кард. Ин масъаларо метавонист Консорсиуми обу энержӣ сирф бо принсипи иқтисодӣ, бидуни сиёсат ҳал кунад. Мавқеи баъзе кишварҳои минтақа, ба хусус ӯзбакистон бо ин барнома мухолиф аст, аммо Қазоқистон зид нест, Туркманистон чун ҳамеша дар оғоз бетараф аст. Асос масъала бояд ҳалли худро ёбад. Дар акси ҳол ин зиддиятҳо оқибати хуб надорад. Ман ин гапро 10 сол пеш, соли 2000-ум  гуфта будам ва аз он вақт то имрӯз 11 сол гузашт, лекин ягон беҳбудӣ дида намешавад.

Озодагон: Ҷаноби Муҳиддинов, муовини вазири энергетика ва саноат дар ҳамоиш гуфт, ки тавоноии Тоҷикистон барои истеҳсоли нерӯи барқ даҳҳо маротиба бештар аст. Ба фикри шумо ин то кадом андоза воқеӣ аст?

Евгений Надеждин: Дар мавриди тавоноӣ ҷои шакку тардид нест, вале ҷаноби Муҳиддинов паҳлӯи дигари масъаларо ҳам бояд мекушод, ки ин арзиши ҳама чан даст ва кӣ сармоягузормекунад? Медонед, замони шӯравӣ ман дар бунёди Роғун саҳм доштам, вале сохтмони Роғун дар ҳамон ҳолат ҳанӯз бозистодааст. Кор пеш нарафтааст. Мо нахустин мошини Роғунро ба истифода дода будем. Ман ин тарҳро тариқи Кумитаи илму техникаи вақт маблағгузорӣ карда будам. Роғун дар ҳамон марҳала ҳанӯз бозистодааст. Шумо имкониятҳои зиёд доред, вале сараввал бояд мушаххас кард, ки кӣ бунёд мекунад? Ман қувваи кории Тоҷикистонро дар назар надорам, зеро барои сохтани нерӯгоҳ коргарони қаторӣ аз ҳад зиёданд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки кӣ назорат мекунад ва аз ҳама асосӣ кӣ маблағгузорӣ менамояд? Ҳеч кас бидуни ҳисобу китоби дақиқ сармоягузорӣ намекунад. Пул дар ҷаҳон дар шакли маҳдуд аст ва онро ба ҷое медиҳанд, ки пеш аз ҳама зудтар имконияти баргардонидани он бошад. Шарти дуюм эътимоднокӣ аст ва сипас дигар омилҳо мавҷуданд, ки дар ин ҷараён бояд эҳтимоли хавф ва оқибати ногувори соҳа дар назар гирифта мешавад. Барои таҳқиқи ин кор Бонки ҷаҳонӣ ва созмонхои байналмиллалӣ саҳм мегиранд, ки аз ҷумла дар баррасии тархи нерӯгоҳи Роғун дуввумин ва сеюмин санҷишҳоро гузаронида истодаанд ва кор ба дарозо мекашад. Мефаҳмам, ки мансабдорони байналмиллалӣ низ толиби курсианд ва чун вақт рафта истодааст, маоши хуб мегиранд, кор ҳам рафта истодааст ва идома падо мекунад. Чунин омилҳое ҳам ҳаст, ки бояд минтақаро аз ҳолати таркишу хатар боздоранд. Вале минтақа мувоҷеҳ ба хатар шуданаш аз эҳтимол дур нест.

Озодагон: Дар ҳоли ҳозир хатар кам шуда истодааст ё баръакс?

Евгений Надеждин: Ба фикри шахсии ман эҳтимоли хатар афзоиш меёбад. Зеро тағйирёбии иқлим сурат гирифта истодааст ва чизеро пешгӯи кардан ғайриимкон гаштааст. Пагоҳ хушксолии бузург рух медиҳад ва тамом. Дар минтақа об кам мегардад ва барои Тоҷикистон низ норасоии об эҳсос мешавад. Шуморо метавонанд айбдор кунанд, ки обро дар сарбандҳо нигоҳ медоред. Чӣ кор мекунед? Пеши сарбандро кушода обро ба кишварҳои поёноб медиҳед ва зимистон бебарқ мемонед? Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки системаи энергетикӣ устувор аст. Вале дар сурате, ки об кам шуд чӣ гуна метавонад, система устувор бошад? Об нест, система ҳам нест!

Озодагон: Алтернатива ҳам нест (вуҷуд надорад) ба фикри шумо?

Евгений Надеждин: Алтернатива ҳама вақт вуҷуд дорад. Агар алтернатива набошад, мо бояд худро овезем. Шумо зарфияти (потенсиали) зиёд доред. Вале бо он ҳама эҳтироме, ки нисбати ҳамаи мардуми собиқ Иттиҳоди шӯравӣ қоилам, бояд бигӯям, ки тадқиқоте, км дар соҳаи геология гузаронида шудааст ғайриқаноатбахш аст. Ман бовар надорам, ки дар зери замини Тоҷикистон ҳамон газ ва нафте, ки кишварҳои минтақа истифода мебаранд вуҷуд надошта бошад. Ҷустан даркор ва дар такя ба он на танҳо системаи алтернативии энергетикӣ бунёд кардан мумкин аст, балки он барои  рушди дигар бахшҳои иқтисод мусоидат хоҳад кард.

Озодагон: Оё Русия барои саҳм гирифтан дар бунёди Роғун ҳавасманд аст?

Евгений Надеждин: Русия майл дорад, вале ман то ҳол намефаҳмам ва огоҳӣ надорам, ки бо чӣ далел то ҳол масъалаи Роғун ҳалношуда боқӣ мондааст. Медонам, ки ширкатҳои русӣ, аз ҷумла «Интеррос» хоҳиши ҳамкорӣ кардан доранд. Сабаби якуми ҳалношуда боқӣ мондани масъалаи Роғун шояд нофаҳмии сиёсӣ бошад, лекин омили дуввум ин нархи пасти нерӯи барқ аст. Сармоягузорон дар фикри он ҳастанд, ки чӣ хел маблағи худро бозпас бо фоида баргардонида мегиранд. Роҳи ҳалли масъала вуҷуд дорад, ба Покистон ва Хитой хатти барқ кашида, энергияро бо арзиши баланд фурӯхтан мумкин аст.

Озодагон: Ҳоло мушкил дар фурӯш не, балки дар бунёди нерӯгоҳ аст, ё омили дигареро ном бурда метавонед?

Евгений Надеждин: Барои он ки Роғунро бунёд кунанд, бояд пеш аз ҳама нақша аз а то я ба ҳама маълум бошад. Чӣ қадар маблағ лозим аст, то чанд сол мунтазири баргаштани пул бояд шуд ва кай фоида ба даст меояд. Бонки ҷаҳонӣ ин масъаларо ба дарозо кашонд. Ин сеюм бор аст, ки баррасӣ мекунад. Ман дар як таҳқиқ ширкат доштам ва дидам, ки онҳо боз аз нав ҳисоб мекунанд. Вале ин аз ҳад тӯл кашид.

Озодагон: Шумо шахсан, ҳамчун як мутахассис тарҳи Роғунро ҷонибдорӣ мекунед?

Евгений Надеждин: Чӣ хел метавонам дастгирӣ накунам? Роғун бояд бунёд шавад, вале дар баробари он бояд системаи алтернативии энергетикӣ низ бояд роҳандозӣ гардад.

Озодагон: Шумо минтақаро ҳанӯз аз замони Иттиҳоди шӯравӣ хуб медонед ва ба фикри шумо ӯзбакистон то чӣ ҳад дар даъвоҳояш ҳақ аст?

Евгений Надеждин: Албатта, ман дар масоили об мутахассис нестам ва мисоли мушаххас гуфта наметавонам. Вале ман бовар надорам, ки ҳама чиз дар он ҷо тағйир меёбад ва ё нобуд мегардад. Дидан ва омӯхтан даркор, сари мизи гуфтугӯ нишаста музокирот гузаронида исбот бояд кард. Онҳо собит мекунанд, ки вазъият ба даст, шумо исбот мекунед, ки ҳамааш хуб аст ва коршиносони бетараф назари худро ироа мекунанд. Фикр намекунам, ки замоне тарҳи Роғун омода шуд ва нерӯгоҳ бунёд гашт, танҳо назари як ҷониб ба инобат гирифта шуда бошад. Ман ҳатто мошини нахустини Роғунро ба истифода додам ва ин даъвоҳо набуд. Пеш аз ҳама бояд мавзӯъ ҳаматарафа омӯхта шавад, баъдан қайд кардан бамаврид аст, ки ӯзбакистон замони бунёди Роғун пойгоҳи асосии истеҳсоли пахта барои Иттиҳоди шӯравӣ ба ҳисоб мерафт ва пахтаи ин кишвар дар бозори ҷаҳонӣ бо арзиши хеле боло харидорӣ мешуд ва ман фикр намекунам, ки мутахассисони шӯравӣ чунон идиоте буданд, ки ин паҳлӯҳои масъаларо ба ҳисоб нагирифта бошанд ва бунёди Роғун ба он оварда мерасонад, ки ӯзбакҳо, дурусттараш на танҳо ӯзбакҳо, балки давлати шӯравӣ бапахта мемонанд. Он замон дар лоиҳаи пешниҳодкардаи мо ӯзбакҳо буданд? Буданд! Рӯи коғаз имзо карданд? Карданд! Дуруст аст, ки нерӯгоҳи Роғун ба кор надаромад ва ин паҳлӯи дигари масъала аст, лекин тарҳи Роғун имзо шуда буд.  Ба андешаи ман вазъият то ин ҳад бад нест, аммо омӯхтан лозим меояд, шояд то имрӯз тағйироте ба амал омада бошад. Баҳсу ҳақорат роҳи ҳал нест, баръакс мақомоти ин кишварҳо бояд сари мизи музокирот нишинанад ва роҳи ҳалли масъаларо пайдо кунанд.

Мусоҳиб: Исфандиёр Халилӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)