Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:20

Гаравгон

7 октябр 2011, 05:52

Дар пойтахти кишвар ин ҳолати гаравгонӣ дар бахшҳои бештар ба мушоҳида мерасад.

Ба назар мерасад воқеан имрӯз мардум ҳолате мисли гаравгониро аз сар мегузаронанд. Ба вижа дар пойтахти кишвар ин ҳолати гаравгонӣ дар бахшҳои бештар ба мушоҳида мерасад.
Дирӯз гузарам аз маҳаллаи 33 буд ва ба бозор ё растаи дар шаҳр машҳури гӯштфурӯшон саре задам. Ба ростӣ муддати ду моҳи ахир ба ин ҷо наомада будам. Аммо аз иқдоме, ки шаҳрдории Душанбе пас аз изҳороти шадидуллаҳни президент дар Данғара дар бораи зарурати аз гаравгони 10-12 гӯштфурӯши маҳаллаи 33 халос кардани мардуми пойтахт, хабар доштам. Огоҳ будам, ки шаҳрдорӣ маблағи беш аз 1 миллионро барои ин г?штфурӯшон ихтисос додаву онҳо аз ҳисоби чархиши ин маблағ гӯштро ба нархи 23 сомонӣ бояд арза медоштанд, ки зоҳиран чунин ҳам шуда буд. Аммо ҳоло… Вақте 29 сомонӣ шудани нархи гӯштро шунидам, суол кардам, ки магар чи хабар шуда, мисле ки шаҳрдорӣ як иқдоми хайрхоҳона дошт?

-Адо шуд, дигар гӯшти арзонӣ убайдулллоевӣ нест, ако,- посух дод як гуштфурӯш.

Ростӣ бозор қонуни худро ҳамеша доштаву дорад. Бузургтарин усул дар он "бардорад зам кун" буду ҳамеша чунин хоҳад монд. Аммо аз сӯи дигар бояд даромади мардум ба андозае бошад, ки ин бардорад зам куну боло рафтани нархҳо боиси норизоӣ ва эътирози ҷомеа нагардад. Ҳеч як ҳукумати мардумӣ ба ҳеч ваҷҳ ба худ иҷоза намедиҳад, ки мардумаш гаравгони ин ё он тоифа ва ё гурӯҳе бошанд. Вақте ин ҳарфҳоро ба як ошно арз кардам, мисли ҳар мансабдори дигар гуфт, ки "танқид кардан осон, ҳоло чи пешниҳоди созанда дорӣ?" Чун ин гуна вокунишҳоро борҳо шоҳид будам, фақат бо заҳрханде посухаш додаму бас. Зеро медонам, ки ҳарчанд ба ӯ рисолати мани рӯзноманигор фақат мисли оина нишон додан ё мунъакис кардани падидаву авзои ҷомеа буданашро гаштаву баргашта фаҳмонам ҳам нахоҳад фаҳмид. ӯ ва афроде мисли ӯ мансабдор намепазиранд, ки ёфтани роҳкор ва бартараф кардани норасоӣ дар ин ё он соҳа рисолату вазифаи мансабдори ҳамон соҳа аст. Агар ман ё ҳар рӯзноманигори дигар пешниҳоди ислоҳ бидиҳад он мансабдор чи кора аст? Чаро ӯ бояд имтиёзҳо дошта бошад, савори мошини хидматӣ, маоши муносиб бошад, соҳиби қасру кушк ва зиндагӣ дар рифоҳ шуда бошад, аммо пешниҳоди ислоҳи норасоӣ дар соҳаашро аз рӯзноманигор ё ҳар шахсе, ки норасоиро мегӯяд, интизор шавад? Агар неруи зеҳнӣ ва тавони ақлонияш намерасад, пас мантиқан бояд ҷойро холӣ кунад.

Баргардем сари мавзӯъи аслӣ. Ба ҳар ҳол ба назар мерасад барои халос кардани мардуми пойтахт ва умуман ҳамаи мардуми кишвар аз ҳолати  гаравгонӣ ин ё он ширкату гурӯҳу шахсҳои алоҳида будан, ин сохтани системаи шикастани инҳисори он ширкат ё гурӯҳ ё шахси алоҳида ба ин ё он ришта мебошад. Ба вуҷуд овардани  фазо барои рақобати озод метавонад заминаи мустаҳкаме барои озодӣ аз ҳолати гаравгон будан аст. Иқдоми шаҳрдорӣ барои арзон нигоҳ доштани арзиши хӯрокворӣ дар бозорҳои пойтахт ва ба ин хотир дар ихтиёри бозаргонҳову бархе идорот қарор додани беш аз 4 миллион сомонӣ маблағ низ метавонад як роҳкори дигар бошад, ки зоҳиран ин маблағро дигар ҷамъ кардаанд. Албатта дар бозори "Шоҳмансур" ҳамон рӯзҳои амалӣ шудани ин иқдоми хайрхоҳона низ нарх он қадар поин наомада буд, ҳоло бошад воқеан даҳшатбарангез аст.

Ба ҳамин минвол мешавад дар бораи гаравгон будани мардум дар бахши сӯзишворӣ ба яке- ду ширкат ва ашхоси алоҳида сухан гуфт. Гӯи гоҳе чанд аз тариқи марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон сӯзишворӣ вориди кишвар мешуда ва ин ҷуброни воридотро ба ҳадди ақал расондани ширкати "Газпромнефт" гаштааст. Ҷои таассуф дорад, ки хадамоти гумрук ва бархе кормандони вазорати дохила садди роҳи ин кор мешаванд. Шояд далел пеш оранд, ки ин воридот ғайриқонунӣ сурат мегирад. Аммо оё таъмини амният ва оромии мардум бештар арзиш дорад ё худро қонунмадор нишон додану ба яке истисно қоил шудан ва аз дигаре маблағе ситондану ба қавле кулӯх дар лаб молидан? Беш аз ин иқдомҳои муваққатӣ роҳи ҳал нест ва нишоне аз бидуни барномаи роҳбурдӣ ва мутобиқи усули "ҳар чи пеш ояд хуш ояд" ва ё тибқи зарбулмасали "то табар ояд кунда биосояд", фаъолият кардани ниҳодҳои ҳукуматӣ мебошад.

Кай мансабдорони мо манфиати мардуму давлатро аз манфиати шахсӣ ва гурӯҳии худ боло гузоштану бар ин асос тасмим гирифтанро меомӯхта бошанд? Кай мо аз ҳолати гаравгон будан халос мешавем? Албатта аз мусбат посух ёфтани пурсиши аввал  посухи пурсиши дуввум сахт вобаста аст.

Зафари Суфӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!