Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:11

Қарздор

20 октябр 2011, 06:03

Гӯё ҳама аз ҳам қарзхоҳанд ё қарздор.

Вале ин ҳама қарзхоҳиву қарздорӣ бештар бар пояи манфиатҳову меъёрҳои молист.

Меъёрҳои ахлоқӣ ва имонӣ дигар дар ин паҳна ҳеч ҷойгоҳе надорад. Таҳлили ҳолати қарздориву қарзхоҳӣ дар ҷомеа дар миёни одамон маҷоли бештар мехоҳад ва дар ин навишта бештар ба мавридҳои фарогир мепардозем.

Аввал масъулини бархе ниҳодҳои молии байналмилал эълон карданд, ки қарзи берунаи Тоҷикистон аз 2 миллиард доллар бештар шуд. Сипас масъулини кишвар ба қавле бо дили нохоҳам ин воқеиятро пазируфтанду таъкид доштанд, ки ин қарз "идорашаванда" мебошад. Ҳол он ки тибқи меъёрҳои маъмул дар ҷаҳон беш аз 33 дар сади маҷмӯи даромади нохолиси кишвар шудани қарзи беруна баробар ба ҳолати варшикаста эълон шудан аст. Гузашта аз ин бештарин қарзи берунаи кишвар (беш аз 800 миллион доллар) аз Чин будааст. Оё кафолате ҳаст, ки фардо қарзхоҳии Чин дарди сарҳои зиёде барои фарзандони ин марзу бум ба бор намеорад? Охир аз иддаоҳои марзӣ ва таҳоҷуми молии Чин кишварҳои борҳо аз Тоҷикистон қудратмандтар эҳсоси хатар мекунанд.

Ниҳоде, ки бештарин эътирозҳо дар фасли сармо ба сӯяш равона мешуд, яъне ширкати "Барқи тоҷик", бо эъломи оморҳое дар бораи қарздор будани ин ё он ширкату корхона ва мардум аз ин ширкат, норасоӣ дар таъмин ва қатъ шуданҳои барқро тавҷеҳ кардан мехост.  Чун фасли сармо дар мекӯбад боз нигаронӣ аз қатъ шуданҳои барқ ва имкони эъломи қарздорӣ ба ширкати "Барқи тоҷик" авҷ хоҳад гирифт. Албатта зиёд шудани қарз ба ин ширкат аз ҳисоби боло рафтани қимати барқро ҳам метавон ёдрас шуд.

Аз сӯи дигар арзиши обро низ боло бурдаанд ва шояд чанде баъд масъулини ин соҳа ҳам аз қарздор будани аҳолӣ, ба вижа дар пойтахт, барои истифодаи об, садо баланд кунанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи 20-уми октябр раиси маҷлиси Эрон Алии Лориҷонӣ ва ҳамзамон вазири хориҷаи Амрико Ҳиларӣ Клинтон ба Душанбе меоянд. Пӯшида нест, ки таи се даҳаи ахир Амрико нисбати Эрон ҳамеша чунон мавзеъгирӣ доштаву дорад, ки эрониён гӯё қарздораш ҳастанд. Ҳамаи талоши Эрон дар ростои пешрафт ва пажуҳиш дар самти даст ёфтан ба фановариҳои пешрафтаро дар Вошингтон хатаре ба инсоният маънидод мекунанд. Ҳоло ин кори он ду кишвар аст, вале дар ин миён сафари ҳамзамони ду масъули баландпояи ин ду кишвар ба Душанбе чи паёмаде ба равобити Тоҷикистон бо онҳо хоҳад дошт? Беш аз ин оё иддаоҳои қарзхоҳонаи Узбакистон нисбати кишвари мо то кай идома хоҳад дошт? Оё мо натавонистаем дигаронро бовар бахшем, ки ҳеч қарзе аз кишвари ҳамсоя надорему иддаоҳояш беасосанд ё дигарон намехоҳанд ин воқеиятро бипазиранд? Чӣ чизе сади роҳ аст, ки мо аз ҳолати қарздор будан берун оем ва агар қарзхоҳ ҳам нестем, қарздор набошем ва дар паҳнаи сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар мақоми баробарӣ қарор гирем?



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!