Бахшҳо
16 май 2011 08:58Иқтисодӣ

Бюрократия дар сохтмон- садди пешрафти соҳа?

Ду ширкати хонасозӣ дар ҷумҳурӣ бо мушкили қарздориву баҳси додгоҳӣ расонаӣ шуданд, аммо ин дар ҳолест, ки агентии сохтмону меъморӣ дар бораи  ба фаъолият шурӯъ кардани корхонаҳои нав дар ин бахш иттилоъ медиҳанд.

Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 19 ширкати сохтмонии нав барои фаъолият иҷоза гирифтааст. Дар ин бора ба «Озодагон» Нуралӣ Саидов, муовини раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Тибқ и иттилои манбаъ то моҳи апрели соли 2011 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 75 ташкилоту корхонаҳо барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ ба Агентии сохтмон ва меъморӣ ҳуҷҷатҳо пешниҳод шуда, онҳо иҷозаи фаъолиятро гирифтанд. Аз миёни 75 ширкати муроҷиаткунанда 19 корхонаи нав ба фаъолияти сохтмонӣ шурӯъ кардаанд ва 36 ширкати дигар барои идомаи 5 солаи фаъолият иҷоза гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ аз 19 корхона ба 9 тояш дар шаҳри Душанбе, ба 2 корхона дар навоҳии тобеи марказ, ба 5 ширкат дар вилояти Хатлон ва 3 ширкати дигар дар вилояти Суғд иҷозати фаъолият дода шудааст.

Мушкили манзили зист ва қазияи «Мовароуннаҳр»

Ба фаъолият шурӯъ кардани корхонаҳои нави сохтмонӣ дар ҳолест, ки ахиран ду ширкати хонасозӣ дар ҷумҳурӣ бо мушкили қарздориву баҳси додгоҳӣ расонаӣ шуданд. Якумӣ, ширкати сохтмоние дар ноҳияи Данғара ва дуввумӣ ширкати хусусии сохтмонии «Мовароуннаҳр» мебошад. Соҳибони ширкати якумӣ пулро гирифтааст, аммо корҳоро ба сомон нарасонидааст ва раиси ширкати дуввумӣ-Ҷӯрабек Охуновро ба гумони аз худ кардани маблағҳои мизоҷон ва бонк боздошт карданд. Вале мизоҷони ин ширкат мегӯянд, ки натиҷаи тафтишоти Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишон додаст, ки тамоми маблағҳои мизоҷон 100 фоиз дар корҳои сохтмонӣ сарф шудаанд. Боздошти Охунов мушкили мизоҷонеро, ки барои хона гирифтан маблағ дода буданд, кам накард ва як кумитае дар ҳайати 14 нафар аз ҷониби мизоҷони ширкат таъсис ёфт. Ин ҳам натавонист мушкили муштариёнро осон кунад ва ҳоло онҳо тасмим гирифтаанд шакли ҳуқ уқ ии фаъолияти ширкатро дигар кунанд. Яъне ширкат аз Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ба Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушода табдил меёбад. Ин то куҷо метавонад мушкили муштариёнро ҳал кунад, масъалаи дигар аст, вале ҳоло саволи матраҳ ин аст, ки қазияи ин ширкат то куҷо ба фаъолияти дигар ширкатҳои сохтмонӣ таъсири манфӣ гузошт? Оё имкон дорад, ки аз ин ба баъд соҳибкорон аз пешомади ба ин монанд мушкиле дар соҳаи сохтмон дар дил ҳаросе пайдо кунанд ва самти фаъолияти худро дигар намоянд?

Муовини раиси Агентии сохтмон ва меъморӣ, Нуралӣ Саидов  бар ин назар аст, ки қазияи ин ширкатҳо ҳеч иртиботе ба фаъолияти ширкатҳои дигари сохтмонӣ надорад. Зеро ин мушкили дохилии онҳо буда, дар натиҷаи беаҳамиятӣ ва сари вақт ба анҷом нарасонидани корҳо рух додаст.

Ин дар ҳолест, ки таҳлилгари тоҷик, Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, баҳси муштариёни «Мовароуннаҳр» бо мизоҷон ва баъдан боздошти раиси ширкат ба хариду фурӯши хонаҳо, маблағгузорӣ аз ҷониби мизоҷон ва фаъолияти ширкатҳои сохтмонӣ дар бунёди хонаҳои истиқоматӣ таъсири манфӣ гузошта метавонад. Аз ин ба баъд бо вуҷуди он ки ширкатҳои сохтмонӣ воқеан барои додани хона ба муштариён бар ивази саҳмгузорӣ кафолат диҳанд ҳам, мардум бовар намекунанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар бунёди хонаҳои истиқоматӣ шароити кишвар ва вазъи соҳибкориву нарху наво низ таъсиргузор аст. Соҳибкори тоҷик Зайд Саидов мегӯяд, ҳар гуна омилҳо метавонад ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсир расонад, аз ҷумла, дар соҳаи сохтмон. Ӯ ба ин бовар аст, ки ахиран боло рафтани нархи сӯзишворӣ ба арзиши масолеҳи сохтмонӣ таъсир мерасонад ва дар натиҷа қимати фурӯши хонаҳо низ тағйир меёбад. Вале ба андешаи ӯ, ҳоло соҳибкорон ба бунёди хонаҳо камтар машғул мешаванд, зеро ҳам мардум чандон қобилияти харидории хонаҳоро надоранд ва ҳам боло рафтани арзиши масолеҳи сохтмонӣ ба болоравии нархи хонаҳо оварда мерасонад, ки аз ин машғулият соҳибкор чандон фоида ба даст оварда наметавонад.

Тафовути хонасозии шӯравӣ аз замони истиқлол

Муовини раиси Агентии сохтмон ва меъморӣ, Нуралӣ Саидов мегӯяд, ки дар солҳои пеш агар 100 корхона муроҷиат кунад, аз ин танҳо 20 тояш метавонист барои фаъолият иҷоза гирад. Вале имрӯз сад фоиз ба ширкатҳои муроҷиаткунанда иҷозаи фаъолият дода мешавад. Сабаби дар гузашта камтар иҷоза гирифтани ширкатҳо барои фаъолиятро дар мавҷудияти бюрократия медонад. Ҳоло ба қавли ӯ шароити гирифтани иҷозаи фаъолият ва идома додани кор барои соҳибкорон осон шудааст.

Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки замони Шӯравӣ назорат ба сифат ва стандарти бинову иншоотҳо хеле ҷиддӣ буд ва ҳатто баъд аз бунёди девори биноҳо онро бо дастгоҳи махсус санҷида, тобовариашро ба дараҷаи 9 бал заминларза имтиҳон мекарданд ва сипас иҷозаи сохтмонро медоданд. Гуфта мешавад, ки ҳатто барои идомаи сохтмони баъзе биноҳо дар замони Шӯравӣ иҷоза дода нашудааст ва онро дар замони истиқ лол мавриди истифода қ арор додаанд.

Нуралӣ Саидов мегӯяд, ки ҳоло ширкатҳои сохтмонӣ беруни хона ва дигар корҳои васлкуниро пурра ба анҷом расонида, дохили хонаро дар мувофиқа бо харидор тармим мекунанд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ дастгоҳҳои замони Шӯравӣ вуҷуд надорад ва иҷозаи сохтмон дар асоси санҷишу ташхиси лоиҳаи он дода мешудааст.

Агар танҳо то моҳи апрели соли ҷорӣ 19 ширкати нав дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ иҷозаи фаъолият гирифта бошанд, пас гуфтан мумкин аст, ки ҳар қ адар ширкат зиёд мешавад, рақ обат низ бештар мегардад. Аммо коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бо вуҷуди фаъолияти ширкатҳои зиёд дар ин соҳа нархи хонаҳои истиқ оматӣ баланд аст ва аксари шаҳрвандон барои харидани хона имконият надоранд. Оё дар ин сурат рақ обати солим вуҷуд дошта метавонад?

Муовини раиси Агентии сохтмон ва меъморӣ мегӯяд, ки рақ обат дар тиҷорат ҳам вақ т буд ва боқ ӣ мемонад. Ширкатҳои сохтмонӣ барои сохтани хонаҳои сифаташ баланд ва арзишаш нисбатан пасттар кӯшиш мекунанд, то хонаҳояшон харидор ёбад.

Ин дар ҳолест, ки сардори Асотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон, Файзалӣ Раҷабов дар як сӯҳбаташ гуфтааст, ки дар Тоҷикистон 1500 ширкати сохтмонӣ фаъолият дорад, ки аз он танҳо 20 корхона ба бунёди хонаҳои истиқ оматӣ машғул аст. Ширкатҳои давлатии хонасоз дар ҷумҳурӣ вуҷуд надоранд ва ширкатҳои хонасоз хусусиянд.

Ба андешаи иддае аз коршиносон сабабҳои болоравии нархи хона дар Тоҷикистон гуногун аст. Яке аз сабабҳо аз дасти миёнравҳо харидани хона мебошад, ки онҳо барои фоида ба даст овардан нархи ба худ мувофиқ ро мегузоранд. Омили дигар аз ҷои кор мисли замони шӯравӣ дигар ба умеди хона додан набояд шуд. Агар манзил мехоҳӣ, онро бо нархи бозор харидорӣ бояд кард. Дигар сабаби қ иматии манзил сохтани хонаҳоест, ки фирмаҳои сохтмонӣ бо мақ сади фурӯши минбаъда ё «хона бо тахфиф» бунёд мекунанд. Вале аксари шаҳрвандон бо маоши миёнаи 100 доллар дар моҳ як умри худро сарф кунанд ҳам, хона харида наметавонанд. Коршиносон мегӯянд, ки усули таъмини аҳолӣ бо манзили зист дар замони Шӯравӣ яке аз иқ домҳои инсондӯстона буда, иҷтимоӣ будани давлатро нишон медод. Аммо бо ин ҳама дар тамоми ҷаҳон мушкилоти таъмини аҳолӣ бо манзили зист ҳамеша вуҷуд доштааст.

Духтар шавҳари пулдор ёбад, он гоҳ хона мехарад

Гуфта мешавад, ки дар Индонезия ҳукумат ширкатҳои хусусии сохтмониро муваззаф месозад, ки дар қатори биноҳои боҳашамати барои фурӯш сохташаванда, биноҳое бо масолеҳи камхарҷ баҳри мардуми камбизоат ва нисбатан имконияташон маҳдуд созанд, то бо нархи дастрас ва ё иҷораи арзонтар ба шаҳрвандон дода шавад ва онҳо дар давоми зиндагӣ имкони харидани он хонаро пайдо кунанд. Нархи ин ҳуҷраҳо бо вуҷуди сохта шудан аз сӯи ширкатҳои хусусӣ, аз ҷониби давлат муайян карда мешудааст. Яъне фоида ба даст овардан хоҳанд, бояд ба мардуми камбизоат кӯмак кунад. Зулфиқори Исмоилиён гуфт: «Ёд дорам, ки як тоҷири эронӣ ба Тоҷикистон омада буд ва дар мавзӯи сохта ба истифода додани хонаҳои истиқоматие сӯҳбат мекард, ки мардум имконияти бо нархи дастрас харидорӣ карданро дошта бошанд. Вале намедонам бо чӣ сабаб ин мавзӯъ дигарбора баррасӣ нашуд, шояд ин кор дар шароити мо ғайриимкон буд, шояд розигии мақомотро дарёфт карда натавонист, ё дигар омилҳо боис гаштанд, маълум нашуд. Як пурсише дар мавзӯи таъмини манзили зист анҷом дода будем ва дар он ҷо ҷавонони хатмкунанда аз факултаҳои гуногуни донишгоҳҳо андешаҳои худро иброз доштанд. Як духтар чунин гуфт, ки агар баъди хатми донишгоҳ ягон шавҳари пулдор гирад, хона мехарад, дар акси ҳол ба умеди моҳона хона харида наметавонад».

Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки дар Тоҷикистон ҳам агар соҳибкорон имкон дошта бошанд ва бо дастгирии ҳукумат чунин шаҳрчаҳову хонаҳои истиқ оматӣ бунёд кунанд, хуб аст. Зеро ин амал мусоидат ба сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Вале соҳибкорон ба мақсади фоида ба даст овардан фаъолият мекунанд ва чунин мешуморанд, ки дар мавриди дастрас шудани хонаҳои нисбатан арзон ҳукумат бояд чораандешӣ кунад. Дар Эрон ширкатҳои сохтмонӣ бо бонк қарордод доштаанд. Дар асоси барномаи давлатӣ бонк ширкатҳои сохтмониро маблағгузорӣ мекунад, ки дар ин ҳолат шаҳрвандон барои харидани хона имконият пайдо мекунанд. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи коршиносон шояд имконияти молӣ камтар аст, лекин дар баробари ин ширкатҳои сохтмонӣ на ҳама аз гирифтани қарзи бонкӣ бархурдоранд ва агар дастрас ҳам кунанд, фоизи он хеле баланд аст.

Исфандиёр Халилӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)