Бахшҳо
08 июл 2011 09:43Иқтисодӣ

Сюрпризи нави IRS бояд ҳукуматро ба андеша орад

Ширкати IRS боз вирди забонҳо шуд.


Аслан, аз замони пулакӣ шудани ягона роҳи заминии пайвандгари ҷануб ва шимоли кишвар номи ин ширкат ҳеч гоҳе аз забонҳо дур наафтодааст. Аммо ин навбат IRS-чиҳоро эълони ифтитоҳи дарвозаи нави пулчинӣ ва боло бурдани тарифҳояшон №1 кард.


Аз 139 сомонӣ ба 216 сомонӣ

Дар ҳоле ки мардуми Тоҷикистон аз гаронии нарху навои маҳсулоти бозор ва болоравии бесобиқаи сўзишворӣ аз ҳар вақти дигар дида нигаронтаранд, ахиран ширкати IRS, ки масъули ҷамъоварии маблағ барои истифодаи роҳи Душанбе-Чаноқ аст, аз боло рафтани тарифҳояш дар бархе қитъаҳо хабар дод. Мирзоалӣ Мансуров менеҷери минтақавии намояндагии ширкати IRS дар вилояти Суғд гуфтааст, аз километри 128 то 169-и шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе, ки аз минтақаи Майхура то деҳаи Кумари ноҳияи Айнӣ, дар маҷмўъ 112 км-ро дар бар мегирад ва 41 километри он дар ихтиёри IRS аст, шурўъ аз аввали моҳи июл дар нуқтаҳои пулчинӣ дар ноҳияи Шаҳристон ва ҳам минтақаи Майхура арзиши тарифҳо боло хоҳанд рафт.
Масофаи мазкури роҳ то ин вақт дар тавозуни вазорати нақлиёт буд, аз ин баъд масъулияти тармиму таъмири ҷода ба ширкати IRS вогузор шудааст.
Маркази матбуотии ширкат гуфтааст "аз километри 57 то 168 дар тавозуни ширкати IRS набуд, яъне хизматрасонӣ дар ин қитъа аз тарафи вазорати нақлиёт анҷом мешуд ва истифодабарандагони роҳ барои истифодаи он ягон дирам пардохт намекарданд. Баъди он ки ин қитъаи роҳ низ ба ихтиёри ширкат гузашт, барои хизматрасонӣ, нигоҳдорию таъмиру тармими минбаъдаи ин қитъа низ бояд маблағ ҷамъоварӣ гардад".
Ба ихтиёри IRS вогузор шудани қитъаи мазкур сабаб шуд, ки ширкат шумори дарвозаҳои пулчинияшро боз як адад зиёд намояд. Ба плазаи толлингии "Майхура" 71 км-и шоҳроҳ дохил шуда, аз ронандаҳое, ки тариқи он ҳаркат мекунанд, маблағ ситонида мешавад.  
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ширкати IRS арзиши тарифҳо дар плазаи толлингии "Майхура" чунин муқаррар шудааст:


Категорияи № 1 - 14 сомонию 20 дирам;


Категорияи № 2 -
42 сомонию 60 дирам;

Категорияи № 3 - 106 сомонию 50 дирам;

Категорияи № 4 - 133 сомонию 48 дирам;


Аммо ин ҳама анҷоми кор нест. Шурўъ аз километри 128 то 168-ум аз шумо нозирони плазаи толлингии "Шаҳристон" маблағ мегиранд. Ногуфта намонад, ки арзиши ин қитъа боло рафтааст, зеро ба иддаои масъулини ширкат акнун дарозии қитъаи роҳи зертобеи плазаи "Шаҳристон" зиёдтар шудааст. Тибқи нақшаи муқарраркардаи IRS истифодабарандагон маблағи зерро пардохт менамоянд:

Категорияи № 1
- 23 сомонӣ (то аввали моҳи июл 14 сомониву 80 дирамро ташкил медод);

Категорияи №2
- 69 сомонӣ (то 1 июл 44 сомонӣ буд);

Категорияи №3 - 172 сомониву 50 дирам (то аввали моҳи июл 111 сомониро ташкил медод);

Категорияи №4 - 216 сомониву 20 дирам (то аввали моҳи июл 139 сомонӣ буд);

IRS ба сокинони Зидеҳ имтиёз ваъда кардааст

Сомонаи расмии ширкати IRS хабар додааст, ки "пеш аз оғози фаъолияти плазаи толлингии "Майхура" бо мақсади анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии ҷамоати деҳоти Зидеҳ мулоқотҳо доир шуд. Ҳамакнун аҳолии мавзеҳои ин ҷамоат аз имтиёзҳо бархурдоранд".  Ба иттилои манбаъ барои аҳолии ҷамоати Зидеҳ андозаи маблағи гузариш аз плазаи толингии "Майхура" барои категорияи якуми воситаҳои нақлиёт 1 сомонӣ муқаррар шудааст. Барои нақлиёти категорияҳои дуюм ва сеюм бошад, 50 % тахфиф пешбинӣ кардаанд. Ҳоло рўшан нест, ки ин имтиёз чӣ қадар умр хоҳад дошт, зеро вақте сокинони ноҳияи Варзоб бо нишони эътироз аз гаронии арзиши хизматрасонии плазаи "Ҳушёрӣ" гирди ҳам омаданд, масъулин гуфтанд, ки дарвозаи пулчиниро ба ҳеч ваҷҳ намекананд, ҳамчунин имкони додани имтиёзеро низ сарфи назар карданд. Бештари сокинони таҷамўъкарда мегуфтанд, имкони пардохти пайвастаи маблағро ба ширкат надоранд. Ба қавли онҳо ҳатто барои хабаргирии хешу ақрабояшон, ки дар канори дигари деҳа зиндагӣ мекунанд, кормандони ширкат аз онҳо маблағ меситонанд. Аҳолӣ хостори ҷорӣ шудани имтиёз ба сокинони ноҳия шуданд, ки то имрўз натиҷаи назаррасе ба дунбол надоштааст.      
Яке аз дигар сабабҳои гирдиҳамоии сокинонро ҳамчунин ба духтарони маҳаллӣ "гап" партофтани кормандони плазаи "Ҳушёрӣ" низ шарҳ дода буданд.   

"ШЭФ"-и IRS ҳанӯз ҳам
"человек невидимка"

Тибқи хабарҳо ширкати IRS (Innovative Road Solutions) охирҳои соли 2009 дар минтақаи оффшори ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабти ном шуда, муассиси он шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Соли 2010 ин ширкат бар асоси қонуни консессионии Тоҷикистон назорати роҳи Душанбе-Чаноқро бо усул ва шеваҳои толлингии истифодаи ин роҳ бар ўҳда гирифт ва истифодабарии онро пулакӣ кард. Аз он замон то имрўз ҷомеаи Тоҷикистонро фақат як суол ором намегузорад, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон кӣ аст? Дар матбуот сари ин масъала зиёд гуфтанд. Киҳоеро, ки "ШЭФ"-и IRS нагуфтанд… Чанд нафари онҳо ҳатто изҳор доштанд, ки раҳбари ширкати пулчин нестанд. Аз савганд ёд кардани бархе низ хабар расид. Аммо то ҳанўз касе дақиқ нагуфтааст, ки ширкат ба чӣ касе мутаалиқ аст. Як масъули ширкат гуфта буд, номи роҳбарашонро тибқи қонун ошкор намекунанд. Дар мусоҳибаи матбуотие Рустам Абдуллоев, раиси техникии ширкати IRS изҳор дошт: "ширкат дар шакли саҳомӣ аст. Номи муассиси онро ман пинҳон намекунам, ҳукумат ҳам. Исми муассисро қонун пинҳон мекунад".
Аммо соҳибназарон ҳамеша таъкид мекунанд, ки соҳиби ширкат нафарест, ки "дасти дароз" дорад, зеро бо вуҷуди сару садоҳои зиёди атрофи он бархоста шеваи фаъолияташ тағйир нахўрд. Расонаҳо ғайриҳукуматӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва коршиносон пайваста аз пулакӣ шудани ягона роҳи пайвандгари ду минтақаи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекарданд.  
Ҳатто як мансабдори давлатӣ низ аз фаъолияти ширкат интиқод намуд, аммо баъдтар ўро аз вазифа сабукдўш карданд (номбурда гуфт, ки ба хотири танқидҳояш ўро аз вазифа нагирифтаанд). Амонулло Ашўр, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистонро интиқодҳояш аз IRS замоне "қаҳрамон"-и матбуот карда буд. Ў баъдан ба вазифаи  мудири Маркази ҷумҳуриявии дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳои назди ҳукумат таъин гардид. Ҳамингуна Амонулло Ашўр аз нахустин ва дар ҳоли ҳозир аз охирин масъулони давлатӣ буд, ки аз шеваи фаъолияти ширкати IRS интиқод кардааст.
Аз намояндаҳои мардумӣ дар парлумон бошад, шоир Низом Қосим зимни баррасии кадом як лоиҳа гуфта буд, ки чӣ гуна мешавад, ки як ширкати соҳибгумном омада дар кишвари мо пулчинӣ кунад. Бо ҳамин тамом вассалом.
Пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ тавре ишора кардем, ҳатто боиси таҷамўи одамон низ гардид. Сокинони Ҳушёрии ноҳияи Варзоб бештар аз 8 маротиба бо нишони эътироз гирди ҳам омаданд, аммо натиҷае ҳосил нашуд.   

Пулчинии роҳҳо дар Тоҷикистон акнун "мўд" мешавад?

Дар ҳоле, ки ширкати IRS аз ифтитоҳи плазаҳои толингии ҷадид ва боло бурдани тарифҳояш дар шимоли кишвар хабар медиҳад, сару садоҳое дар мавриди эҳтимоли пулакӣ шудани роҳҳои ҷануб ва шарқи мамлакат низ баланд мешаванд.
Сўҳбат бештар атрофи роҳи Қўрғонтеппа-Дўстӣ-Панҷи Поён, Душанбе-Ваҳдат-Данғара ва Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол-Саритош меравад. Моҳи апрели соли равон Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти кишвар бо пуштибонӣ аз лоиҳаҳои роҳҳои пулакӣ изҳор дошт, ки то чанд соли оянда роҳҳои Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Ваҳдат-Данғара ва роҳҳои мошингард ба самтҳои ҷанубу шарқи Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд ва барои баргардонидани қарзҳои хориҷие, ки ҷиҳати бунёди ин ҷодаҳо сарф шудааст, бояд ин роҳҳо ҳам пулакӣ шаванд.
Дар ҳамин ҳол, як масъули лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо зимни сўҳбати сарироҳие гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд роҳи Душанбе-Данғара пулакӣ мешавад, аммо алъон дар мавриди пулакӣ шудани роҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол-Саритош хабаре нест. Ба қавли вай чун ин роҳ ба иншооти бузург-НБО Роғун ҳам мебарад, пулакӣ шудани он чандон матраҳ нест.
Аммо агар вазъ чунин идома бикунад, ҳатман рўзе онро низ пулакӣ мекунанд. Инаш ҳам дарди бахайр, Худо аз он рўз паноҳ бидиҳад, ки лоиҳаи пулакӣ шудани роҳҳои байнидеҳаву байникўчаҳо дар рустоҳо таҳия шавад. Аз қабл мегўям, ки агар чунин тарҳе  омода шавад, вакилони мўҳтарами мо бо ду даст онро ҷонибдорӣ мекунанд, зеро солҳои ахир дарк кардан душвор аст, ки онҳо намояндаи мардум дар парлумонанд ё якдилона қабулкунандаи лоиҳаи тамоми қонунҳо…

Ширкате, ки дар пулчинӣ рақиб надорад

IRS ширкатест, ки аз ҳар ташкилоти дигар бештар интиқод шунидааст. Аз фаъолияти он танҳо шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон истиқбол карда, пулакӣ шудани роҳҳоро талаботи замон номидааст. Шояд ба ҳамин хотир ахиран ширкат гурўҳи калони журналистонро ба "экаскурсия"-и роҳҳои пулакӣ бурд. Аммо ҳеч кадоме аз рўзноманигорон ва инҷо низ бо истиснои шабакаи телевизиони давлатӣ IRS-ро васф накард.  
Вақте дар бораи эҳтимоли пулакӣ шудани роҳҳои пайвандгари пойтахт бо ҷануб ва шарқи мамлакат сўҳбат мешуд, як намояндаи ширкати IRS гуфт, ки чаро танҳо фикр мекунед, масъули пулчинии он роҳҳо низ IRS мешавад? Шояд ширкати дигаре чунин масъулиятро бар ўҳда мегирад?
Аммо ба фикри шумо дар ҳоли ҳозир IRS рақибе дорад? Оё чӣ ширкати дигаре метавонад дар ҷанубу шарқ дарвозаи пулчинӣ бисозад? Гузашта аз ин оё бузургтар аз муассиси IRS нафаре ҳаст, ки ширкатеро дар минтақаи оффшори ҷазираҳои Вирҷиния сабти ном кунад? Ба эҳтимоли зиёд не.
Зеро бисёре аз соҳибназаронро ин нукта дар ҳоли ҳайрат гузоштааст, ки чаро ҳукумат худ масъули пулчинӣ аз роҳи беалтернатива нашуд ва онро ба ширкати дар хориҷсабтшудае таслим кард? Шояд имруз фурсате расида, ки ба ин суол посухи муносибе дода шавад. Беш аз ин дар ҳолати имрўза, ки беқурбшавии пул ва болоравии нархҳо  бахусус нархи сўзишворӣ вазъи иҷтимоиро ногувор намудааст, ин "тўҳфа"-и IRS оё ба манфиати ҳукумат аст? Шумо чӣ мегўед?

Абдулазизи Восеъ

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)