Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:19

50 ҳунарманди хитойӣ дар Душанбе ва минтақаҳои Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард

23 июн 2011, 09:40

Ҳунармандони чинӣ ба Душанбе ташриф оварданд.


Тавре ба «Озодагон» дар вазорати фарҳанг гуфтанд, як гурӯҳи бузурги  бадеии суруд ва рақси давлати мардумии Хитой  иборат аз 50 нафар аз ноҳияи худмухтори Шинҷон-Уйғури ин кишвар, дар доираи ҷорабиниҳои бахшида ба 20-солагии истиқлолияти  Тоҷикистон ва ширкат дар маросимҳои фарҳангӣ  вориди ҷумҳурии мо шуданд.
Манбаъ афзуд, фардо меҳмонони чиноиро вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ба ҳузур хоҳад пазируфт. Пас аз мулоқот ҳунармандон дар маркази Конфутсий назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи консертии нахустинро баргузор менамоянд.  Рӯзҳои 25-26 июн ин гурӯҳ дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва 28 июн бо барномаи калони идонаи консертӣ дар майдони шаҳри Турсунзода ҳунарнамоӣ мекунанд.  Ба ҷуз ин, меҳмоноҳоро  чорабиниҳои  калони фарҳангӣ аз ҷониби вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳамчуини сайру гашти ҷойҳои таърихӣ, шиносоӣ бо меҳмоннавозии шаҳри Душанбе ва сафарҳои берун аз шаҳрӣ низ интизор аст. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!