Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:52

Рақиби Эмомалӣ Раҳмон кӣ аст?

18 май 2011, 11:34

Интихоботи Сино нишон дод, ки намояндагони ҲХДТ рақиб надоранд Аввалин интихоботи миёндавраӣ барои пур кардани як ҷои холишуда дар парлумон анҷом ёфт. Он кадом сенсатсияеро дар пай надошт ва ҳамон гуна, ки аксари соҳибназарон ҳадс мезаданд, ба поин расид.

Курсии Шермуҳаммади Шоҳиён дар палатаи поёнии Маҷлиси Олӣ, ки баъди ба маснади раиси КМИРТ таъин шуданаш холӣ монд, "бегона" нашуд. Онро ҳамҳизби Шоҳиён- Амирқул Азимов, собиқ котиби Шўрои амнияти Тоҷикистон соҳибӣ кард. Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ дар интихоботи рўзи 15-уми май дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе Амирқул Азимов бо касби беш аз 62 дар сади райъ барранда шудааст. Журналист Толибшоҳи Саидзода,  ки номзади мустақил буд, наздик ба 17 фисади овозҳоро ба худ ихтисос дода, Сафарбек Манонов ҳудуди 10 ва Музаффар Мирзоев 7,5 фоиз овоз гирифтаанд.

Саидзода: Интихобот баргузорнашуда буд

Толибшоҳи Сайидзода баъди эълони натоиҷи интихоботи миёндавраӣ бо ишора ба қонуншиканиҳои зиёд ба ҳангоми овоздиҳӣ онро ношаффоф, ғайримунсифона ва беадолатона унвон кард. Зимни нишасти хабарие муддаии нокомшудаи курсии парлумон навореро ба тамошо гузошт, ки дар он як бону якбора чанд варақаи овоздиҳиро ба қутӣ меандозад. Ба гуфтаи Сайидзода оморе, ки ситоди интихоботии вай дар ихтиёр дорад, нишон медиҳад, ки дар ҳавзаи Сино камтар аз си дар сади мардуми ҳақи райъдошта иштирок кардаанд. Тибқи қонунгузорӣ агар дар интихобот аз 50 фисад камтари мардум барои овоздиҳӣ биёянд, онро баргузорнашуда эълон мекунанд.

Аммо мақомот мегўянд, дар интихоботи рўзи якшанбе бештар аз 80 дар сади мардум ширкат намудаанд. Рақиби аслии Толибшоҳи Сайидзода Амирқул Азимов бо эҳтимоли зиёд дар парлумон вазифаи раиси Кумитаи МН МО оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амниятро бар ўҳда хоҳад гирифт. Соҳибназарон мегўянд, ин курсӣ ўро аз кай боз интизорӣ мекашид.

Қаблан, интихоботи миёндавраии Синоро дар матбуот "имтиҳони Шоҳиён" ном бурда буданд, зеро пас аз интихоб шуданаш ба сифати раиси КМИРТ ин аввалин овоздиҳӣ буд. Собиқ вакили парлумон баъди ба курсии нав нишастанаш ваъдаи шаффофияти интихоботҳоро дод, аммо бархе аз коршиносон мегўянд, ки интизориҳои мардум аз Шоҳиён бароварда нашуд ва ў аз "имтиҳон" нагузашт.

Зимнан, соҳибназарон муътақиданд, ки интихоботҳои Тоҷикистон "имтиҳон"-и дигаре барои дар қолаби тақалуб шакл гирифтани бахши зиёии кишвар ба вижа омўзгорон шудааст. "Муаллимон маоши паст мегиранд. Бар илова дар арафаи интихобот тамоми масъулияти ташкилӣ бар души онҳо вогузор мешавад. Аз ҳама аламовараш он аст, ки баъзе нафарон муаллимонро маҷбур мекунанд, ки ба қонуншиканӣ роҳ диҳанд",-мегўяд як нафаре, ки 15-уми май дар яке аз участкаҳои интихоботӣ масъулияти нозириро бар дўш дошт. Ба қавли вай теъдоди онҳое, ки ба овоздиҳӣ омаданд ба шумораи варақаҳои интихоботӣ, ки баъди анҷоми райъдиҳӣ шумурда шуд, аз замин то осмон фарқ мекард. "Интихобкунандаҳо кам омаданд, аммо протоколҳо тамоман чизи дигар мегуфтанд".

Бо вуҷуди шикояти ситоди интихоботии Толибшоҳи Сайидзода аз тақалубкориҳо ҳангоми баргузории интихобот Амирқул Азимов ба парлумон рафт. Аз он ки ду номзади дигар хомўшанд, хулоса мешавад, ки онҳоро натиҷаҳои овоздиҳӣ қаноатманд кардааст.

Президент рақиб надорад?

Баъди интихоботи парлумонӣ дар 27 феврали соли 2010 аввалин интихоботи миёндавраӣ ҳам гузашт. Ба эҳтимоли зиёд то панҷ соли дигар теъдоди чунин овоздиҳиҳо меафзояд, зеро боз чанд вакили дигарро вазифаҳои наве дар ҳукумат мунтазир хоҳад буд. Ҳоло пешгўӣ кардан душвор аст, ки дар интихоботи миёндавраии навбатӣ дар баробари номзади ҲХДТ, ки ҳизби ҳокимаш меноманд, кӣ муддаии курсии МН МО мешавад. Дар ҳоле, ки гуфтанд Шермуҳаммади Шоҳиён аз "имтиҳон" нагузашт. Аммо ба эҳтимоли қавӣ шояд кадом журналистро дар қатори номзадҳо набинем, ҳади аққал то интихоботи парлумонии навбатӣ дар соли 2015 ё шояд то соли 2013? Воқеан, набояд фаромўш кард, ки то интихоботи парлумонӣ моро маъракаи дигари муҳим, интихоботи президентӣ дар пеш аст. Интихоботи миёндавраии ҳавзаи Синои Душанбе бошад, моро то расидан ба он 23 моҳ наздиктар бурд.

Ба пешгўии бархе коршиносон интихоботи навбатии президентӣ бе рақобат хоҳад буд. Эмомалӣ Раҳмон шояд номзади ягона бошад.

Лидерони аҳзоби сиёсӣ мегўянд, ҳоло тасмими ниҳоӣ дар мавриди пешниҳоди номзад ба курсии раёсатҷумҳуриро нагирифтаанд. Кабирӣ ва Зоиров, ду нафар аз раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, ки онҳоро рақибони аслии ҲХДТ мешиносанд, ҳарчанд мавқеи расмии худро рўшан накарданд, аммо аз гуфтугўҳояшон маълум, ки барои курсии президентӣ талош намекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ, ҳанўз чанд моҳ қабл зимни мулоқоте бо ҷавонон гуфта буд, ки дар шароити кунунӣ раҳбарони ташкилотҳои сиёсии динии ҷаҳон бояд аз пешбарӣ кардани номзадҳояшон ба маснади раҳбари кишвар худдорӣ варзанд. Аз ин гуфтаи Кабирӣ мешавад хулоса кард, ки ҲНИТ дар интихоботи президентӣ танҳо ба сифати интихобкунанда ширкат хоҳад кард. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ ҳам дар мусоҳибаи ихтисосие бо "Озодагон" гуфта буд, ки дар интихоботи президентии соли 2013 ширкат мекунанд, аммо алъон маълум нест, ки номзад пешниҳод хоҳанд кард ё хайр. Аммо коршиносон бо ишора ба натиҷаҳои интихоботҳои парлумонӣ, ки намояндагони ин ҳизб ноком шуданд, мегўянд, сотсиал-демократҳо муддаии курси раёсатҷумҳур нахоҳанд шуд. ҲДТ-ву ҲСТ алъон нуқтаи назари худро иброз накардаанд. Хомўшии Ҳизби аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ масали "даҳони пўшида сад тилло"-ро ба хотир меорад. Коршиносон мегўянд, ба эҳтимоли зиёд ин ду ҳизб номзади пешниҳодкардаи ҲХДТ-ро дудаста ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Аз шахсиятҳои алоҳида ҳам то кунун касе эълон накарда, ки даъвои президент шуданро дорад. Замоне миш-мишҳое баланд шуданд, ки Ҷўрабек Охонов, раҳбари зиндонии ширкати "Мовароуннаҳр" даъвои курсии президентиро дорад, аммо баъдтар маълум шуд, ки ин овозаҳо асос надоранд. Ахиран расонаҳо навиштанд, ки Охонов эълон кардааст, қасди таъсиси як ҳизбро дорад. То куҷо орзўҳои Охонов бароварда мешаванд, вақт нишон медиҳад.

Аз миёни сиёсатмадорон ва мансабдорони дигар низ касе нагуфтааст, ки президент шуданист. Сўҳроб Шарипов, раиси маркази тадқиқоти стратегии назди президент дар нишасти ахири хабарии ниҳодаш дар посух ба суоли "дар интихоботи президентии соли 2013 номзад хоҳед буд?", ҷавоб дод, ки вай дар замони президентии Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурге ноил шудааст ва аз номзадии ў ҳамеша ҷонибдорӣ хоҳад кард.

Бо ин ҳол коршиносон мегўянд, дар интихоботи президентии соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон рақиб наҳоҳад дошт. Ба пешгўии онҳо шояд нафароне ҳам ба сифати муддаии курсии раёсатҷумҳур сабти ном шаванд, аммо афроди дар ҷомеа ношинохтае хоҳанд буд, ки танҳо бо мақсади дар корзори интихоботӣ танҳо набудани Раҳмон номзад хоҳанд шуд.

Абдулазизи ВОСЕЪ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!