Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 июл 2017, 13:31

Тими яккачини велосипедронони Душанбе дар «Рӯзи Ваҳдат» муайян мешавад

23 июн 2011, 09:56

Баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ба истиқболи «Рӯзи Ваҳдат» дар Тоҷикистон идома дорад.


Шафкат Сайидов, сухангӯи мири шаҳри Душанбе дар робита ба ин ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, рӯзи 27-уми июни соли равон ба хотири таҷлил аз «Рӯзи Ваҳдат» ва 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқаи варзишии веломарафон дар масофаи 30 км баргузор мегардад. Бино ба қавли ӯ, ин чорабинӣ бо мақсади рушди варзиши намуди велосипедронӣ сурат гирифта, ҳамзамон дастаи мунтахаби велосипедронони шаҳр интихоб мешавад.
Алоқамандону дӯстдорони ин намуди варзиш метавонанд, барои ширкат дар мусобиқа ба раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва ё сохторҳои ноҳиявии ин ниҳод, бо телефонҳои 221-72-83,  918-77-11-41,  95-169- 49-72,  95-137-05-35,  95 -137 - 05-36, 93- 807- 78 -99 тамос бигиранд.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!