Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:36

Ҳукуматҳое, ки аз журналистон заифтаранд

25 июн 2011, 08:49

Вақте журналистонро мезананд ё мекушанд, ки дар баробари фаъолиятҳои онҳо ночор мемонанд.


Мо  вақте  аз Душанбе ба с а мти Рига бо қасди Вилнюс сафар доштем, ҳанўз намедонистем, ки дар ин маҳфил «қаҳрамони асосӣ» хоҳем буд. Вале ин «қаҳрамонӣ» аз пойтахти Тоҷикистон, ани қтараш аз ҳамон «мавзўи наву кўҳна» - фурӯдгоҳи Душанбе оғоз ёфт…


Баҳсе, ки арзиши 120 евро дошт

Субҳи 5 –уми июн, ҳангоми аз аввалин нуқтаҳои саҷиши ҳуҷҷатҳо дар фурӯдгоҳи Душанбе гузар карданамон, аз хидмагузориву муносибати хуби кормандони он лаб ба таъриф бурдам. Ҳамроҳи дигарамон сардабири нашрияи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода хеле рамзнок пурсид:
- Фикр надорӣ, ки дар таъриф каме шитоб мекунӣ?
Бо ишораи китфон «намедонам» посух додам.  Ба ҳақиқат доштани суханони Сайфуллозода замоне рў ба рў шудем, ки назди нуқтаи бағоҷсупорӣ қарор гирифтем.
- Бояд барои бағоҷи ҳар кадоматон 30 евро пардохт кунед, - мегуфт нафаре, ки дар ин нуқта меистод.
Чун масъули ин сафари мо намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (ОБСЕ)  дар Душанбе буд, кормандонаш, ки моро ҳамроҳӣ мекарданд, аз ин ҳолат дар ташвиш афтоданд. Мегуфтанд имкон надорад, ки вақти хариди билет ин масъала ҳалли худро наёфта бошад. Аммо азбаски билетҳоямон электронӣ буданд,  барои мо маълум кардани ин мушкил буд. Корманди нуқтаи бағоҷгирӣ бошад беист моро «метарсонд»: агар дар  ин ҷо пардохт накунед, дар Рига аз шумо 60 евро хоҳанд ситонд!
Дар соати 4 –и субҳ ба касе занг задану асли масъаларо фаҳмидан барои кормандони ОБСЕ имкон надошт. Онҳо мепурсиданд, ки масъала кадом роҳи ҳалле дорад. Кормандони фурӯдгоҳ гуфтанд, ки агар боратон аз 8 кило кам аст, онро метавон чун бағоҷи дастӣ бурд. Хеле саргардонӣ ҳам шуд, чун баъзе ҷомадонҳоро ба якдигар каму зиёд мекарданд ва бархеи дигарро барои бори дастӣ намудан омода менамуданд (воқеан ин амал 10 сомонии дигар арзиш дорад, ки яке аз ҳамроҳонамон ҳамин қадар маблағ ба қавле «сўхт»).
Дар ин миён чандин нафари дигар ҳам, аз ҷумла нафарони зиёди хориҷӣ бо ҳамин баҳс гирифтор буданд.  Хулоса саргардонии зиёд. Албатта ҳар мусофир медонист, ки ин талаботи ҷониби Латвия аст ва бинобар ин баҳс дар ин масъала беҳуда низ ҳисоб меёбад. Танҳо гила аз он мекарданд, ки чаро дар ин бора замони хариди билет барояшон ишора нанамуданд. Вале масъалаи мо дигар буд. Гап сари ин мерафт, ки мо намедонистем ҳангоми харидани билет пули бағоҷ пардохт шудааст ё не. Дархости мо ба масъулин дар бораи маълум кардани ин ҳолат сарфи назар мешуд ва ахиран боиси ҷанҷол ҳам гардид. Як нафар, ки на тоҷикӣ сўҳбат карда метавонисту на бо забони дигари барои мо фаҳмо, намехост худро муаррифӣ кунад, чӣ расад ба ҳалли масъала .
Аммо ин ҷанҷоли мо самар дод. Нафари дигаре пайдо шуд ва хабар дод, ки онҳо рўйхат доранду дар он исми мусофирони пардохткардаи ин боҷ навишта шудааст. Дар ин рўйхат номи мо ҳам будааст. Ин ки кормандони фурудгоҳ барои чунин ҳолат аз мо бахшиш ҳам напурсиданд, як масъала аст. Аммо саволи асосӣ ин аст: оё бо «фаромўш» кардани рўйхати мазкур инҳо чӣ ҳадаф доштанд? Ҳамту… пул кор кардан?
Мо ба ин суол ҷавоб наёфтем. Шояд эшон посухи тайёр доранд?


«Муносибат» бо журналистон дар Тоҷикистон «малеҳтар» мешавад

Литва, ки сар аз ибтидои соли равон раҳбарии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро ба ўҳда гирифтааст, пас аз «раҳо» шудани он аз дасти  Қазоқистон, ОБСЕ-ро  гўё «тармим» -и ҷиддӣ карданист. Зеро замони раҳбарии Остонаро номуваффақ, ҳатто шармандагӣ низ ном мебаранд. Зимнан чанде пеш аз сафари мо вазири корҳои хориҷаи Литва, ки ҳамзамон раисии ОБСЕ-ро ба ўҳда дорад, ба Тоҷикистон сафари корӣ дошт ва дар назди раҳбарияи кишвар масъалагузориҳои ҷиддӣ низ анҷом дод. Бовуҷуд, раҳбарияти аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки бо ў мулоқот доштанд, мегуфтанд дар гуфтору мулоҳизаронии вазири литвонӣ тафовути кам аз қазоқҳо дидаанд. Бо ҳамин, мо бо рўҳияву бардошти мухталиф вориди Литва шудем.   
Мавзўи интихобии конфронс низ хеле муҳим буд - «Амнияти журналистон дар кишварҳои минтақаи САҲА». Мушаххасан ҳарф аз ҳолатҳои зиёди кушта шудан ва латукўбу сўйиқасд ба ҷони журналистон дар ҷаҳон, хоса дар кишварҳои узви ОБСЕ мерафт. Дар нишасти мазкур ҳайатҳои пурнуфузе аз созмонҳои байналмилалӣ, хабарнигорону ҳуқуқшиносон ва намояндагони ҳукуматҳо ҳузур доштанд.
Эҳтимолан ин аввалин нишасте буд, ки ОБСЕ дар он махсус мавзўи куштору латукўби журналистонро баррасӣ мекард. Гуфта шуд аз соли 1992 ба ин сў дар ҷаҳон 546 журналист кушта шудааст. Аз хотир набароред, ки аз ин шумора беш аз 80 нафараш журналистони тоҷиканд. Муовини ёвари котиби давлатии ИМА, директории Бюро вобаста ба демократия, ҳуқуқи инсон ва масоили марбут ба меҳнат Томас Мелиа зимни суханронии худ гуфт аз ҳолатҳои зиёди куштор ва сўйиқасд ба ҷони журналистон метавон хулоса кард, ки ҳукуматҳо ба ҷои ҳалли мушкилоти мавриди баррасии журналистон нигорандагони ахборро мушкили аслӣ ҳисобида, онҳоро аз байн бурдан мехоҳанд. «Қонунҳои маҳдудкунанда ва тадбирҳои маъмурии ҳукуматҳо боиси коҳиш ёфтани озоди баён гашта, ҳатто ба воситаи баъзе нафарони алоҳида ҳукуматҳо журналистонро тарсонидан мехоҳанд» гуфт ў ва бо ҳамин ишора кард, ки дар аксари ҳолатҳои куштору латукўби журналистон мақомоти ҳукумат даст доранд. Аз ҳамин хотир дар бисёри ҳолат ин ҷинояткорон ошкорнашуда ва бо ҳамин беҷазо мемонанд. Аз ҷумла аз 3 кишвари минтақаи ОБСЕ – Русия, Тоҷикистон ва Туркия мисол оварда шуд, ки дар байни 20 кишвари ҷаҳон таҳқиқоти ҷинояти муқобили журналистонро ба анҷом нарасонидаанду боиси бидуни ҷазо мондани ҷинояткорон шудаанд.
Гуфтем, ки аз миқдори зиёди журналисти кушташуда дар ҷаҳон 80 нафари онҳо ба Тоҷикистон рост меояд. Бо имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 гўё даври аввали «муносибат» бо журналистон ба охир расид. Агар пас аз ин, кушта шудани Отахон Латифиро, ки узви Комиссияи оштии миллӣ буд, сарфи назар кунем.
Пас аз ин даври дигар фаро расид: латукўб!
Ва ин ҳам пас аз каме фаъол шудани журналистону расонаҳои хабарӣ. Агар аз хотири касе рафтааст, ба ёдаш меорам, ки дар байни шаш моҳи соли 2004 ду маротиба ба ҷони муаллифи ин сатрҳо сўйиқасд анҷом гирифт, аммо ҷинояткорон то ҳанўз дарёт нашудаанд. Дар ҳоле, ки то ҳол мешунавем ҷинояти солҳои ҷанги шаҳрвандиро мақомот дарёфту муҷозот мекунанд.
Ҳамчунин чанде пеш сардабири нашрияи «Наҷот»  Ҳикматулло Сайфуллозода  мавриди латукўби афроди номаълум қарор гирифту то имрўз дарёфти онҳо ба мақомот муяссар нашудааст.
Марҳалаи сеюми «муносибот» бо журналистон дар Тоҷикистонро метавон мурофиаҳои зиёди судӣ бо хабарнигорон номид, ки вақтҳои охир ба назар мерасад. «Яъне метавон хулоса кард, ки дар кишвари мо муносибат бо журналистон «малеҳтар» мешавад. Аввал мекуштанд, баъд марҳалаи латукўб ва инак мурофиаҳои судӣ» гуфта шуд дар конфронси Вилнюс бо шўхии хеле дар худ оҳанги ҷиддидошта.


«Синдроми озарӣ» боз ба мо сироят мекунад?

Аз аксари кишварҳои узви ОБСЕ дар нишасти Литва ҳамчунин намояндагони ҳукумати худро фиристода буданд. Дар ҳоле, ки журналистон ва ҳуқуқшиносон аз мушкилоти зиёди худ ҳарф мезаданд, мақомоти ҳукумат кўшиш мекарданд бо далоили дигар аз худ дифоъ кунанд. Аммо курсии намояндагони Тоҷикистон то охир холӣ боқӣ монд. Шояд ҳама гирифтори сафари президент Раҳмон ба Аврупо  буданд, ки иттифоқан ба ҳамон рўзҳо мувофиқ меомад.
Намояндагони ҳукумати Озарбойҷон бо паҳн кардани варақаи тарғиботӣ бисёр мехостанд аз худ ба унвони як кишвари «дўст» бо журналистон муаррифӣ шаванд. Воқеан, вақте ин варақаро ҳар касе мехонд, бисёр зуд метавонист бовар кунад, ки чӣ гуна дар ин кишвар фаъолиятҳои мусбат ҷо доранд. Рўзномаҳоро тақрибан сабти ном намекунанд, чопхонаҳои зиёд, дастгирии молиявӣ ба нашрияҳои мустақил аз ҷониби маблағҳои буҷа, бахшидани қарзи нашрияҳо дар чопхонаи давлатӣ ва дигару дигарон. Шояд иштирокдорони нишасти Вилнюс низ то замони суханронии намояндаи як созмони журналистӣ зери эҳсоси романтикӣ қарор доштанд. Аммо ин намояндаи созмонҳои журналистӣ дар бораи ҳолатҳое гуфт, ки ҳама зери шок монданд. Масалан ин ки журналистеро бо иттиҳоми ночизе ба зиндон меандозанд ва вақте Суди аврупоӣ ҳукми суди озариро ботил медонаду раҳоии журналистро талаб мекунад, банохост дар камераи ин маҳбус маводи мухаддир «пайдо мешавад». Акнун Бокуи расмӣ ба изҳороти зиёди Иттиҳоди Аврупо мегуфт, онҳо журналистро бо иттиҳоми пешин раҳо кардан мехостанд, вале ў «ҷинояти» нав содир кард.
Ё ҳолати дигар. Дар муносибат бо як журналисти интиқодгар мақомот ҳич роҳи дигар намеёбанд ва маҷбур мешаванд ба ҳаёти шахсиаш дахл кунанд. Яъне муносибати маҳрамонаи ўро бо кадом хонуме сабт мекунанду тариқи шабакаи давлатии телевизион як рўз пеш эълон менамоянд: дар бораи журналисти машҳур (ному насабаш оварда мешавад) як барномаи вижа таҳия кардаанд, аммо бо сабабҳои ахлоқӣ аз пешниҳоди он худдорӣ мекунанд.
Музокиракунандаи озарӣ дар нишаст гуфт, ки мақомот ҳамон шаб бо ин журналист дар тамос мешаванду талаб пеш мегузоранд: дар сурати аз фаъолият даст кашидани ў мақомот ин наворро ба тамошобинон пешкаш намекунанд. Вале чун посухи рад мегиранд, бегоҳи рўзи дигар дар вақти аз ҳама сертамошои ин шабака «навори аз доираи ахлоқ берун» ба намоиш гузошта мешавад.
Акнун намояндаи дастгоҳи иҷроияи президенти Озарбойҷон, ки умеди таъриф аз ин конфронсро дошт, намедонист ба саволҳои зиёди мардум чӣ посух бидиҳад…
Вақте ҳарфҳои намояндаи созмони журналисии Озарбойҷонро мешунидем, мо гуфтем, ки хайрият дар Тоҷикистон вазъ то чунин ҳолатҳои ноҷо нарасидааст. Дуруст аст, ки то ин замон як вазири тоҷик журналистонро «ҳамкори террористон» номид, аммо то ин ҳад «чап» гирифтан то он рўз ҷо надошт.
Аъзои фаъоли Ҳизбуттаҳрир будани журналисти тоҷик ва сару садои зиёд ба по хезондани ин қазия низ «ҳосили» ҳафтаи гузашта буд, на то нишасти Литва.
Пас журналисти тоҷикро боз кадом «марҳала» интизор аст?
Суоли матраҳ аст, бовар кунед…


«Исбот кун, ки шутур нестӣ»

Зимни суханронии кўтоҳи банда дар ин нишаст ба ду нуқтаи калидӣ ишора кардам. Аввалан бояд задану куштану тарсондани журналистонро хоси ҳукуматҳое донист, ки дар онҳо ҷомеаи журналистӣ аз ниҳодҳои ҳукуматӣ қавитаранд. Аз ҳамин хотир, чун намояндагони расонаҳо аз ҳукумат пешгомтару касбитар ба назар мерасанд, ҳукуматҳо илоҷи ягонаро дар фишор ба онҳо мебинанд. «Баъдан ба латукўб намудани журналистону беҷазо мондани ҷинояткорон  на танҳо ба сифати мавзўи ҳуқуқиву сиёсӣ бархўрд кард, балки паҳлўи ахлоқии онро низ бояд дид. Бубинед, дар аксари мавридҳое, ки журналистон латукўб мешаванду ҷинояткорон дарёфт намегарданд, дар ин баробар аз ҷониби нерўҳои манфиатдор сару садо ва овозаҳои бардурўғ низ паҳн карда мешаванд. Дар Тоҷикистон, масалан, ҳарду ҳолати латукўби журналистон ҳамин гуна буд. Ҳам пас аз сўйиқаксд ба ҷони ман ва ҳам ҷаноби Сайфуллозода овозаҳои беасосе паҳн карданд. Тавре русҳо мегўянд «акнун исбот кун, ки ту шутур нестӣ». Яъне дар баробари ранҷу озоре, ки аз ҳисоби латукўб журналистон мебинанд, ҳамчунин ба гирифториҳои равонӣ низ водор мешаванд. Ин ҳам дар ҳоле, ки мақомот намехоҳанд ҷинояткоронро дарёбанду муҷозот кунанд. Дар мисоли Тоҷикистон ман дарк кардам, ки мақомот назар ба он изҳороту гумагўиҳои якдафъаинае, ки созмонҳои ватаниву хориҷӣ оид ба ин ё он масъала мекунанд, натиҷаи рейтингу рўйхатҳоро бадардтар қабул мекунанд. Масалан, барои мақомоти тоҷик бисёр бад мерасад, вақте онҳоро дар рейтинги «кишварҳои ноустувор», «авторитариву диктаторӣ» мегузоранд. Пас пешниҳоде дорам, ки агар мо воқеан ҳам мехоҳем вазъи кушоиши ҷинояткориҳо дар муқобили журналистонро коҳиш бидиҳем, як рейтинг бо номи рамзии «Ҳукуматдороне, ки намехоҳанд кушандагону латукўбгарони журналистонро пайдо кунанд» тартиб дода шавад. Номи ин ё он кишвар танҳо дар сурате аз ин рўйхат берун шавад, ки ҷинояткорон дарёфт гардад». Ин пешниҳод аз ҷониби иштирокдорон пазируфта шуд.
Ҳамчунин дар сўҳбатҳои инфиродии баъдӣ пешниҳоди дигаре ҳам аз ҷониби банда садо доду дастгирӣ ёфт: бояд як созмони ҷаҳонии журналистони латукўбшуда таъсис ёбад!
Зимнан бояд таъкид намуд, ки ба конфронси мазкур танҳо аз ҷониби Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки маҳз журналистони латукўбшударо фиристад ва ин интихоби  идораи ОБСЕ дар Душанбе мавриди таҳсини иштирокдорони конфронс қарор гирифт.


Хайр, Питери махуф!

Аз конфронси Литва бардошти дигаре низ доштем. Аниқтараш ин нишаст бардошти моро дар бораи он ки як фард дар Аврупо ва кишварҳое, ки демократия ва ҳуқуқи инсон дар он воқеист, худро ИНСОН мебинад, тақвият дод. Тамоми рўзҳое, ки дар Вилнюсу Рига будем, бо худ ҳич гоҳ ҳуҷҷате ҳам нагирифтем. Пулисе надидему ҷинояткореро ҳам.
Бо ҳамин гуна рўҳия ин кишварҳоро тарк кардему ба тайёраи самти Санкт – Петербург нишастем. Ва дар фурудгоҳи Пулково -1 худро боз шаҳрванди собиқ шўравии камҳуқуқ, агар беҳуқуқ нагўем, эҳсос кардем. «Тоҷикон танҳо аз Пулково ба Душанбе парвоз карда метавонанд, на Пулково -1» гуфтанд ба мо. Мо ба Пулково рафтем. Замони бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар Пулково ва таҷаммўи зиёди мардум аллакай ҳолати мусбати шуморо, бигзор садсола бошад, барҳам мезананд. Мо ҳоло намедонистем, ки барои чӣ танҳо дар самти парвози Қирғизистону Тоҷикистон аз ин фурўдгоҳ ин гуна тўдаи мардум ҷамъ мешавад. Вақте навбати мо расид, ҳамааш маълум шуд: аз ду нуқтае, ки бояд бақайдгирӣ мекарданд (№12 ва №13) танҳо яке кор мекард ва ду духтараки рус дар як ғурфа нишастаанд. Ҳуқуқшинос Шўҳрат Қудратов, ки дар ин сафар моро ҳамроҳӣ мекард, сабаб пурсид: барои чӣ ҳарду ғурфаҳо кор намекунанд?
Посух: Кори шумо чӣ?
- Охир, мардуми зиёд ҷамъ шудаанд ва то парвоз ҳамагӣ 15 дақиқа вақт мондааст, - боз ҳам сухани худро асоснок кард Шўҳрат.
Ин «тоҷики ҳуқуқдон» (гуфтаи хонуми рус) ба ходими фурўдгоҳ хуш наомаду ҳуҷҷатҳои Шўҳратро ба як тараф партофт:
- Шуморо ба қайд намегирам!
- Барои чӣ?
- Намехоҳам!
- Магар ту аз қонун болотарӣ?, - ба баҳс ҳамроҳ шудам ман ва гуфтам, ки пас ман ҳам ҳуҷҷатҳои худро барои аз қайд гузаштан намедиҳам.
Духтарак бо телефон ба милисаҳо занг зад ва дар фурсати кўтоҳ онҳо пайдо шуданд. Аммо чун донистанд, ки Шўҳрат як ҳуқуқшинос аст, намедонистанд бо ў чӣ гуна муносибат намоянд: охир ў гуноҳе надорад!
Намояндагони Тоҷикистон дар фурӯдгоҳ низ дар фурсати кўтоҳе пайдо шуданду ба асли масъала сарфаҳм рафтанд. Вале гапи на милисаҳои рус ва на намояндагони Тоҷикистон ба хонумони рус асар намекард: мо онҳоро ба қайд намегирем!
Ахиран милисаҳо ва намояндагони Тоҷикистон «муваффақ» шуданд, ки онҳоро мутақоид созанд. Мо ба дохили салон раҳ ёфтем. Аз пушти худ дидем, ки намояндаҳои Тоҷикистон дар фурӯдгоҳ то савор шудани мо ба самолёт меомаданд. Эҳсос мешуд, ки онҳо аз чизе тарс доранд. Шояд метарсиданд, ки моро ба «ягон балои нав» гирифтор накунанд. Эҳтимол чунин мисолҳо доштанд.
Дар зинаҳои самолёт бо рамз ба онҳо арзи сипос намудему гуфтем:
«Хайр, Питери махуф»!

Раҷаби Мирзо


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!